Спитамен: Иштироки Раиси СОИ ҶТ муҳтарам Мирзозода Рустам дар ҷаласаи натиҷаҳои рушди хоҷагии халқи ноҳияи дар давоми нӯҳ моҳи соли 2022

Санаи 7 октябри соли 2022 дар ноҳияи Спитамен оид ба натиҷаҳои рушди хоҷагии халқи ноҳияи  дар давоми нӯҳ моҳи соли равон маҷлиси фаъолони ноҳия доир гардид.

Дар кори ҷаласа, ки бо иштироки раиси ноҳия Темурҷон Нӯмонзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҳир Толибзода баргузор гардид, намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, Раиси Суди олии иқтисодӣ муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад суханронӣ намуданд.

Инчунин, дар кори ҷаласа муовини якум ва муовинони Раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони кумитаи маҳаллаҳо, намояндагони муассисаҳои иҷтимоӣ ширкат карданд.

Доир ба нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нӯҳмоҳаи соли 2022 муовини Раиси ноҳия Дилрабо Раҳимӣ ҳисобот дод.

Иттилоъ дода шуд, ки дар нӯҳ моҳи соли 2022 нақшаи қисми даромади буҷети давлатии ноҳия ба маблағи 68 млн. 142 ҳазор сомонӣ муайян гардида, амалан 69 млн. 653 ҳазору 973 сомонӣ андозу даромадҳо ворид гардид, ки 102,2 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Гуфта шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар самти татбиқи ҳадафи чоруми стратегияи миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар пайваста кӯшиш намуд, ки баҳри расидан ба ин ҳадаф ва дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар давоми нӯҳ моҳи соли 2022 рушди соҳаи саноати ноҳия таъмин гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар маҷмуъ мувофиқи ноҳия ба маблағи 401 миллиону 778,8 ҳазор сомонӣ баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 542 ҳазор сомонӣ зиёд, ё ин ки ба 100,1 % баробар гардидааст.

Кишоварзони ноҳия баҳри расидан ба яке аз ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва бо мақсади беҳтар гардонидани таъминоти бозори дохилӣ ва берунӣ софдилона меҳнат намуда, дар нуҳ моҳи соли 2022 дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 346 миллиону 466,9 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 102,7 % маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 92 ҳазору 682 сомонӣ зиёд мебошад.

Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҳир Толибзода оид ба натиҷаҳои нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Спитамен ибрози назар намуда, таъкид дошт, ки дастовардҳои ноҳия маҳсули меҳнати содиқона ва ташаббусу ибтикороти фаъолон ва сокинони ноҳия аст.

Бо вазифагузориҳои Раиси ноҳия Темурҷон Нӯмонзода ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тақвият бахшидан ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҷаласа ба кори худ ҳусни анҷом бахшид.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу