Асрорзода З. – Сардори раёсати ташкили кори судҳо, ҷамъбасти амалияи судӣ ва баррасии муроҷиатҳои СОИ ҶТ. ҚОНУНГУЗОРӢ ВА РУШДИ СОҲАИ САНОАТ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

 

 

 

 

 

«Бинобар аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод менамоям, ки солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд».

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам

Эмомалӣ Раҳмон

 

Саноат дар рушди иҷтимоию иқтисодии ҷомеа нақши муайянкунандаро мебозад ва дараҷаи пешравии он инъикосгари сатҳи камолоти системаи иҷтимоию иқтисодии дар кишвар ташаккулёфта мебошад. Аз нигоҳи иқтисодӣ кишвари бе саноат ё дорои сатҳи пасти рушди саноат манбаи ашёи хоми кишварҳои аз ҷиҳати саноатӣ тараққикарда хоҳад буд.

Аз нигоҳи иҷтимоӣ бошад кишвари бе саноат ё дорои сатҳи пасти рушди саноат кишварест, ки дар он камбизоатӣ дар байни аҳолӣ, сатҳи пасти инкишофи шахсият, ақибмондагии тамоми соҳаҳои бахши иҷтимоӣ – маориф, тандурустӣ, фарҳанг, хоҷагии манзилӣ, дермонӣ ва ғайра бештар ҷой дорад. Чунин ҳолат аз он дарак медиҳад, ки саноат дар ташаккули даромадҳои буҷети давлатӣ нақши муайянкунанда дорад.

Ҳанўз Президенти мамлакат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози соли 2002 дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тазаккур дода буд, ки «Дар шароити Тоҷикистон бе мавҷудияти саноати тараққиёфта, таъмин намудани дараҷаи баланди зисти аҳолӣ, мустақилияти иқтисодӣ, амният ва ҳалли бомуваффақияти проблемаҳои иҷтимоӣ аз имкон берун аст», ин суханон ҷавҳари аслии сиёсати давлатамонро дар соҳаи саноат баръало нишон медиҳанд.

Мавриди қайд аст, ки яке аз пояҳои истиқлолияти давлатӣ ин рушди иқтисодиёт маҳсуб меёбад. Рушди иқтисодиёт бе саноат ғайриимкон аст. Заминаҳои саноати ҷумҳурӣ дар замони шуравӣ гузошта шудааст. Дар даҳсолаҳои охири мавҷудияти замони Шуравӣ Тоҷикистон ба яке аз ҷумҳуриҳои саноатӣ – аграрии Иттифоқ табдил ёфта буд. Бинобар ин, дар ин давра маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ҳиссаи маҳсулотҳои саноатӣ нисбат ба маҳсулотҳои кишоварзӣ хеле зиёд буд.

Ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997) ба фаъолияти саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши манфӣ гузошт. Корхонаҳои саноатии Тоҷикистон аз соли 1996 инҷониб аксар аз фаъолият бозмонданд. Соли 1997 истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбати соли 1990 32,3% кам шуд. Бояд зикр намуд, ки дар Тоҷикистон новобаста аз ҷанги шаҳрвандӣ ва муқовимати бардавоми сиёсӣ, бо саъю талоши ҳамешавгии Пешвои миллат марҳила ба марҳила соҳаи саноати фалаҷгардидаи мамлакат эҳё гардида, рушду нумўи навро касб намуд.

Баъд аз ба даст овардани Ваҳдати миллӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ибтидо аз солҳои 2000-ум ба бунёди саноати миллӣ ва барқарорсозии он шурўъ намуд. Дар ин самт якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқии махсус тасдиқ карда шуданд, ки амалӣ гардидани онҳо ба рушди саноати мамлакат заминаҳои воқеӣ гузоштанд.

Аз ҷумла, Консепсияи рушди саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.12.2003, №523); Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва саноати абрешим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2005 (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.09.2001, №426); Барномаи рушди саноати сабук дар ҶТ барои солҳои 2006-2015 (бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.10.2005, №422); Барномаи татбиқи дастовардҳои илмию техникӣ дар истеҳсолоти саноатии ҶТ барои солҳои 2010-2015 (бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.10.2009, №574) ва ғайра.

Ҳамзамон дар ин давра қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти иқтисодии корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо барои қонуншиканӣ дар соҳаи сохтмон ва саноати масолеҳ, конструксия ва маснуоти бинокорӣ» аз 15 майи соли 1997, №454 нақши муассир гузошт.

Қонуни мазкур масъулияти иқтисодии корхонаю муассиса ва ташкилотҳоро, сарфи назар аз мансубияти идоравӣ ва шакли моликияташон барои қонуншиканӣ дар соҳаи сохтмон ва саноати масолеҳ, конструксия ва маснуоти бинокорӣ муайян намуда, ба тақвияти назорати давлатӣ ба сифати сохтмон ва таъмини истифодаи боэътимоди биноҳо, иморат ва иншоот равона гардида буд. Қонуни мазкур аз 6 модда иборат буд ва бо қабул гардидани Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шуд.

Соҳаи саноат, ки қисми таркибӣ ва пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад, дар замони Шуравӣ дар доираи муносибатҳои кооператсияи байниҳамдигарии собиқ ҷумҳуриҳои иттиҳод фаъол буд. Тоҷикистон ҳамчун кишвари истеҳсол ва содиркунандаи ашёи хом металлҳои ранга, нодир, асил ва қиматбаҳо, ашёи хом ва нимтайёри саноати бофандагӣ ва маводи ғизоӣ, меваю сабзавотро барои коркарди минбаъда ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр ба корхонаҳои ҳамқаробати ҷумҳуриҳои ҳамсоя интиқол медод.

Ҳамин тавр бо барқарор гардидани соҳаҳои саноати кишвар ва бо мақсади таъмини бехатарӣ дар фаъолияти корхонаҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок» аз 28 феврали соли 2004, №14 қабул гардид. Қонуни мазкур аз 20 модда иборат буда, он асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии таъмини бехатарии объектҳои истеҳсолии хатарнокро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, ба ошкор кардан ва ҳифзу пешгирии садамаю ҳодисаҳои нохуши дар объекти истеҳсолии хатарнок рухдиҳанда равона шудааст.

Рушди саноати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бе фаъолияти сармоягузорӣ тасаввур намудан ғайриимкон аст. Бо ин мақсад аввалин маротиба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» аз 12 майи соли 2007, №260 қабул гардид, ки ба инкишофи соҳаҳои саноати мамлакат саҳми муайян гузоштааст. Қонуни мазкур муносибатҳои вобаста ба сармоягузорӣ, асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодии фаъолгардонӣ, ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии давлатии сармоягузориро бо роҳи пешниҳоди низоми ҳуқуқии одилона, баробар ва кафолати ҳимояи ҳуқуқи сармоягузорон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.

Мақсади Қонуни мазкур ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб кардан ва самарабахш истифода бурдани захираҳои моддӣ ва молиявӣ, техника ва технологияи муосир, таҷрибаи идоракунӣ, таъмини шароити мусоид барои фаъолияти сармоягузорӣ, инчунин шароити истифодаи озод, шаффофият, соҳибият ва ихтиёрдории сармоягузорӣ, риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва таҷрибаи байналмилалии ҳамкории сармоягузорӣ мебошад. Қонуни мазкур дар таҳрири нав аз 15 марти соли 2016, №1299 қабул гардид, ки ба рушди ин муносибатҳо дар соҳаи саноат мусоидат менамояд.

Дар натиҷаи гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ ва амалигардонии чораҳои зарурӣ дар самти рушд ва инкишофи саноати миллӣ, сол то сол нишондиҳандаҳои иқтисодии саноати Тоҷикистон беҳтар гардиданд. Солҳои 2010-2015 истеҳсолоти саноатӣ дараҷаи пешинаи худро барқарор намуда, соли 2015 ин нишондиҳанда ба 114,8% нисбат ба соли 1990 афзун гардид. Ба андешаи мо дар рушди саноати мамлакат дар соли 2015 ҷои асосиро «Барномаи рушди инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» ишғол менамояд.

Зеро ҳадафи ин санади меъёрии ҳуқуқиро пеш аз ҳама ташаккули низоми самарабахши инноватсионие ташкил медод, ки он ба баланд шудани сатҳи технологӣ ва рақобатпазирии истеҳсолот, ба бозори дохилӣ ва хориҷӣ ворид гардидани маҳсулоти инноватсионӣ, афзоиши маҳсулоти содиротӣ, суръатбахшии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ноил гардидан ба мақсадҳои миллии стратегӣ мусоидат намояд.

Мақсади дигари барнома ин созмон додани низоми миллии инноватсионие буд, ки он шароитро барои татбиқи самарабахши дастовардҳои илмию техникӣ ва технологӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии технологияҳо ва маҳсулоти инноватсионӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, маҳсулоти хом ва инвеститсионӣ, муваффақ шудан ба амнияти иқтисодӣ, энергетикӣ, озуқаворӣ ва экологӣ, ташаккули иқтисодиёти инноватсионӣ, афзоиши некўаҳволӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолиро таъмин намояд.

Мутобиқи банди 19 Барномаи мазкур иҷроиши он дар ду марҳила пешбинӣ гардида, дар банди 20 марҳилаи аввали он ишора шудааст, ки дар марҳилаи якум заминаи зарурӣ барои ба роҳ мондани фаъолияти инноватсионӣ омода карда мешавад: санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрии ҳуқуқӣ ҳамчун асоси фаъолияти инноватсионӣ таҳия ва қабул карда мешаванд; чораҳои иқтисодӣ ва ташкилӣ оид ба дастгирии фаъолияти инноватсионӣ қабул карда мешаванд; корҳо оид ба таъсиси инфрасохтори инноватсионӣ анҷом дода мешаванд; замина барои рушди минбаъдаи он гузошта мешавад, низоми тайёр кардани мутахассисон дар соҳаи инноватсия ташаккул дода мешавад, ҳамчунин як қатор чорабиниҳои дигар амалӣ карда мешаванд.

Дар ин замина бо мақсади рушди инноватсия дар саноати мамлакат дар марҳилаи аввали иҷроиши барномаи болозикр қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии фаъолияти инноватсионӣ» ва дар марҳилаи дуюм бошад дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба рушди инноватсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намояд, пешбинӣ гардида буд (боби 3 Барномаи мазкур).

Ҳамин тавр, дар таҷрибаи қонунгузории миллӣ нахустин маротиба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ» аз 16 апрели соли 2012, №822 қабул гардид. Қонуни мазкур аз 6 боб ва 22 модда иборат буда, он асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, шартҳои ташаккулёбӣ ва татбиқи сиёсати давлатии инноватсиониро муайян ва муносибатҳои ҷамъиятиро дар ин соҳа танзим менамояд.

Мақсади сиёсати давлатӣ дар соҳаи инноватсия аз баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва таъмини рақобатпазирии истеҳсолкунандагони ватанӣ дар асоси таҳия ва паҳн кардани дастовардҳои заминавиест, ки инноватсияро беҳтар гардонида, рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва ноилшавӣ ба ҳадафҳои миллии стратегиро таъмин менамояд, иборат аст.

Марҳилаи рушди қонунгузории саноати мамлакат махсусан аз давраи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» аз 30 майи соли 2017, №1415 шуруъ гардида, то ба ҳол дар ин замина як қатор барномаву консепсияҳо ва ҳатто қонунҳои дигари соҳавӣ низ қабул гардидаанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» аз 3 боб ва 18 модда иборат буда, мақсад, вазифа ва принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ, хусусият ва механизмҳои амалӣ намудани дастгирии давлатии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноатро муқаррар намуда, ба ташаккул ва устувор намудани иқтидори саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Мутобиқи муқаррароти Қонуни мазкур саноат ин соҳаи иқтисодиёти миллӣ аст, ки ба рушди қувваҳои истеҳсолкунанда таъсири ҳалкунанда мерасонад. Субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат бошад ин шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие мебошанд, ки фаъолиятро дар соҳаи саноат ба амал мебароранд.

Сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат ба принсипҳои зерин асос меёбад:

– волоияти қонун ва шаффофияти иттилоотӣ;

– бартарии шарикии давлат ва бахши хусусӣ;

– пешгўӣ, мониторинг, назорат, ҳамоҳангсозӣ, ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии фаъолият дар соҳаи саноат, азнавкунии саривақтии истеҳсолоти саноатӣ, вобастагии татбиқи чораҳои ҳавасмандгардонӣ ба ноил шудан ба нишондиҳандаҳои ҳадафӣ;

– мувофиқатии чораҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, илмӣ, молиявӣ, иттилоотӣ дар соҳаи саноат;

– ҳамгироӣ ва рақобатпазирии истеҳсолоти саноатӣ, тамоюл ба иҷрои фармоишҳои давлатӣ, таҳкими истеҳсолоти ивазкунандаи воридотӣ ва ба содирот нигаронидашуда;

– банақшагирии стратегӣ дар соҳаи саноат;

– қобили андоза будани маҳакҳои мақсадноки рушди саноат;

– омезиши шаклу усулҳои танзими давлатӣ ва иқтисоди бозорӣ дар соҳаи саноат;

– таъминот бо захираҳо ва равонасозии онҳо ба рушди соҳаҳои афзалиятноки саноат;

– ҳамгироии илм ва истеҳсолот.

Тибқи муқаррароти Қонуни мазкур, яке аз самтҳои дигари сиёсати давлатиро дар соҳаи саноат, дастгирии давлатии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат ташкил медиҳад. Албатта таҷриба собит намудааст, ки дастгирии давлатии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат дар як навбат ба ҳавасмандгардонии онҳо равона гардида бошад, дар навбати дигар он ба рушди ин соҳа мусоидат менамояд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» бо роҳҳои зерин дастгирӣ намудани фаъолияти субъектҳои соҳаи саноатро муқаррар менамояд:

– маблағузорӣ дар шакли грантҳо, мусоидати молиявӣ, кумаки молиявӣ бо мақсади таъсис ва рушди истеҳсолоти саноатӣ, инфрасохтори саноатӣ ва иҷтимоӣ, ҷорӣ намудан ва азхудкунии технологияву иқтидорҳои нав ва истеҳсоли маҳсулоти содиротшаванда;

– пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок аз тариқи бонкҳо;

– дар доираи фармоиши давлатӣ додани афзалият ба маҳсулоти саноатии ватанӣ, маҳсулотсупорандагон ва пудратчиёни ватанӣ дар соҳаи саноат;

– мусоидат барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки ба сохтмони иншооти саноатӣ ё азнавтаҷҳизонии техникии онҳо равона шудаанд;

– расондани кумаки иттилоотӣ ва машваратӣ, аз ҷумла оид ба имкониятҳои дар доираи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намудан барои ба роҳ мондани робитаҳо бо доираҳои тиҷоратии давлатҳои хориҷӣ, дастгирии фаъолияти илмию техникӣ ва инноватсионии онҳо;

– амалӣ намудани чораҳои дигари дастгирӣ, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

Ҳамзамон бояд қайд кард, ки бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни мазкур аз 23 декабри соли 2021, №1848 дар моддаи алоҳида дастгирии давлатии субъектҳои фаъолият соҳаи саноат дар самти фаъолияти иқтисодии хориҷӣ низ илова гардид, ки ба рушди фаъолият дар соҳаи саноат низ мусоидат менамояд.

Бо мақсади амалисозии ҳадафҳои дарозмуҳлат ва афзалиятҳои рушди кишвар Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.03.2018, таҳти №159 тасдиқ гардид.

Инчунин, дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26 декабри соли 2018 ҳамчун дастур ироа гардид, ки нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ бояд таъмин кард. Зеро устувории мавқеи саноат дар таъмини истиқлолияти иқтисодии Тоҷикистон ва ҳалли масоили муҳимтарини иҷтимоӣ, аз ҷумла афзун намудани ҷойҳои корӣ ва ба маротиб баланд бардоштани некуаҳволӣ, таъмини бехатарӣ ва рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо шароити мусоид фароҳам меоварад.

Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат бо қобилияти фавқулоддаи таҳлилгарӣ ва ояндабинии ҳаёти ҷомеа, заминаҳои мавҷуда ва бо дарки амиқи шароити мусоиди фарорасида, захира ва имкониятҳои истифоданашудаи кишвар иброз доштанд, ки: «… бо дар назар доштани аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод менамоям, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад».

Баъди эълон гардидани саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд стратегияву барномаҳои давлатӣ дар самти рушди соҳаи саноат тасдиқ карда шуданд:

  1. Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, №159;
  2. Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2019, №128;
  3. Барномаи рушди саноати хўроквории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2019, №373;
  4. Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020, №293;
  5. Барномаи рушди саноати мошинсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2020, №527;
  6. Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2020, №569.
  7. Консепсияи ташкил ва рушди кластерҳои агросаноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2020, №566.

Ҳамзамон бояд қайд кард, ки дар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муайян намудани самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар қатори стратегияву барномаҳои дар боло дарҷгардида, инчунин Стратегияи миллии рушди ҷумҳурӣ барои давраи то соли 2030 бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2016, №636 тасдиқ гардидааст.

Стратегияи миллии рушди ҷумҳурӣ дар давраи то соли 2030 масъалаҳои рушди босуботи саноатро вобаста ба ҷобаҷогузории иқтидорҳои истеҳсолии дорои инфрасохтори инкишофёфта, саҳмгузорӣ бобати бештар ба кор фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, таъмини сатҳ ва сифати баланди ҳаётгузаронии аҳолӣ ва зиёд намудани ҳаҷми даромаднокӣ ба ҳар сари аҳолиро дар асоси аз ҷиҳати иқтисодӣ самарабахш гардонидани истеҳсолоти саноатӣ ба миён гузоштааст.

Дар робита ба ин дар назар дошта шудааст, ки 70-75% иқтидорҳои нав, хусусан дар соҳаҳои коркарди нахи пахта, пўсту пашм, ҳунарҳои косибӣ ва нафисаи халқӣ, маъданҳои кўҳӣ, меваю сабзавот ва масолеҳи сохтмон дар минтақаҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ таъсис дода шаванд, ки дорои манбаи зарурии ашёи хом мебошанд.

Бо ин назардошт, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки: «Бинобар аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод менамоям, ки солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд». Ҳамзамон бо мақсади таъмини амалишавии раванди саноатикунонии босуръати мамлакат, санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ дар шакли Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 январи соли 2022, №309 қабул гардид, ки мутобиқи он солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» эълон карда шуд.

Тараққиёт ва рушди соҳаҳои комплекси агросаноатӣ ба рушди саноати мамлакат мусоидат менамояд. Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дарҷ гардидааст, ки қариб аз се ду (2/3) ҳиссаи корхонаҳои истеҳсолии фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корхонаҳои агросаноатӣ тааллуқ доранд.

Дар соҳаи кишоварзӣ тавассути тадбирҳои андешидашуда, аз ҷумла аз худ кардани заминҳои нав, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо, зиёд кардани майдони боғу токзорҳо ва ислоҳоти соҳа, бахусус ҳалли қарзи хоҷагиҳои деҳқонӣ, фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории мардуми кишвар ба маротиб беҳтар шуд.

Суръати афзоиши миёнасолонаи маҷмўи маҳсулоти кишоварзӣ дар давоми татбиқи стратегияи миллии рушд-2015 8,6 фоизро ташкил дод. Дар соли 2015 бахши аграрӣ ҳамчун пайванди комплекси агросаноатӣ 23,3 фоизи ҳиссаи ММД-и кишварро тавлид мекард. Солҳои охир дар соҳаи кишоварзӣ диверсификатсияи истеҳсолот тавассути ташкили кишти такрорӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва сердаромади содиротӣ, васеъгардонии майдони кишти сабзавот ва бунёди боғу токзорҳои серҳосил ба назар мерасад.

Дар робита ба ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ» аз 18 марти соли 2022, №1866 дар таҳрири нав қабул гардид. Қонуни мазкур аз 6 боб ва 22 модда иборат буда, он асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатиро муайян намуда, ба танзим ва идоракунии устувори он равона гардидааст.

Дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои зерин асос меёбад:

1) таъмини амнияти озуқаворӣ ва экологӣ;

2) қонуният;

3) афзалияти рушди соҳаҳои комплекси агросаноатӣ;

4) шаффофияти фаъолият;

5) ҳифзи бозори дохилӣ аз рақобати бевиҷдонона;

6) самаранокии фаъолият.

Бояд қайд кард, ки барои таъмин намудани мавқеи пешбарандаи саноат дар иқтисодиёти мамлакат маҷмўи чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, техникию технологӣ, сармоягузорӣ ва танзими давлатӣ амалӣ карда шуда истодаанд, ки ба саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат хоҳанд кард.

Аз тарафи дигар ҳадафи асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ» аз фароҳам овардани шароити мувофиқ барои рушди комплекси саноатӣ дар асоси модернизатсия ва навсозии инноватсионии соҳаҳо, ки самаранокии иқтисодии онҳо, бехатарии техникӣ, экологӣ ва истифодаи сарфакоронаи захираҳои энергетикӣ ва рақобатнокии маҳсулоти истеҳсолшавандаро таъмин карда тавонад, иборат мебошад.

Дар маҷмўъ бо назардошти таҳлилҳои дар боло овардашуда ва нақши санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда дар соҳаи саноат, бо итминони комил гуфта метавонем, ки заминаҳои мавҷудаи саноатикунонии кишвар, истифодаи оқилонаю самараноки захира ва имкониятҳои ватанӣ метавонад дар 15-20 соли наздиктарин рушди босуботу босуръати Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро таъмин намуда, ба ноил гардидан ба ҷойгоҳи сазовор дар ҷаҳони муосир саҳми калидӣ гузоранд.

Напечатать страницу Напечатать страницу