ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – Ҷаборов Ҳикматулло

Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дар ёд доранд, ки давлати тозаистиқлололамон дар солҳои 1992 – 1997-уми асри гузашта ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шуда, тамоми соҳаҳои иқтисодии мамлакат фалаҷ гардид ва давлатро бӯҳрони амиқи сиёсӣ фаро гирифт. Чунин вазъи пурфоҷиа  хатари аз байн рафтани  давлат ва парокандагии миллатро пеш оварда буд.

Сабабҳои ба амал омадани ин ҷангро муайян кардаанд, ки мухтасар чунин мебошанд:

Якум: Сабабҳои иқтисодӣ. Дар ҷумҳурӣ нобаробар ҷойгиршавии корхонаҳои саноатӣ, яъне дар ноҳияҳои Шимол бештар ва дар ноҳияҳои Марказӣ ва Ҷанубӣ камтар ҷойгир шудани онҳо, боиси норозигии баъзе гурӯҳҳои ҷанубӣ гардида буд. Ҳарчанд бо амалӣ гардидани комплекси минтақавӣ – истеҳсолии Тоҷикистони Ҷанубӣ, махсусан сохтани НБО–ҳои Норак, Бойғозӣ, Заводи арзизи тоҷик ва ғайраҳо ислоҳ шуда бошад ҳам, вале ҳамоно норозигӣ ҳануз боқӣ монда буд;

Дуюм: Сабабҳои мансабпарастӣ ва маҳалгароӣ. Мо, тоҷикон, чуноне таъкид шуд, якдигарро аз рӯи маҳал, яъне бухороӣ, самарқандӣ, хуҷандӣ, кӯлобӣ, ҳисорӣ, ғармӣ, дарвозӣ ва ғайра фарқ мекунем. Мардуми туркзабон, аз ҷумла ӯзбекҳо бошанд, якдигарро аз рӯи қабила, яъне лақайҳо, қунғуротҳо, қарлуғҳо, барлосҳо, манғитҳо, мингҳо ва ғайра фарқ мекарданд. Бо ҳамин сабабҳо, дар байни мо тоҷикон маҳалгароӣ бештар эҳсос карда мешавад. Аз сабаби он, ки солҳои 40 – 80 – уми асри ХХ бештари роҳбарони баландмақоми ҷумҳурӣ аз Хуҷанд ё худ «шимол» буданд, омили мазкур боиси норозигии мансабхоҳони «ҷануб» мешуд. Дар натиҷаи сиёсати ошкорбаёнии горбачёвӣ нишонаҳои маҳалгароию мансабталошӣ бо ҳам омехта гардида, ба сари мардум рӯзҳои сахтро овард;

Сеюм: Сабабҳои муносибати Ҳокимияти Шӯравӣ нисбат ба дин. Бо  сабабҳои маълум руҳониён ҳеҷ гоҳ нисбат ба Давлати Шӯравӣ хайрхоҳ набуданд. Сиёсати Давлати Шӯравӣ ҳам нисбат ба дин чандон дуруст набуд. Ҳамин ки сиёсати горбачёвӣ ҷамъомаду гирдиҳамоиҳоро ба вуҷуд овард, фаъолони руҳониён пешвои ҳаракати зиддикоммунистӣ ва зиддишӯравӣ гардиданд;

Чаҳорум: Сабабҳои иҷтимоӣ. Сиёсати «худтаъминкунӣ» ва «худмаблағгузорӣ» – и Горбачёв, чуноне дар боло таъкид шуд, ба канда шудани алоқаи байни корхонаҳои саноатӣ ва аз кор бозмондани онҳо гардид. Дар натиҷа, дар ҷумҳурӣ рӯз аз рӯз сафи бекорон меафзуд. Чунин ҳолат вазъи иҷтимоии қисми зиёди аҳолиро бад кард. Ин қисми аҳолӣ сабабгорӣ бад шудани аҳволашонро дар сиёсати ҳукумати ҳамонвақта медиданд ва бинобар ин, ба муқобилашон бархестанд;

Панҷум: Сабабҳои сиёсӣ. Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб 70 сол дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ буд ва дар ин давра ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ (КПСС) ҳизби яккаҳукмрон ба ҳисоб мерафт. Ҳар гуна амри ин ҳизбро ҳизбҳои коммунистии ҷумҳуриҳои иттифоқӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳам, бе чуну чаро иҷро мекарданд. Онҳо ҳеҷ гоҳ мустақилона сиёсат набурдаанд. Бо ҳамин сабабҳо, дар лаҳзаҳои душвор Президенти ҳамонвақтаи ҷумҳурӣ Раҳмон Набиев сиёсати дурусти мустақили муттаҳидкунанда ва пешбарандаро муайян карда натавонист.

Хуллас, сабабҳои дар боло зикршуда боиси ҷанги шаҳрвандӣ  гардид.  Дар он лаҳзаҳои сангин ягона роҳу воситае, ки барои расидан ба сулҳу ваҳдат мусоидат мекард, ин ҳам ба ватан баргардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ буд. Дар соли 1993 теъдоди онҳо ба 800 ҳазор нафар расид, ки ба ватан баргардонидани онҳо кори осон набуд.

Дар натиҷаи ҷидду ҷаҳди ќқувваҳои пешқадам дар дохили ҷумҳурӣ ва берун аз он, санаи 27 июни соли 1997 дар ш. Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ќқабул гардид, ки зери он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари Иттиҳодияи неруҳои оппозитсионии тоҷик С.А. Нурӣ ва Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ Г.Д. Меррем имзо гузоштанд.

Хушбахтона, пас аз имзои ин созишнома зиндагии мардум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз то рӯз беҳтару хубтар гардида душвориҳо ва монеаҳо паси сар шуданд. Дар ҳақиқат, Ваҳдати миллӣ шукуфоии давлат аст. Дар баробари ба Ваҳдати миллӣ расидан дӯстию бародарӣ ва баробарӣ ҳукмфармо гардид, давлат гулгун шукуфт, иқтисодиёташ дучанд афзуда, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ рушд ёфт. Мо, аҳли ҷомеа ифтихор дорем ва шукургузор аз онем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз ба дастовардҳои беназир ва пешравиҳо ноил гардидааст.

Мутахассиси пешбари Раёсати коргузорӣ ва назорати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистони Ҷаборов Ҳикматулло

Напечатать страницу Напечатать страницу