Озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давалтӣ дар СОИ ҶТ баргузор гардид

Рӯзи 18 майи соли 2022 дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври якуми ва дуюми озмун барои довталабоне, ки дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ ҳуҷҷат супорида буданд, баргузор гардид

Тибқи Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ барои муайян кардани сатҳи дониш ва омодагии касбии довталабон санҷиши пешакӣ (навиштани кори хаттӣ) гузаронида шуд. Аз рӯи натиҷаи даври аввали озмун танҳо довталабоне  холи (баҳои) гузаришро ба даст оварда буданд ба сўҳбат иҷозат дода шуданд.

Қайд менамоем, ки ҷамъбасти озмун дар Ҷаласаи Комиссияи озмуни мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳогузорӣ шуда аз натиҷаи он иловатан хабар медиҳем.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу