Шукри Истиқлоли давлату миллати тоҷик – Султонзода Ҷамшед ёрдамчии судя

Таърих гувоҳ аст, ки кишвари азизамон Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои навадуми асри гузашта, яъне 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии хешро ба даст овард.  Бояд зикр намуд, ки Истиқлолият ба мардуми шарифи тоҷик ба осонӣ муяссар нагардид. Тоҷикистони соҳибтамаддун дар як муддати кутоҳ аввал ба низои сиёсӣ, сипас ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд.  Мардуми кишвар дар чунин вазъияти ногувор ба таҳлука афтода, баъзе аз онҳо ба хориҷи кишвар фирор намуданд. Барои давлату миллатро аз ин фоҷиаи бузург озод намудан, роҳбари сиёсатмадору дурандеш лозим буд.

Аз саҳифаҳои таърих маълум аст, ки 16-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи навбатии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид,  ин сана, чун рӯзи муқаддаси таърихӣ дар вуҷуди ҳар шахси бофарҳангу ватандӯст боқӣ мемонад, зеро дар ҳамин рӯз, дар шаҳри бостонии Хуҷанд, дар Қасри Арбоб ин иҷлосияи тақдирсоз гузаронида шуда буд, ки он тақдири минбаъдаи сиёсиву иқтисодии давлати навтаъсиси соҳибистиқлолро ҳал намуд, аз ин лиҳоз Иҷлосияи мазкур ба худ номи Иҷлосияи «Тақдирсоз»-ро гирифт.  Дар ҳамон вақт, аз байни вакилон ва аъзоёни Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амри тақдир шахси барҷастае пайдо шуд, ки Тоҷикистонро бо талошҳои зиёд ва бо дастгирии мардум, дар давоми 5-6 соли душвори таърихӣ аз вартаи ҷанги мудҳиш бароварда, давра ба давра онро ба давлати мутараққӣ мубаддал гардонид. Албатта, ин шахс фарзанди барӯманди тоҷик, Президенти имрӯзаи кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд. Эмомалӣ Раҳмон на танҳо марди фозилу доно, балки як шахси мӯътабаре мебошад, ки ба мардуми тоҷик дубора роҳи саодатро кушод. Эътиқоди мардум ба роҳбари навинтихобшуда қавӣ гардид.

Маҳз дар натиҷаи талошҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишварамон ба давлати муттаҳид ва ягона  табдил ёфта, дар арсаи ҷаҳон чун давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ муаррифӣ гардидааст.

Маҳз натиҷаи ҳамин кушишу ғайрат мебошад, ки бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  санаи 11-уми сентябри соли 2001 ба фарзанди барӯманди тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои хизматҳои шоистаашон ба халқу ватан унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.

Ҳоло Тоҷикистони азизи мо дар байни зиёда аз 165 давлати дунё чун давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёр пазируфта шуда, бо 180 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ дошта,  ҳамчунин бо 130 мамлакат муносибатҳои тиҷоративу иқтисодиро ба роҳ мондааст.

Бигзор ҳамеша Тоҷикистон Ватани азизу муқаддас боқӣ монда,  мардуми он мардуми ватандору вадатандӯст бошанд.

Шукри Истиқлоли миллат мекунам,

Шукри ҷону шукри сарвар мекунам.

Шукри он дорам, ки ман дорам Ватан,

Шукри фардои мунаввар мекунам.

 

Ёрдамчии судяи Суди Олии  иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султонзода Ҷ.С.

Напечатать страницу Напечатать страницу