Мавзуи муфлисшавӣ дар системаи иқтисоди бозоргони мавқей калидиро ишғол намуда, ба таносуби ташаккулёбии макроиқтисодиёт дар соҳаҳои шуғли аҳоли, таъмини иҷтимоӣ, дараҷаи даромади аҳоли, инкишофи истеҳсоли маҳсулоти дохили таъсири амиқ мегузорад. Ба ғайр аз ин, расмиёти муфлисшавӣ, робитаҳои молу мулкии субъектҳоро низ танзим намуда, қобилияти пардохтпазирии онҳоро дар назди қарздеҳон таъмин менамояд.
Чуноне, ки маълум аст, институти муфлисшавӣ натанҳо ҷанбаи иқтисодӣ, балки ҷанбаи ҳуқуқиву иҷтимоӣ низ дорад. Бинобар ин, муҳимиятии ҷанбаи иҷтимоӣ-иқтисодии он зарурияти таҳия ва қабули санади махсусро тақозо менамояд, ки барои ҳалли масъалаҳои пардохтнопазири ва муфлисшавии субъектони хоҷагидор ва хусусан ташкилотҳои қарзӣ равона гардидааст.
Қобили қайд аст, ки чунин санадҳои-меъёри ҳуқуқии дахлдор дар тамоми давлатҳои мутараққӣ ва рў ба тараққӣ мавҷуд буда, мавриди амал қарор доранд.
Аз ин ру, дар ин самт Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба рушди устувори иқтисодиёти миллӣ диққати аввалиндараҷа дода, санадҳои дахлдори меъёрию ҳуқуқиро қабул намудааст. Аз ҷумлаи онҳо: Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», «Дар бораи Ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд», «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи муфлисшавӣ», Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра аз қабили онҳоянд.
Бояд қайд намуд, ки ҷараёни муфлисшавии субъектони хоҷагидор (шахсони ҳуқуқи ва соҳибкорони инфироди)-ро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муфлисшавӣ», ки санаи 8 декабри соли 2003, таҳти № 46 қабул гардидааст, амали менамояд. Яъне, дар шароити гузариш ба иқтисоди бозоргони ва қабули қонуни мазкур барои муфлис эътироф намудани субъектони ғайрисамарабахш фаъолияткунанда ва пардохтнопазир заминаи боэътимоди ҳуқуқи гузошта шуда, дар татбиқи шаклҳои нави хоҷагидори ва гуногунии шаклҳои моликият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роли муҳимро мебозад. Қонуни мазкур нисбат ба ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ (ба истиснои корхонаҳои давлатие, ки дар моддаи 127 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинй карда шудаанд), аз ҷумла шахсони ҳуқуқии хориҷии бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ба қайд гирифташуда ва ҳамчунин соҳибкорони инфиродӣ амал мекунад.
Бо вуҷуди он, ки қонуни мазкур асос ва тартиби аз тарафи суд муфлис эътироф намудани субъектони хоҷагидор (шахсони ҳуқуқи ва соҳибкорони инфироди)-ро муқаррар менамояд, вале муносибатҳои ҳуқуқии татбиқ намудани барҳамдиҳии ихтиёри ва маҷбурии баъзе намудҳои шахсони ҳуқуқие, ки хусусияти хоси пешбурди фаъолияти соҳибкориро дороанд, аз ҷумлаи онҳо ташкилотҳои қарзӣ маҳсуб мебошанд, пешбини наменамуд. бо дарназардошти аҳамияти бузурги ин бахш, дар иқтисодиёти миллӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» (аз 28 июни соли 2011, таҳти №719) қабул гардид, ки комилан раванди барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва маҷбурӣ, аз ҷумла раванди муфлисшавии ташкилотҳои қарзиро танзим менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки барои анҷом додани ҳар гуна раванди барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ тариқи судӣ ё ѓайрисудӣ, қарори Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи бозхонди иҷозатнома барои анҷом додани фаъолияти бонкӣ асоси ягона ба ҳисоб меравад.
Гузашта аз ин, пешниҳоди ариза дар бораи барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ ба суд ҳуқуқи истисноии Бонки миллии Тоҷикистон мебошад.
Мақомоти дигари ваколатдор ва қарздеҳон метавонанд ҷиҳати барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат намоянд. Бонки миллии Тоҷикистон ўҳдадор аст дар мўҳлати на дертар аз як моҳ муроҷиати мазкурро баррасӣ намуда, қарори дахлдор қабул намояд.
Яъне, аз тартиби мукаррарнамудаи қонун бармеояд, ки мақоми ваколатдори давлатие, ки ҷараёни барҳамдиҳии ихтиёри ва маҷбурии ташкилоти қарзиро танзим менамояд ин Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Ҳамин тариқ, асосҳои воқеии муфлис эътироф намудани ташкилоти қарзӣ ин:
- ғайриқобили пардохт эътироф гардидани ташкилоти қарзии қарздоршуда, яъне қобилият надоштани вай барои қонеъ гардонидани талаботи қарздеҳон аз руй ўҳдадориҳои пулӣ, аз ҷумла пардохтҳои ҳатми ба буҷет;
- сармояаш камтар аз 25% талаботи меъёрии муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон бошад;
- ўҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ аз дороиҳои он зиёд бошад.
Ариза дар бораи муфлис эълон кардани ташкилоти қарзӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар рўзи қабули қарор дар бораи бозхонди иҷозатномаи ташкилоти қарзӣ бо зикри асосҳо ба суд пешниҳод карда мешавад. Аз лаҳзаи бозхонди иҷозатнома фаъолияти ташкилоти қарзӣ қатъ мегардад. Аз лаҳзаи аз ҷониби суд ба истеҳсолот қабул шудани ариза дар бораи оѓози мурофиаи муфлисшавии ташкилоти қарзӣ ягон қарздеҳ барои бозпас гирифтани маблаѓи пулӣ ё талаби иҷрои дигар ўҳдадориҳо ҳуқуқ надорад.
Дар навбати худ, Бонки миллии Тоҷикистон, якҷоя бо ариза ба суд ҳамчунин рўйхати номзадҳоро ба вазифаи мудири махсус пешниҳод менамояд. Чунки, мурофиаи муфлисшавии ташкилоти қарзиро, бо асосҳои муфлисшавӣ, мудири махсус, ки дорои шаҳодатномаи Бонки миллии Тоҷикистон мебошад, бо қарори Суд анҷом медиҳад.
Аз ин лиҳоз, бо мақсади амали намудани талаботҳои қонуни мазкур, бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти № 35 аз 10 феврали соли 2012, қоидаҳои тахассуси, вобаста ба супоридани шаҳодатномаи барҳамдиҳанда ва мудири махсус тасдиқ карда шуд. Қоидаҳои мазкур, дар навбати худ аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 680 аз 14 феврали соли 2012 ба қайд гирифта шудаанд. Айни замон дар қаламрави ҷумҳури институти барҳамдиҳандагон ва мудирони махсуси ташкилотҳои қарзӣ ташаккул ёфта мавриди амал қарор доранд.
Айни замон, тибқи омори расмии Бонки миллии Тоҷикистон ва мувофиқи талаботҳои қонуни мазкур, тариқи судӣ, 18 ташкилотҳои қарзӣ (аз ҷумла 8-то Бонк), ки дар раванди барҳамдиҳии маҷбурӣ бо асосҳои муфлисшавӣ, 5 ташкилоти қарзӣ, дар раванди барҳамдиҳии маҷбурӣ бе асосҳои муфлисшавӣ ва 5 ташкилоти қарзӣ дар раванди барҳамдиҳии ихтиёрӣ қарор доранд. Дар ҷараёни рақобати бозоргони, эҳтимолияти боло рафтани ин нишондиҳанда имконпазир мебошад.
Таҷрибаи амалии судӣ ва таҳлили ҷараёни барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ бо асосҳои муфлисшавӣ ва бе асосҳои муфлисшавӣ, собит сохт, ки ин раванд пеш аз ҳама барои самаранок гузаронидани мурофиаи муфлисшавӣ, сабабҳои пайдоиши аломатҳои нодори ва пардохтнопазирӣ, инчунин роҳҳои дарёфти воситаҳо барои қонеъ намудани талаботҳои қарздеҳон, равона гардидааст.
Дар чунин шароит таҳияи методикаи махсус оиди таҳлили аломатҳои муфлисшавӣ зарур аст, чунки дар ҷараёни мурофиаи муфлисшавӣ фаъолияти ташкилоти қарзӣ қатъ гардида, он дар марҳилаи хоси ҳуқуқи ва иқтисодӣ, ё ин ки раванди навсозии иқтисодӣ қарор хоҳад гирифт.
Аз дигар тараф, муфлис эътироф намудани ташкилоти қарзӣ, ин маънои онро дорад, ки дар оянда имконият доштани ташкилоти қарзӣ барои пурра пардохти ўҳдадориҳои пулӣ, ба эътибор гирифта намешаванд.
Яъне, дар фаъолияти ташкилоти қарзие, ки мурофиаи муфлисшавӣ оғоз гардидааст, қобилияти дар оянда пурра пардохт намудани ўҳдадориҳои худро дар назди ҳар гуна қарздеҳ надорад.
Чунки, тибқи талаботи моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ», воситаҳо ва дороиҳои ташкилоти қарзии муфлисшуда тибқи муқаррароти қонунгузори бо тартиби зерин тақсим карда мешаванд:
– маблаѓҳое, ки барои раванди муфлисшавӣ ё таъини мудири махсус харҷ шудаанд;
– музди меҳнати кормандони ташкилоти қарзӣ, ба истиснои пардохтпулӣ ба аъзои Шўрои нозирон, ки дар рўзи қабули қарор дар бораи оѓози мурофиаи судӣ аз рўи парвандаи муфлисшавӣ ҳисоб карда шудааст;
– маблаѓҳое, ки Ҳукумат ё Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилоти қарзӣ пешниҳод кардаанд;
– ҳар як талаби пасандоздорон, ки пардохт нашудааст ё аз тарафи Фонди кафолати амонатҳои шахсони воқеӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолати амонатҳои шахсони воқеӣ” пардохт карда намешавад;
– ҳар гуна талаби Фонди кафолати амонатҳои шахсони воқеӣ ба сифати шахсе, ки ба вай ҳуқуқи талаботи ба пасандоздорон пардохтшуда мегузарад, инчунин талаботи қарздеҳони таъминнашуда;
– андозҳое, ки мўҳлати пардохти онҳо дар давраи на бештар аз як соли пеш аз рўзи қабули қарор дар бораи муфлисшавӣ фаро расидааст;
– ҳар гуна талабот нисбат ба қарзи субординарӣ.
Дороиҳои боқимонда ба моликони ташкилоти қарзӣ баробар ба ҳиссаи онҳо дода мешаванд.
Инчунин, дар банди 2 ҳамин модда, қонунгузор муайян намудааст, ки талаботи қарздеҳон дар ҳолатҳои зерин пардохтшуда ҳисобида мешавад:
– агар талабот бо сабаби нокифоя будани дороиҳои ташкилоти қарзӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбиникардаи Қонуни мазкур, қонеъ нашуда бошад;
– агар мудири махсус талаботи қарздеҳонро қабул накарда бошад ва онҳо бо ариза ба суд муроҷиат накарда бошанд;
– агар талаботи қарздеҳонро суд рад карда бошад ё талабот баъд аз анҷомёбии раванди барҳамдиҳӣ пешниҳод шуда бошад.
Феълан, муфлис эътироф намудани ташкилоти қарзӣ, омилҳои манфӣ низ дорад, чунки он натанҳо манфиатҳои молу мулкии ташкилотро, балки ба ҳуқуқу манфиатҳои гуруҳи шахсони алоҳида низ таъсирбахш мебошад. Дар ин маврид сухан нисбати амонатгузорон, чи шахсони ҳуқуқи ва чи шахсони воқеӣ меравад, ки дар ҳолати муфлисшавии ташкилоти қарзӣ хавфи барнагаштани маблағҳои ин гуруҳ нисбатан бештар мебошад.
Аз ин ру, вобаста ба ин масъала низ қонунгузори як қатор чораҳоро пешбини намудааст.
Аз ҷумлаи ин тадбирҳо, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ», аъзогии ҳатмии ташкилотҳои қарзӣ ба Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ, ба ҳисоб мераванд. Чуноне, ки маълум аст бонкҳои тиҷорати ҳамчун миёнаравии молиявӣ, захираҳои пулии амонатгузорро ба қарзгиранда дар асоси шартҳои муайян пешниҳод менамояд, ки дар ин ҷо амонатгузор аз рӯи пасандози худ ҳамчун фоиз даромад гирифта, қарзгиранда имконияти истифодабарии захираҳоро дар соҳаи фаъолияти худ пайдо менамояд. Дар асоси чунин чараёни муттасилии молиявӣ, бонкҳо даромади худро ҳамчун маржа ба ҳисоб мегиранд.
Аз ин ру, мутобиқи стандартҳои ҷаҳонии пешбурди фаъолияти бонкӣ, дар бонкҳо, ҳангоми гузаронидани амалиётҳои қарзӣ, бо мақсади рушди даромади софи фоизии амалиёти бонкӣ, суғуртакунии хавфи қарзӣ ва идоракунии пардохтпазирии тавозуни он, пайдо хоҳад шуд.
Ба ғайр аз ин, дигар чораҳои заруриро, ки оид ба барқароркунии ҳолати пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ пешбини гардидаанд, ки он асосан барои пешгирии муфлисшавии сершумор равона мегарданд.
Ҳамин тариқ, дар асоси гуфтаҳои боло, ва бо мақсади мутобиқгардонии талаботҳои меъёрии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» бо дигар санадҳои меъёри ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи бонк, аз нигоҳи мо, гузаронидани ислоҳотро дар намуди таҳия ва қабули Тавсир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» иқдоми зарури ва саривақти мешуморам.
Таҳияи Тавсир, мухолифатҳои гуногунфаҳмии меъёрҳои қонуни зикршударо бартараф намуда, ба соддагардонии марҳилаҳои барҳамдиҳи, муфлисшавӣ, кам кардани хароҷотҳо ва сарфаи вақт инчунин дигар монеаҳои таъсиррасон заминаи мусоид хоҳад гузошт.
Дар як вақт, таҳияи Тавсир метавонад ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои рейтинги байналмиллалии Тоҷикистон аз рӯи ҳисоботи Бонки умумиҷаҳони “Пешбурди тиҷорат” ва ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба соҳаи бонк таъсири мусбӣ расонад. Зеро, ки нишондиҳандаи мазкури Бонки ҷаҳонӣ санади асосӣ маҳсуб мегардад, ки сармоягузорони хориҷӣ дар фаъолияти худ ба он такя мекунанд.
Ҳамин тариқ, дар шароити иқтисодии бозоргонӣ, эҷоди монеаҳои гуногун дар фаъолияти бонкҳо боиси оқибатҳои харобиовар дар фаъолияти онҳо ва умуман дар тамоми иқтисодиёт мегардад. Чунки фаъолияти муътадил ва бонизоми бонкҳо, яке аз унсурҳои пешрафти иқтисодиёти миллӣ низ ба ҳисоб меравад.
Маҳз ба ин хотир давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол барои таъмини корбари ва рушди низоми бонкии худ аз тамоми чораҳои муфид ва зарури истифода мебарад.
Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзода Қ.Қ.
