Забони тоҷикӣ-забони ноёби таърихӣ

Нигаҳдории забон, яке аз нишонаҳои ватандӯстиву миллатдӯстӣ ба шумор рафта, фарҳангу ойини мардумро ғанӣ мегардонад.  Дар дунё бисёр забонҳо ҳастанд. Забонҳое буданд, ки аллакай вуҷуд надоранд. Аммо баъзе забонҳои дигар ҳастанд, ки аз давраи қадиммуллаём лаҳҷаи асосии худро нигоҳ доштанд, ки аз зумраи чунин забонҳо забони шево, ширин ва ноёби тоҷикӣ аст.

Забони тоҷикӣ ҳастии миллати тоҷик ва пойдориву бардавомии давлати тоҷик  маҳсуб меёбад. Имрӯз Xумҳурии азизамон Тоҷикистон чун давлати фарҳангбунёд ва тамаддунофар шинохта мешавад, ки дар ин ҷода мақоми забондониву забондории тоҷикӣ нақши ҳалкунанда дорад. Зеро аз саҳифаи таърих дидан мумкин аст,  забони дарии форсу тоҷик, забони мардуми олимартабаи ориёӣ буда, 6000 сол муқаддам дар сарзамини Осиёи Миёна пайдо гардидааст.   Ҳамчунин таърих аз он шаҳодат медиҳад, ки чандин миллатҳое буданд, ки барои несту нобуд сохтани забону давлати тоҷик бисер фитнаангезиву дасисаҳо карданд, лек хушбахтона ба мақсадашон нарасиданд. Набояд фаромуш сохт, ки забони дарии тоҷикӣ забони рақобатпазир аст. Чандин асрҳо чандин кас, аз ҷумла шоирону нависандагони забардаст, ба мисли Саъдию Ҳофиз, Рӯдакиву Сино, Шамси Табрезию Xаллоллидни Балхӣ ва дигарон бо ин забонии ноёб ва ширин ҳарф мегуфтанд ва шеър эҷод мекарданд. Чандин давлатҳои бузурги таърихӣ, забони дарии форсу тоҷикро чун забони давлатӣ истифода мебурданд, онҳо бо ин забон аркони давлатдориро идора менамуданд, ки ба мисоли чунин давлатҳо давлатҳои бузурги тоҷикон, Тоҳириён, Саффориён, Сомониён дохил мешаванд.

Бояд зикр кард, ки донистани забони модарӣ, ин ифтихори ватандорист, ҳар як фарди ватандӯстро мебояд ки бо забонии модарии худ сарбаландона ҳарф занад, забони модариашро муқаддас шуморад.  Халқи имрӯзаи тоҷикро зарур аст, ки ин забони бузургро барои густариши насли оянда нигоҳ дошта, онро чун забони мақбулу гуворо дастраси ҳамагон гардонанд.

Агар ба таърихи давраи соҳибистиқлолии кишвар назар афканем, он гоҳ мебинем, ки дар моддаи 2-и Конститутсияи Xумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст, ки  забони  давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Аммо бо вуҷуди тағйирёбии замона, аз  5 октябри соли 2009, таҳти №553 Rонуни Xумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Xумҳурии Тоҷикистон» қабул ва мавриди амал қарор гирифт, ки он вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян менамояд ва истифодаи онро дар Xумҳурии Тоҷикистон танзим мекунад.  Минбаъд ҳамасола 5 октябр рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад, ки он дар Rонуни Xумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рузҳои ид» пешбинӣ гардидааст.

Чи тавре ки ба мо маълум аст,  Rарори Ҳукумати Xумҳурии Тоҷикистон дар бораи Rоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобатии забони тоҷикӣ аз 30 июни соли 2021, № 268, бо замимаҳояш қабул гардид, ки дар замимаи 1-уми он худи Rоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва дар замимаи 2-юмаш бошад, Аломатҳои китобатии забони тоҷикӣ инъикос гардидаанд.

Барои баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ ва ба ҷомеаи навин мутобиқ гардонидани он бо шароити имрӯза, бо Rарори Ҳукумати Xумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020, № 647 дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 бо замимаҳояш қабул карда шуд. Дар замимаи 2-юми Rарори мазкур Нақшаи амалисозии Барномаи рушди забони давлатӣ  барои солҳои 2020-2030 ва дар замимаи 3-юми Rарор бошад, Нақшаи маблағгузории Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030   оварда шудаанд.  Дар банди 1-и Барномаи мазкур оварда шудааст, ки Барномаи рушди забони давлатӣ   (минбаъд Барнома) ҳадаф, вазифа, самтҳои асосӣ, усулҳои татбиқ ва натиҷаҳои ниҳоии амалисозии сиёсати давлатиро оид ба забон муайян менамояд. Инчунин дар банди 5-и Rарор оварда шудааст, ки барнома ҳамчун ҳуҷҷати дурнамо роҳҳои асосии ҳалли масъалаҳои муҳимро дар самти татбиқи забони давлатӣ муайян намуда, барои таҳия ва нашри фарҳангномаҳо, муҳовараҳо ва маводи таълимӣ мусоидат менамояд.

Аз ин лиҳоз мо ҷавононро зарур аст, ки қонунгузории Xумҳурии Тоҷикистон вобаста ба забонро донем, риоя намоем ва ифтихори забону давлату миллати худ бошем. Дар фарҷом аз забони устод Лоиқ Шералӣ гуфтаниам.

Агар сесад забон донӣ, фузун нест,

Ҳамарузе ба кор ояд забун нест.

Надонӣ гар забони давлати худ,

Пушаймонӣ надорад оқибат суд.

Ёрдамчии судяи Суди Олии  иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султонзода Ҷ.С.

Напечатать страницу Напечатать страницу