Санаи 4 ноябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ бахшида ба рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Чорабинии мазкурро Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Р.П. ифтитоҳ намуда, таъкид намуданд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсули андешаҳои миллии халқи кишвар буда, баҳри ҳифзи истиқлолият, аз оташи ҷанги хонаводасӯз озод намудани мамлакат, барқарор намудани ҳокимияти давлатӣ ва дубора ҷоннок намудани сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ, таъмини амният ва суботи ҷомеа, эҳё намудани арзишҳои фарҳангиву таърихии кишвар, мустаҳкам намудани заминаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳандӣ ва сиёсии кишвар қабул карда шудааст.
Зимни баромади худ Раиси Суди Олии иқтисодӣ ёдовар шуданд, ки 28 солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи тоза мебахшад.
Рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 барои мардуми тоҷик, санаи тақдирсози миллат мебошад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз бо роҳи райпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Ҳокимияти судӣ низ як шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ буда, бевосита дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақш ва мақоми хоса дошта боби ҳаштуми он яъне аз моддаҳои 84 то 92 ба ҳокимияти судӣ бахшида шуда, дар модаҳои зикршуда оид ба мақомотҳои ба амалбарорандаи адолати судӣ дар ҷумҳури инчунин оид ба самти фаъолият ва дахлнопазирии судҳо нигаронида шудааст. Бевосита дар моддаи 84 омадааст.
Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалиӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.
Дар чорабинии мазкур инчунин, судяи Суди Олии иқтисодӣ Муминзода Қ.Қ. ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ Неъматзода М. ва Назарова М. бо маърузаҳо баромад намуда, ҷабҳаҳои гуногуни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳлил намуданд.
Дар чорабинии мазкур таъкид гардид, ки Меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 ба стандартҳои байналмилалии ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, аз меъёрҳои Эъломияи ҳуқуқи башар сарчашма гирифтааст. Зеро дар моддаи якуми боби аввали Конститутсияи кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ муаррифӣ карда шудааст. Давлат ба тамоми табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасони ятиму бепарастор, оилаҳои камбизоат, пирони дастнигару бемор, маъюбон ва ғайраро зери парасторӣ ва ғамхории махсус гирифтааст.
Дар охир Раиси Суди Олии иқтисодӣ тамоми мардуми кишвари азизамонро ба муносибати 28 – умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон таҳниятҳо гуфта, ба ҳар як шаҳрванди ҷумҳурии зиндагонии осуда, хотири ҷамъ ва ба кишвари азизамон сулҳу субот ва оромии абадиро таманно намуданд.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ
Напечатать страницу




