Спитамен: Натиҷагирӣ аз натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар семоҳаи якум

Имрӯз дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен оид маҷлис доир гардид.

Дар чамъомад, ки таҳти раёсати раиси ноҳия Темурҷон Нӯмонзода бо ҳузури намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, Раиси Суди олии иқтисодӣ муҳтарам Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Ахмедов Шарифҷон сурат гирифт, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, раисони ҷамоатҳо ва сарварони ташкилоту муассисаҳо иштирок доштанд.

Оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии Спитамен муовини якуми Раиси ноҳия Муҳаммадназар Ҷовид давоми семоҳаи авали 2022 гузориш дод.

Иттилоъ дода шуд, ки дар семоҳаи якуми соли 2022 буҷети ноҳия 101,5 фоиз иҷро гардид. Давоми семоҳаи якуми соли 2022 рушди соҳаи саноати ноҳия таъмин гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар маҷмӯъ мувофиқи ноҳия ба маблағи 143 миллиону 377,4 ҳазор сомонӣ баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 137,7 ҳазор сомонӣ зиёд, ё ин ки ба 100,1 % баробар гардидааст.

Дар гузориши муовини Раиси ноҳия таъкид гардид, ки кишоварзони ноҳия баҳри расидан ба яке аз ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва бо мақсади беҳтар гардонидани таъминоти бозори дохилӣ ва берунӣ софдилона меҳнат намуда, дар семоҳаи якуми соли 2022 дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидорӣ ба маблащи 52 миллиону 847,8 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 108,2 % маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба андозаи 4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Вобаста ба соҳаи мао­риф гуфта шуд, ки дар ноҳия 33 муассисаи таҳсилоти миёнаи ум­умӣ, 1 литсей, 2 муа­ссисаи таълимии ғайр­идавлатӣ барои хонан­дагони болаёқат, 10 муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ, 1 муасси­саи томактабии хусус­ӣ, 1 интернати назди­муассисаи таълимӣ, маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, 1 Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва 1 Маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият мебарад.

Теъдоди умумии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар соли таҳсили 2021 – 2022 32 ҳазору 78 нафар, аз ҷумла 15 ҳазору 755 нафар духтаронро ташкил намуд.

Дар соли таҳсили 2021 – 2022 миқдори умумии омӯзгорон 1935 нафарро ташкил намуд, ки аз ин шумора 1608 нафар занон ба ҳисоб мераванд. Ба маълумоти олӣ 1794 нафар (92,7 фоиз), олии нопурра 80 нафар (4,1 фоиз) ва 61 нафар (3,1 фоиз) миёнаи махсус мебошад.

Раиси ноҳия Темурҷон Нӯмонзода масъулинро вобаста ба бурду бохти соҳаҳо дар давраи ҳисоботӣ пурсиш намуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои мавҷуда ва расидан ба дастовардҳои шоиста муваззаф намуд.

Намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, Раиси Суди олии иқтисодӣ муҳтарам Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ оид ба нуктаҳои муҳими Паём ва дастуру супоришҳои Роҳбари олии мамлакат баромад намуда, ҷиҳати таъмини рушди соҳаҳо ва самаранокии самтҳои фаъолият маслиҳатҳои муфид дод.

Масъулин ҷиҳати вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ, татбиқи ҳадафҳои созандаи Пешвои миллат, сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор шуданд.

Напечатать страницу Напечатать страницу