Асоси рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти ҳар як давлат ва ҷомеа аз ҷалби сармоя вобастагӣ дорад. Маҳз истифода ва ҷалби сармоя боиси бунёди инфрасохтори зарурӣ, аз қабили мактабу беморхонаҳо, корхонаҳои саноатию энергетикӣ, роҳҳою нақбҳо буда, метавонад дар муҳайё намудани шароити арзандаю созгор барои аҳолии кишвар мусоидат намояд.
Аз ин ҷост, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23.04.2014 сол таъкид намуданд, ки: “Бо мақсади беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ҷалби сармоя ва дастгирии бахши хусусӣ, инчунин, пурзӯр намудани кафолату уҳдадориҳои сармоягузорон моро зарур аст, ки бо дарназардошти риояи стандартҳои байналмилалӣ оид ба такмили низоми қонунгузорӣ, механизмҳои байналмилалии кафолати сармоя ва созишномаҳои сармоягузорӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоем”.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Иcтиқлоли давлатии кишвар тавонист, ки иқтисодиёти мамлакатро эҳё намуда рӯ ба афзоиш ниҳояд. Асоси инкишофи механизми бозори хоҷагидорӣ ин санадҳои меъёриву ҳуқуқии қабулгардида ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ, оғоз аз соли 2002 то инҷониб дар қонунгузории Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани сармоягузорӣ дар иқтисодиёти кишвар як қатор ислоҳотҳо дароварда шуда, масъалаи инкишофи самти мазкур пайваста давом дорад.
Яке аз муҳимтарини онҳо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сармоягузорӣ (инвеститсия)” ба шумор меравад. Ҳамчунин ҷиҳати фароҳам овардани шароит ва ҳавасмандии сармоягузорон як қатор қонунҳои дигар, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шартномаҳои сармоягузорӣ” қабул карда шудаанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ” муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба созишномаи сармоягузории ба татбиқи лоиҳаи сармоягузории соҳаҳои аз лиҳози стратегӣ муҳим ва афзалиятноки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон равонакардашуда танзим намуда, ба ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби сармоягузориҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст.
Қонуни зикргардида, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармоягузоронро дар тамоми зинаҳои тайёрӣ, имзо, мавриди амал қарор гирифтан ва татбиқи созишномаи сармоягузорӣ, новобаста ба мавзўи лоиҳаи сармоягузорӣ, ба танзим медарорад.
Бояд қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (конседент) ва сармоягузор (инвестор) ба сифати тарафҳои созишномаи сармоягузорӣ баромад менамоянд. Шахси ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё давлати хориҷӣ, инчунин иттиҳодияи чунин шахсони ҳуқуқӣ субъекти муносибатҳои ҳуқуқии мазкур ба ҳисоб меравад.
Созишномаи сармоягузорӣ барои танзими маҷмўи масъалаҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармоягузор ҳамчун масъалаҳои аҳамияти муҳимдошта ҷиҳати татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ муайян гардидаанд, ба имзо расонида мешавад.
Тибқи қонун, пешниҳод оид ба лоиҳаи сармоягузорӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор омода карда мешаванд. Пешниҳод тибқи номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд, инчунин дар ҳолати зарурӣ берун аз доираи номгўи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ бо розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда мешавад.
Пешниҳод оид ба лоиҳаи сармоягузорӣ, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ омода карда шудааст, тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
Пешниҳод оид ба лоиҳаи сармоягузорӣ, ки аз тарафи сармоягузор омода карда шудааст, ба баррасии мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод карда мешавад. Аз рўи натиҷаҳои баррасӣ мақоми ваколатдори давлатӣ метавонад оид ба ирсол намудани пешниҳод барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои такмилдиҳӣ баргардонидани пешниҳод ва ё оид ба рад кардани пешниҳоди ба эҳтиёҷоти иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгў набуда, қарор қабул намояд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод оид ба созишномаи сармоягузориро дар асоси меъёрҳои зерин баррасӣ менамояд:
— мувофиқат намудан ба номгўи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ. Дар ҳолати пешниҳод гардидани лоиҳае, ки дар номгўи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ пешбинӣ нагардидааст, саривақтӣ будани лоиҳаи сармоягузорӣ ва мутобиқати он бо нақшаи стратегӣ ва ё барномаи рушди бахши мушаххаси иқтисодиёт;
— таъсири татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ ба рушди иқтисодиёт дар маҷмўъ ва бахшҳои алоҳидаи он, инчунин ба бозори меҳнат;
— ҳолати молиявии сармоягузор;
— иҷрошавандагии техникӣ, технологӣ, экологӣ, молиявӣ ва мақсаднокии лоиҳаи сармоягузорӣ бо дарназардошти шартҳои пешбинишудаи татбиқи лоиҳа;
— сатҳ ва басандагии хароҷоте, ки дар доираи лоиҳаи сармоягузорӣ ба нақша гирифта мешаванд;
— асосноккунии илмӣ ва сатҳи истеҳсолии технологияҳое, ки ҷалб ва татбиқ карда мешаванд;
— рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсолшаванда (кор ва хизматрасонӣ), дурнамои бозор ва самаранокии стратегияи бозоршиносии сармоягузор;
— самаранокӣ ва устувории лоиҳаи сармоягузорӣ.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод оид ба лоиҳаи сармоягузориро, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ барои баррасӣ ирсол гардидааст, метавонад тасдиқ ва ё рад намояд, инчунин онро ба мақоми ваколатдори давлатӣ барои такмилдиҳӣ баргардонад.
Сармоягузор барои татбиқи лоиҳаи сармоягузории аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ омода ва пешниҳодкардашуда тавассути тендер интихоб карда мешавад. Пешниҳод оид ба қоидаҳо ва шартҳои гузаронидани тендер аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар пешниҳод оид ба лоиҳаи сармоягузорӣ дарҷ карда мешавад. Дар мавриди тибқи қоидаҳо ва шартҳои махсус гузаронидани тендер лоиҳаи чунин қоидаҳо ва шартҳо ҳамчун қисми таркибии пешниҳод оид ба лоиҳаи сармоягузорӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ омода карда шуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда мешавад.
Ҳуқуқи амалӣ намудани лоиҳаи сармоягузории аз тарафи сармоягузор тариқи музокироти мустақим пешниҳодкардашуда дар сурати аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидан ба сармоягузори мазкур дода мешавад. Ҳамзамон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад оид ба гузаронидани тендер барои интихоби сармоягузор барои татбиқи лоиҳаи сармоягузории аз тарафи сармоягузор пешниҳодкардашуда қарор қабул намояд. Дар ин ҳолат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад пешниҳод оид ба лоиҳаи сармоягузории аз ҷониби сармоягузор пешниҳодгардидаро, барои ҳуҷҷатгузории тендерӣ истифода барад ва сармоягузори пешниҳод оид ба лоиҳаи сармоягузориро манзурнамуда ҳуқуқ дорад дар тендер дар асосҳои умумӣ иштирок намояд.
Лоиҳаи созишномаи сармоягузории барои лоиҳаи сармоягузории аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ омода ва пешниҳодкардашуда ҳамчун қисми ҳуҷҷатҳои тендерӣ омода гардида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Таҳияи ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва созишномаи сармоягузорӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ ҳамоҳанг карда шуда, бо иштироки вазорату идораҳои дахлдор амалӣ карда мешавад.
Мақоми ваколатдори давлатӣ метавонад коршиносон, ташкилотҳои коршиносӣ, мутахассисон, мушовирон, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ассотсиатсияҳои касбиро ба раванди омодасозии ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва созишномаи сармоягузорӣ ҷалб намояд. Хароҷоти вобаста ба раванди омодасозии ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва лоиҳаи созишномаи сармоягузорӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ пардохт карда мешаванд ва ё метавонанд аз тарафи сармоягузори дар тендер ғолибомада ҷуброн карда шаванд.
Лоиҳаи созишномаи сармоягузорӣ барои лоиҳаи сармоягузории аз тарафи сармоягузор пешниҳодкардашуда аз тарафи чунин сармоягузор ҳамчун қисми таркибии пешниҳод оид ба лоиҳаи сармоягузорӣ омода карда мешавад.
Лоиҳаи созишномаи сармоягузорӣ барои татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ, ки аз рўи натиҷаи тендер ба имзо расонида мешавад, инчунин лоиҳаи сармоягузории аз тарафи сармоягузор тавассути музокироти мустақим пешниҳодкардашуда аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои имзо маъқул дониста мешавад.
Маъқул донистани лоиҳаи созишномаи сармоягузорие, ки бо ғолиби тендер оид ба интихоби сармоягузор барои татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ ба имзо расонида мешавад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт бо тасдиқ намудани натиҷаҳои тендер амалӣ карда мешавад.
Матни созишномаи сармоягузорие, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шудааст, дар вақти тасдиқи натиҷаҳои тендер тағйир дода намешавад, ба истиснои тағйироти зарурӣ барои ворид намудани маълумоти дахлдор оид ба сармоягузорӣ ғолиб, номи он, вазъи ҳуқуқӣ, маҳали ҷойгиршавӣ, дигар нишонаҳои зарурӣ, инчунин маълумоти вобаста ба қарздиҳандагон ва кафилони сармоягузор дар ҳолате ки, агар лоиҳаи мушаххаси сармоягузорӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, иштироки чунин шахсонро пешбинӣ намояд.
Маъқул донистани созишномаи сармоягузорӣ, ки бо сармоягузори тавассути музокироти мустақим пешниҳод оид ба лоиҳаи сармоягузориро манзурнамуда ба имзо расонида мешавад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт бо тасдиқ намудани натиҷаҳои музокироти мустақим бо чунин сармоягузор амалӣ карда мешавад. Матни созишномаи сармоягузории аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқулдонисташуда ҳангоми тасдиқи натиҷаҳои музокироти мустақим тағйир дода намешавад.
Лоиҳаи созишномаи сармоягузорӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ ва сармоягузор баъди аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои имзо маъқул донистани он ба имзо расонида мешавад.
Созишномаи сармоягузории баимзорасонидашуда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
Тасдиқи созишномаи сармоягузорӣ барои мустаҳкам намудани кафолатҳои ҳуқуқии барои сармоягузор пешбинишуда, имтиёзҳои андозӣ ва имтиёзҳои дигари ба сармоягузор ва лоиҳаи сармоягузорӣ додашуда ва ба муқаррароти устувории созишномаи сармоягузорӣ бахшидани қувваи ҳуқуқӣ амалӣ карда мешавад.
Созишномаи сармоягузорӣ аз рўзи тасдиқи он аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор дода мешавад, агар дар худи созишномаи сармоягузорӣ дар бораи мавриди амал қарор додани он иҷрои шартҳои муайяни қаблӣ аз ҷониби тарафҳои он пешбинӣ нагардида бошад.
Дар давоми як моҳ пас аз мавриди амал қарор гирифтани созишномаи сармоягузорӣ мақоми ваколатдори давлатӣ тамоми мақомоти давлатии дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба мавриди амал қарор гирифтани он огоҳ менамояд ва онро ба Феҳристи давлатии созишномаҳои сармоягузорӣ, ки дар пешбурди мақоми ваколатдори давлатӣ қарор дорад, ворид менамояд. Нусхаи аслии созишномаи сармоягузорӣ дар нигоҳдории мақоми ваколатдори давлатӣ қарор мегирад ва мақоми мазкур ҳуқуқи омода ва тасдиқ намудани нусхаҳои расмии созишномаҳои сармоягузориро дорад.
Илова ба огоҳ намудан оид ба мавриди амал қарор гирифтани созишномаи сармоягузорӣ мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба вазъи ҳуқуқии созишномаи сармоягузорӣ ва муқаррароти ҷудогонаи он тибқи дархости хаттии сармоягузор дар ҳолате, ки чунин тасдиқнома барои риояи муқаррароти созишномаи сармоягузорӣ ва иҷрои талаботи он аз тарафи тамоми мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур бошад, аз ҷумла оид ба ҳуқуқҳои махсус, озодкуниҳо ва имтиёзҳои ба сармоягузор ва лоиҳаи сармоягузорӣ додашуда, тасдиқномаи расмӣ медиҳад.
Ҳамчунин, қонуни масъалаи таркиби созишномаи сармоягузорӣ ва кафолатҳои мушаххасро зикр намудааст.
Тибқи созишномаи сармоягузорӣ сармоягузор ҳуқуқ дорад натиҷаҳои фаъолияти сармоягузориро соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ намояд, инчунин ҳуқуқ дорад сармоягузории такрорӣ ва фаъолияти тиҷоратиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он амалӣ гардонад. Дар асоси созишномаи сармоягузорӣ, сармоягузор метавонад даромади худ ва ё қисми онро дар шакли маҳсулот, мол ва хизматрасонии дар бозор бадастоварда содирот намояд.
Созишномаи сармоягузорӣ дар шакли хаттӣ ҳамчун ҳуҷҷати ягона тартиб дода шуда, аз ҷониби ҳарду тарафи он ба миқдори бо розигии тарафҳо муайянкардашуда ба имзо расонида мешавад.
Баҳсҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармоягузор вобаста ба масъалаҳои эътибор доштан, татбиқ, риоя накардан, қатъ ва ё тафсири созишномаи сармоягузорӣ аз тарафи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармоягузор метавонанд дар созишномаи сармоягузорӣ супоридани тамоми баҳсҳо ва мухолифатҳои вобаста ба масъалаҳои эътибор доштан, татбиқ, риоя накардан, қатъ ва ё тафсири созишномаи сармоягузориро барои баррасӣ ва ҳал намудан ба арбитражи байналмилалии мустақил ва беғараз, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудааст, дар асоси қоидаҳои арбитражии байналмилалии эътирофгардида, пешбинӣ намоянд. Розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли баҳсҳо аз ҷониби чунин арбитражи байналмилалӣ ҳақиқӣ буда, қарори аз ҷониби чунин арбитражи байналмилалӣ баровардашуда барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ ва ниҳоӣ мебошад. Қарори қабулнамудаи арбитражи байналмилалӣ аз ҷониби судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шуда, дар ҳолати зарурӣ тибқи муқаррароти созишномаи сармоягузорӣ, қонунгузории мурофиавӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ба таври маҷбурӣ иҷро карда мешавад.
Созишномаи сармоягузорӣ бо сармоягузори хориҷӣ метавонад дар худ муқаррарот оид ба даст кашидани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масунияти соҳибихтиёрӣ аз чораҳои пешакӣ оид ба таъмини хароҷоти расмиёти арбитражӣ, масуният аз огоҳиномаҳои мурофиавӣ, масуният аз иҷрои маҷбурии қарорҳои арбитражӣ ва масунияти молумулкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ин ки нисбат ба чораҳои пешакии таъмини иҷрои қарори арбитражӣ ва ё нисбат ба иҷрои маҷбурии қарори арбитражӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё берун аз ҳудуди онро дошта бошад.
Созишномаи сармоягузорӣ ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ва ба имзо расонида мешавад. Он инчунин тибқи розигии тарафҳо метавонад ба дигар забонҳо низ омода ва ба имзо расонида шавад.
Созишномаи сармоягузорие, ки ҳалли баҳсҳоро дар арбитражи байналмилалӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, ба забонҳои дигар низ омода ва ба имзо расонида мешавад.
Судяи
Суди Олии иқтисодии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода М. С.
