Гармии нури Ваҳдат таскинбахши қалбҳои мо – Атои Бахтиёр

Баъди чанд рӯз мардуми Тоҷикистон яке аз санаҳои таърихӣ – Иди Ваҳдати миллиро ҷашн мегиранд. Ваҳдат ба тоҷикон оромию осоиштагӣ ва муҳимтар аз ҳама, дар қалби онҳо умед ба ояндаи некро ба вуҷуд овард. Маҳз бо шарофати дастфишорӣ ва дасти ҳам гирифтани ҷонибҳои мухолиф имконият пайдо шуд, ки вазъи ҷомеа муътадил шавад. Ин ҳолат ба пешрафти тамоми бахшҳои хоҷагии халқи кишвар мусоидат намуда, боиси беҳбудии шароити зиндагии мардум гардид. Ваҳдату якдигарфаҳмии мардуми тоҷик, ҳамзамон боиси он шуд, ки шаъну эътибор ва мақому манзалати ҷумҳурии дар он давра тозаистиқлоли Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ боло равад. Маҳз ҳунари сулҳофарии миллати тоҷик то кунун мавриди омӯзиши ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст.

Бо шарофати имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, қувваҳои гуногуни сиёсӣ ба ҳам омаданд. Пояҳои давлатдорӣ ва истиқлолияти миллии тоҷикон таҳким ёфта, миллати сарбаланди тоҷик бо имони комил ва иродаи матин таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди давлати навин оѓоз кард. Воқеан, ин санади сарнавиштсоз аз хиради баланди мардуми тоҷик дарак дода, хавфи пароканда шудани Ватанамонро аз байн бурд.

Саҳми роҳбарияти давлат, хусусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расидан ба оштии миллӣ беназир аст. Сарвари давлат ин рӯзро ҳамчун санаи муборак ва тақдирсоз дониста, борҳо дар суханрониҳояшон изҳор намудаанд, ки «Халқи тоҷик аз азал соҳиби андеша ва ҳуввияти баланди милливу эҳсоси ватанпарастӣ буда, роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу созишро интихоб намудани он нишонаи барҷастаи хирад ва таҳаммулпазирии миллати куҳанбунёди мо мебошад».

Доир ба аҳамият ва нақши муҳими Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ падидаи нодир маҳсуб меёбад, муҳаққиқону муфассирон андешаҳои зиёд гуфтаанд, роҳбарони давлату созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ онро тавсиф кардаанд.

Боиси хурсандист, ки дар қатори намояндагони касбу кори гуногун хизматчиёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хусусан кормандони ҳокимияти судӣ низ дар расидан ба ин рӯйдоди таърихӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Дар ин роҳи ҳақ бисёре аз намояндагони мақомоти мазкур фидокориҳо нишон додаанд, ки хотираи неки онҳо дар қалбҳои мо абадан боқӣ мемонад.

27 июни соли 1997, баробари ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ормони чандинсолаи миллати тоҷик ба воқеият мубаддал гардид. Метавон аҳамияти Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии тоҷиконро баробар ба Эъломияи истиқлолияти ҷумҳурӣ донист. Агар яке барои миллати мо озодиву мустақилӣ оварда бошад, дигаре дар сарзамини аҷдодиамон сулҳу суботро пойдор сохт. Мавриди зикр аст, ки ин санаи хотирмон дар таърихи Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Ин рӯзест, ки хуршеди тобони сулҳ саросари Ватани аҷдодии моро мунаввар кард. Гармии нури Ваҳдат таскинбахши қалбҳои мо гардиду зиндагии ҳар шаҳрванди ҷумҳурии азизамонро меҳр бахшид. Мардуми тоҷик имрӯз хуб дарк намудааст, ки тинҷию оромӣ бо чӣ қадар ҷонбозиҳо ба даст омад. Ҳар пешравие, ки имрӯз ба назар мерасад, метавон сарчашмаи онро Ваҳдати миллӣ донист, ки баъди чанд рӯз ҷомеаи Тоҷикистон 25-солагии онро таҷлил менамояд.

Иди Ваҳдати миллӣ ва баҳамоиву ҳамдигарфаҳмии миллати тоҷик дар қатори ҷашну маросимҳои дигари миллӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Ваҳдат буд, ки мардумро сарҷамъ карду миллату давлати моро аз парокандагӣ нигоҳ дошт. Имрӯз насими форами сулҳу дӯстӣ дари кошонаҳои моро мекӯбад. Он бо фарорасии худ боз мардуми тоҷикро ба ҳам меораду дар фазои ҳамдигарфаҳмию озодӣ мо аз он таҷлил менамоем.

Ҳаёти имрӯза ба хубӣ нишон медиҳад, ки истиқрори сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар натиҷаи ҳамбастагии халқ ва фарзандони содиқи миллат ба даст омад.

Бинобар ин моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддас, яъне Ваҳдати миллиро пос дорем, ба қадри он бирасем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд.

Аз ин лиҳоз, бигзор Ваҳдати имсола барои мардуми тоҷик оѓози корҳои нек гардаду фазои сулҳу дӯстӣ дар сарзамини мо ҷовидона шавад.

Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

Ёрдамчии судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Бахтиёр Атоӣ

Напечатать страницу Напечатать страницу