Иштироки роҳбарият ва кормандони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ

Имрӯз бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид, ки дар ин чорабинӣ роҳбарият ва кормандони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиркат варзиданд.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд

Иштирокдорони маъракаи варзишии мазкурро муовини Сарвазири Ҷумҳрии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода шодбош гуфтанд.

Қайд менамоем, ки барои таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи варзиш ва оммавигардонии он бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 марти соли 2007 инҷониб ҳамасола дар саросари кишвар якшанбеи сеюми моҳи май бахшида ба Рӯзи ҷавонон Дави миллӣ гузаронида мешавад.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу