Хизмат ба Ватан нишони волои ҷавонмардист – Самадзода Бахтиёр

Имрӯзҳо давраи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар пойтахт ва ҳама гӯшаву канори ҷумҳурӣ бо як рӯҳияи баланд ва дар асоси арзишҳои милливу анъанаҳои пешқадам бо баргузории чорабиниҳои зиёд, аз қабили “Рӯзи даъватшаванда”, “Муҳофизи Ватан” бо ба роҳ монондани мафҳилҳои ҷолиби ҳарбию варзишӣ, фарҳангию маърифатӣ ҷараён дорад ва тадбирҳои мазкур натиҷаҳои дилхоҳ дода истодааст.

Бешубҳа, дар тӯли бақою пойдориаш Артиши миллии кишвар ба як нерӯи пуриқтидор табдил ёфт. Дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар нақши муҳими Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шароити имрӯза ёдовар шуда, бо як ифтихормандӣ иброз доштанд, ки халқи тоҷик ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар такя менамояду эътимоди комил дорад.

Боиси ифтихор аст, ки Артиши миллиамон чун мактаби матонату мардонагӣ барои насли ҷавони кишвар рисолати худро иҷро намуда истодааст. Он ба як сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мубаддал гаштааст.

Оре, таъсис ёфтани Қувваҳои Мусаллаҳ дар таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мавқеи хоса дорад. Зеро Артиши миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ, кафили соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ, нерӯи таъминкунандаи амнияту субот ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ ба ҳисоб меравад. Зикр кардан бо маврид аст, ки Артиши миллии кишварамон садҳо ҳазор нафар ҷавононро ба камол расонидаву парвариш намуд.

Дар навбати худ, боиси хушнудист, ки кулли ҷавонон имрӯз хуб дарк намудаанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагӣ ба шумор меравад. Тавре шоҳид гашта истодаем, тӯли солҳои охир ҳамасола дар давраи даъват ба хизмати ҳарбӣ садҳо нафар ҷавонони кишвар омодагии худро ба таври ихтиёрӣ ба хизмати Ватан – модар изҳор медоранд, ки ин падидаи неку шоиста аст. Ба ибораи дигар, мирӯз аксари ҷавонон дарк намудаанд, ки ҳимояи Ватан – модар ин иҷрои шоистаи қарзи шаҳрвандӣ ва уҳдадориҳои конститутсионӣ аст ва шарафи ҳарбиро муқаддас доштан нишонаи ватандориву ватандӯстист. Бешубҳа, муносибати ҷавонони кишвар ба хизмати ҳарбӣ шоистаи таҳсин аст. Дар воқеъ, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” хизмати ҳарбӣ уҳдадории конститутсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Шоири тоҷик садои қалби ҳазорҳо ҳамсолону ҳамсилоҳонашро дар руҳияи баланди ватандӯстӣ моҳирона чунин ифода намудааст.

Зи ишқи Ватан ҷӯш дорад, дилам,

Ба ҳарфи Ватан гӯш дорад дилам.

Барои Ватан ҷон фидо мекунам,

Ватан ҳар чӣ гӯяд, адо мекунам!

Мо, насли кунунӣ аз он шодем, ки ватандӯстони наврас тарбият меёбанд ва албатта, қадру манзалати падарону модаронро, меҳнати бунёдкоронаи онҳоро медонанд. Боварӣ дорам, дарсҳои тайёрӣ ва дифои ҳарбӣ ва машғулияти сарбозӣ, ки омӯзгорони асилу роҳнамой сабақ медиҳанд, наслҳои имрӯзаро ҳарчӣ бештар, ҳарчӣ хубтар ба хидмати Ватан – модаро омода менамояд. Алҳақ, таълимгоҳу дабистонҳо марказу маъвои илму ҳунар ва касбомӯзист.

Хизмати содиқона ба Ватан, фармудаи меҳанро фарзандвор адо намудан, ранҷу заҳмати ҳалол ба нафъи диёр, тарбияи фарзандони шоиста ва хушхулқу соҳибҳунар, шукри рӯзгор ва неъмату хуррамӣ, сулҳи пойдо ва ояндаи неки наслҳои минбаъдаро орзу намудан – ин аст рисолати муҳими аҳли ҷомеа, хосса, наврасону ҷавонони даврони муосири мо.

Бахтиёр САМАДЗОДА ҚУРБОНХОН – Муовини сардори Раёсти таъмини ташкили кори судҳо ва баррасии муроҷиатҳо.

Напечатать страницу Напечатать страницу