СПИТАМЕН: НАҚШАИ ДАЪВАТ БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ИҶРО ГАРДИД

Ноҳияи Спитамен нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҳисоби ҷавонони ватандӯсту худшинос пурра иҷро намуд.  Дар ноҳия ҷиҳати таъмини иҷрои нақша барои мавсими баҳории даъват силсилаи ташаббусҳои судманд ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуда, дар ин самт иқдоми самарабахш, аз ҷумла тарғибу ташвиқи хизмат дар сафи Артиши миллӣ роҳандозӣ гардид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ноҳия

Натиҷаи ҳамин ибтикороти судманд буд, ки имрӯз ноҳия нақшаи даъватро иҷро намуд.

Маврид ба зикр аст, ки миёни ҷамоатҳои деҳоти ноҳия фаъолнокиро ҷавонони Ҷамоати деҳоти Куруш, Улҷабоев ва Сарбанд нишон дода, аввалин шуда миёни дигар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия нақшаро таъмин ва ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ пайвастанд.

Ҳамчунин қайд намуданд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен пайваста талош дорад, ки ҳисси ватандӯстӣ ва садоқат ба марз дар замири ҷавонони ноҳия таҳким ёфта, ҷавонон ҳамчун такягоҳи боэътимод дар таъмини сулҳу суботи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоранд. Ҳамакнун, ҷавонони садоқатманди ноҳия беш аз пеш масъулияти худро дар назди Ватан ҳис намуда, ихтиёран худро номнавис ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ дохил мешаванд.

Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шараф ва номус буда, барои ҷавонони ноҳияи Спитамен пайваст шудан ба ин мактаби ҷасорат на танҳо масъулият, балки ифтихор аст.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу