Ташкилёбӣ ва марҳилаҳои асосии инкишофи судҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон – Зокирова Н, котиби маҷлиси судии СОИ ҶТ

Ҳокимияти судӣ солҳои зиёд аст, ки дар ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ҳимояи қонуният ва адолат буда, дар ин давра роҳу пайраҳаҳои пурпечутоби ҳаёти сиёсии мамлакатро паймуда, барои устувор намудани амнияти милливу давлатӣ, оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот саъю кӯшиш ба харҷ додааст.  Адолати судӣ сохти ҷамъиятӣ, давлатӣ, тамоми шаклҳои моликият, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳуқуқҳои сиёсӣ ва дигар ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсии шаҳрвандон, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дорои шаклҳои гуногуни моликиятро аз ҳама гуна сӯиқасд муҳофизат мекунад. Соли 1991 бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон марҳилаҳои нави таърихӣ, ки ба рушди ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ мусоидат мекунанд, пайдо шуданд. Маҳз дар ҳамин давраи таърихӣ раванди демократикунонӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва ташаккули механизми идоракунии давлатӣ, азназаргузаронии арзишҳои маънавӣ ва маданӣ ба миён омаданд. Тӯли 30 соли мустақилияти худ Тоҷикистон дар ин самт муваффақиятҳои зиёдро ба даст овардааст.

То замони шӯравӣ баҳсҳои иқтисодӣ аз ҷониби қозӣ дар асоси меъёрҳое, ки дар Қуръон, ҳадис ва дигар қонунгузории исломие, ки оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои вайронгаштаи шахсонро танзим менамуд, ҳал карда мешуд.

Таъсиси судҳо ва дуруст ба роҳ мондани фаъолияти онҳо дар давраи басо ҳассос ва мураккаби муборизаҳои сиёсӣ роҳандозӣ мегардид. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи сиёсии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҳанӯз хеле нигаронкунанда буд. Ин ҳолат яке аз омилҳои асосии авҷи қонуншиканиҳо ва ҷинояткорӣ гашта, мақомоти махсусгардонидашудаи назоратӣ бобати таъмини қонуният ва риояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ташаккул наёфта буданд. Мавриди зикр аст, ки фаъолияти мақомоти судии Тоҷикистон баъди ғалабаи Инқилоби Октябр, дарсолҳои ҳокимияти Шӯравӣ оғоз гардидааст. Хусусияти муҳими давраи аввали фаъолияти Суди Олии ҶШС Тоҷикистон ба вуҷуд омадан ва тараққӣ кардани вазифаи нозирии судии вай буд.

Бо мурури замон миқдори судҳо дар ҶШС Тоҷикистон меафзуд ва ба ҳолати 1 январи соли 1930 дар ҷумҳурӣ 34 суди халқӣ фаъолият мекард. Он вақт дар Тоҷикистон низоми дузинагии судӣ – суди халкӣ ва Суди Олии Тоҷикистон арзи ҳастӣ дошт ва Суди Олӣ нисбат ба суди халкӣ мақомоти болоӣ ҳисобида шуда, баҳсҳоро дар шакли кассатсионӣ ҳал мекард. Дар он давра сохтор, тартиби таъсис, салоҳият ва принсипҳои фаъолияти мақомоти судии ҷумҳурӣ дар заминаи сохти судии ИҶШС ва ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ба тартиб андохта мешуд.

Мақомоти судии кишвар тӯли солҳои сипаришуда рушду такомул ёфта, чандин маротиба ба тағйиротҳои сохторию кадрӣ дучор гашт, вале моҳият ва муҳтавои фаъолияташ, ки аз таъмини адолати судӣ, волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои инсону шаҳрванд ва давлату ҷомеа иборат буд, тағйирнопазир боқӣ монд. Воқеан пойдории давлат ва бақои он ба адолати судӣ эҳтиёҷ ва пайвастагии ногусастанӣ дошта, ин омили муайянкунанда водор месозад, ки пайваста ҳокимияти судӣ таҳким ва густариш ёбад. Таърихи таъсиси марҳилаҳои асосии мақомоти судии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба давраи баъди Инқилоби Октябр марбут аст. Маҳз дар ҳамин ҳол, давраи ташаккул ва рушди мақомоти судӣ аз соли 1924 ибтидо гирифта, манфиатҳои аҳли меҳнатро ҳимоя ва дар байни мардум фаъолияти тарбияи ҳуқуқиро пеш мебурд.

Асоси ҳалли як қатор масъалаҳои ба самти мазкур алоқаманд ин зарурияти ба расмият даровардани низоми судии нав дар Тоҷикистон буд, чунки баъди солҳои барҳамхурии иттиҳоди шуравӣ талафоти зиёде дар низоми судӣ ба назар мерасид. Аз ин рӯ, мавриди тадқиқот қарор додани таърихи рушди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мубрамияти хосро касб менамояд. Махсусан таърихи рушди ҳокимияти судӣ қисми асосии раванди ҷамъиятӣ-сиёсиро, ки дар марҳилаҳои гуногуни таърихи ҷомеаи миллати тоҷик ба миён меояд, муаррифӣ мекунад. Мутобиқи моддаи 19 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд.

Пайдо шудани судҳои иқтисодӣ – ин натиҷаи мустақим ва қонунии (табии) ислоҳоти асосии иқтисодиёт ва системаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Вайроншавии тез, қариб барқвори иқтисодиёти нақшавии ба моликияти давлатӣ асос шуда, аз як тараф, зарурати муҳими бурдани баррасии судии баҳсҳо ва муноқишаҳои иқтисодии иқтисоди бозоргонии ташкил ёфта истодаро, ки аллакай ба моликияти омехта, аз он ҷумла моликияти хусусӣ низ асос шуда буд, ба вуҷуд овард, аз дигар тараф бошад, арбитражи давлатӣ ва идоравиро бек ор гузошт. Роҳи баромад дар он дида шуд, ки арбитражи давлатӣ, инчунин идоравӣ низ барҳам дода шуда, дар базаи кадрӣ ва моддии онҳо системаи ягона ва томи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуданд.

Баъд аз эълон намудани соҳибихтиёрӣ дар ҳудуди давлати шӯравии пошхӯрда, давлатҳо ба гузаронидани ислоҳоти ҳуқуқӣ, ки натиҷаи он, аз ҷумла қабули қонунҳои нави мутобиқ ба талаботи замони истиқлолият буд, шурӯъ намуданд. Ҳамзамон, дар ин давлатҳо як қатор барномаҳои гуногуни ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қабул гардиданд. Тибқи барномаи мазкур ба мақомоти олии ҳокимияти судии давлатҳои соҳибистиқлол нақши муҳим вогузор карда шуд.

Вобаста ба такмили қонунгузории низоми судҳои иқтисодӣ Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабу гардид ва аз 1-уми апрели соли 2008 мавриди амал қарор гирифт. Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти куллиеро дар роҳи демократикунонии мурофиаи судии иқтисодӣ, таъмини мустақилияти иштирокчиёни мурофиа ва ба таври мубоҳисавӣ гузаштани мурофиаи суди иқтисодӣ, васеъ намудани ҳуқуқу уҳддориҳои мурофиавии иштирокчиёни мурофиа ва таъмини кафолати истифодаи самараноки ин ҳуқуқу уҳдадориҳо, баланд бардоштани нақши судҳоро дар мавриди ба амал баровардани адолати судӣ, таъмини бемайлони мустақилияти судяҳоро пешбинӣ намуд. Бинобар ин дар шароити кунунӣ адолати судиро дар соҳаи соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суди иқтисодии шаҳри Душанбе ва вилоятҳо амалӣ менамоянд.

Ниҳодҳои адолати судӣ таърихи қадима дошта, қадимтарин ниҳодҳои ҳалли баҳсҳои ҳуқуқӣ ба шумор мераванд. Ғайр аз ин, тафриқа ва таҷзияи ниҳодҳои нави адолати судӣ дар тӯли таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна, нав ва навтарин тадриҷан амалӣ гардида, имрӯз низоми судии кишварҳои ҷаҳон – Суди Конститусионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, арбитраж, Суди ҳарбӣ, Трибуналҳо, Судҳои тиҷоратӣ ва савдо, Суди одатӣ, Суди ҳакамӣ, Суди оилавӣ, Суди ювеналӣ, Суди маъмурӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Ҳар яки ин ниҳодҳо таърихи таъсису рушд, таҷриба, ваколату масъулият, тобеъияту моҳияти фаъолияти хоси худро доранд ва омӯзиши таърихию ҳуқуқии онҳо барои гирифтани сабақи таърихӣ ва истифодаи дастовардҳои онҳо барои ташаккули ниҳодҳои амалкунандаи адолати судӣ имрӯз ва дар оянда, аз ҷумла дар Тоҷикистони соҳибистиқлол низ хизмат мекунанд.

Зокирова Нодира – котиби маҷлиси судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Напечатать страницу Напечатать страницу