Омӯзиш аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба мавзӯи “Ҷавонон ояндасози миллат” – Файзоф Фаридун

Тавре маълум аст, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 21-уми декабри соли 2021 ироа гардид, ки дар он дар қатори ҳамаи дастоварду комёбиҳо ва камбудиҳои соли гузашта, инчунин, нисбат ба ҷавонон таваҷуҳи бештар зоҳир намуданд.

Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос, яъне насли ояндасози миллат ва давлат дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам овардааст. Тайи солҳои 2011–2020 дар кишвар қариб 3000 иншооти варзишӣ сохта шудааст. Аз шумораи умумии иншооти ба ифтихори 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ сохташуда, 23 фоизашро иншооти соҳаи варзиш ташкил медиҳанд, ки ин натиҷаи таваҷҷуҳ ва ғамхории Давлату Ҳукумат, пеш аз ҳама, ба наврасону ҷавонон мебошад. Ҷавонон ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии Давлату Ҳукумат ба ҳисоб мераванд.

Пешвои миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромадҳояшон таъкид менамоянд, ки ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатаре, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд. Мо бо ҷавонони бонангу номуси худ ифтихор намуда, барои рушду инкишофи онҳо минбаъд низ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонем. Итминони комил дорем, ки ҷавонони мо дар дигаргунсозии ҷомеаи навин боз ҳам фаъолона иштирок намуда, дар рушди Тоҷикистони азиз ва ҳифзи арзишҳои истиқлолият беш аз пеш саҳм мегузоранд.

Илова бар гуфтаҳои боло Пешвои миллатамон иброз доштанд, ки мо дар ҳазорсолаи сеюм ва асри пешрафти бесобиқаи илму технология қарор дорем. Барои ҳамқадами замона будан ҷавонро мебояд дар омӯзиши илмҳои дақиқу муосир, хусусан, илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ сайъу талош варзанд. Бо бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ҷомеа ба ҷойе намерасад, зеро ин омилҳо ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеаю давлат мегардад.

Бинобар ин, бояд ҳар як падару модар, баҳри азхудкунии илму дониш ва касбу ҳунар омӯхтани фарзандонашон сайъу талош намуда, шароити мусоид фароҳам оваранд.

Дар замоне, ки илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш меравад бе дониши замонавӣ, бе омӯхтани касбу ҳунарҳои муосир ва бе донистани забонҳои хориҷӣ зиндагӣ кардан бисёр душвор мегардад. Баръакс, касе ки илму дониш ва касбу ҳунар дорад, дар зиндагӣ ҳаргиз хору зор ва ба касе муҳтоҷ намешавад ва умри бобаракат мебинад.

Мо насли ояндасозро минбаъд низ бо истифода аз тамоми имкониятҳо дастгирӣ мекунем.

Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо намояндагони кишвар 21-уми майи соли 2005 иброз андеша намудаанд, ки “Шумо – ҷавонон барои тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллат, рушду ободии мамлакат, дар арсаи ҷаҳон ва миёни давлатҳои мутамаддини олам мақоми шоиста ёфтани Тоҷикистони азиз масъулияти бузург бар дӯш доред”. Ин таъкидҳо аз ҳар як ҷавон масъулияти баландро дар пешрафти кишвари соҳибистиқлоламон тақозо менамояд. Зеро Президенти кишвар кӯшиш карда истодаанд, ки ҷавонон дар дохил ва хориҷ аз кишвар ба таълим фаро гирифта шаванд ва дар оянда мутахассиси хуб шуда, ба халқу миллати худ содиқона хизмат намоянд. Ҳамин аст, ки дар ҷомеаи имрӯза дар пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонанд ба хубӣ таъмин созанд. Мавқеи фаъоли ҷавононро дар рушди Тоҷикистони азиз ба инобат гирифта, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 -ро “Соли ҷавонон” эълон намуда буданд. Ҷавонони мо аз ин таваҷҷуҳи Пешвои миллат руҳу тавони тоза гирифта, ба Модар -Ватан хизмати содиқона намудан, марзу буми онро ҳимоя кардан ва дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳушёр буданро қарзи фарзандии худ медонанд. Зеро, насли ҷавони кишвар ҳанӯз аз рӯзҳои аввали мустақилияти кишвар дар бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бо ташаккул ва амалӣ намудани самти махсуси фаъолият – сиёсати давлатии ҷавонон давра ба давра ҳамқадами Ҳукумати кишвар буданду ҳастанд. Ба назар чунин расид, ки дар “Соли ҷавонон” ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ ва созандагии ҷавонон боз ҳам боло рафта, онҳо аз худ чун пайравони асили Пешвои муаззами миллат дарак доданд. Гузашти ин сол бо хусусиятҳои хоси худ дар хотири ҷавонон ҳазорон хотира ва таассуротро ба ёд гузошт. Аз ин рӯ, аз мусоҳибонамон, ки ҳамагӣ ҷавононанд, тавсифи таассуроташонро аз ин соли таърихӣ пурсон гаштем.

Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи ҷавонони боистеъдоде, ки барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд, сол ба сол афзоиш ёфта, дар соли таҳсили 2021 ба беш аз 42 ҳазор нафар дар 25 давлати хориҷӣ расидааст.

Ҳар сол беш аз 5 ҳазор нафар ҷавонони боистеъдоди мо барои таҳсил ба мактабҳои олии хориҷи кишвар фиристода мешаванд.

Мо – ҷавонони зодаи Истиқлол, ифтихор аз он менамоем, ки ҳамеша Сарвари давлатамон нисбати мо мароқ зоҳир менамоянд. Бинобар ин, моро лозим меояд, ки ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллатамонро бо тамоми ҳастӣ қадр намуда, ҷавобан Истиқлолияти давлатии Ватани маҳбубамонро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, донишу маҳорати хешро сайқал дода, бо дилу нияти пок баҳри ободию гулгулшукуфоӣ ва муаррифии Тоҷикистони азиз дар арсаи ҷаҳон талош варзем, то Ватани азизамон то дурҳои дур, то ҷаҳон боқист, мисли имсола бо ҷавонон ҳамеша ҷавону зебо бимонад.

файзов Фаридун – Котиби маҷлиси судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Напечатать страницу Напечатать страницу