Спитамен: таваҷҷӯҳ ба таъмини рушди кишоварзӣ

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Спитамен ин навбат намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодӣ муҳтарам Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ бо сокинон ва кишоварзони Ҷамоатҳои деҳоти Тағояк ва Куруш вохӯрӣ намуданд. Ин ташаббус ҷиҳати тарғиби корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва сазовор таҷлил намудани 35 – солагии истиқлоли давлатӣ роҳандозӣ шуд.

Дар доираи мулоқот як қатор масъалаҳои муҳими соҳаҳои иҷтимоии ноҳия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аз ҷумла, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, вусъати корҳои саҳроӣ, сифатнок анҷом бахшидани мавсими кишт ва бе талаф ба даст овардани ҳосил аз зумраи мавзӯи меҳварии мулоқот буд, ки перомуни он намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба масъулин ва сокинон расонид.

Сокинон ва кишоварзон муваззаф шуданд, ки 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифта, баҳри таъмини рушд саҳм  гузоранд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу