Паёми Пешвои миллат чун дастури муҳими давлатдорӣ

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат вазъи кунунии кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат барои соли 2022 ва давраи миёнамуҳлати оянда муайян гардиданд.

Он вазифаҳое, ки дар Паёми навбатии Президенти кишвар доир ба ҳалли масъалаҳои калидӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва афзалиятҳои миллӣ барои соли 2022 ва давраи миёнамуҳлати оянда гузошта шуданд, танҳо ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоии давлат, таҳкими имкониятҳои иқтисодии он ва албатта, барои боз ҳам беҳтар шудани сатҳи зиндагии сокинони мамлакат равона гардидаанд.

Дар ин раванд, ногуфта намонад, ки яке аз мавзӯъҳои марказии Паём тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ ва худшиносиву худогоҳӣ, роҳ надодан ба гаравиши онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои хатарноки ифротгаро буд. Вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, ҳамчунин воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа институтҳои илмиву таҳқиқотии кишвар муваззаф карда шуданд, ки ба таҳқиқу таблиғи масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Доир ба ҳифзи тандурустии аҳли ҷомеа, хусусан дар ин давраи идомаёбандаи пандемияи коронавируси нав, инчунин бунёди оилаҳои солим, ки аз омилҳои асосии ба воя расонидани насли ояндасози кишвар мебошанд, низ суханони мушаххас карда шуд. Аз ҷумла, Сарвари давлат дар ин Паём чунин таъкид доштанд:

«Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки бо мақсади ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои тиббиву иҷтимоӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ заминаи моддиву техникии муассисаҳои тиббиву иҷтимоиро ҷоннок намуда, доир ба дастгирии мутахассисони ҷавон, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони соҳа ва якҷо бо дигар вазорату идораҳои марбута ва соҳибкорон дар самти таъмин кардани рушди саноати дорусозӣ, аз ҷумла истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ тадбирҳои мушаххас андешад».

Дигар масъалае, ки дар Паёми навбатӣ ба он таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд – мактабу маориф буд, ки тавре ҳамагон медонем, чун самти афзалиятноки сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ эълон гардидааст. Роҳбари давлат вобаста ба муҳимияти мавзӯъ ва ҷиҳати то кадом андоза нақши калидӣ бозидани соҳаи мактабу маорифро дар раванди давлатсозӣ изҳори андеша намуданд. Дар ин маврид чунин таъкид карда шуд:

«Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем.

Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад».

Аммо дар баробари ин, Президенти мамлакат дар Паёмашон иброз доштанд, ки дар қаринаи ҷаҳонишавӣ “ба масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсилот, такмили нақшаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва тайёр кардани мутахассисони касбҳои нав эътибори ҷиддӣ дода шавад”.

Ҷоиз ба таъкиди хос аст, ки алорағми ҳамаи ин, бо вуҷуди зикри натиҷанокии тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар, тавре болотар гуфтем, асоси Паёми навбатиро таҳлилу баррасии масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар бар мегирифт.

Аз ҷумла, барои тақвият бахшидани дастгирии иҷтимоии нафақахӯрону маъюбон, кӯдакони ятим ва оилаҳои камбизоат чораҳои судманд роҳандозӣ гардида, ба ҳазорон нафар сокинон аз гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа кумакҳои иловагии иҷтимоӣ пардохт мегарданд.

Гуфта шуд, ки аз 1 январи соли 2022 музди меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  25 фоиз, аз 1 июли соли 2022 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20 фоиз, андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятими кулл ва нимятимон бинобар маҳрум шудан аз саробон ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақалли нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардида зиёд карда шавад. Инчунин, ҳадди ақалли музди меҳнат аз 1 июли соли равон 50 фоиз зиёд карда, андозаи он дар ҳаҷми 600 сомонӣ муқаррар карда мешавад.

Дар Паёми навбатӣ дастовардҳои сӣ соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ ва таҳлили худро ёфтанд. Ба қавли Президенти мамлакат, «…бояд гуфт, ки расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ва бо ҳамин роҳ аз хатари нобудӣ наҷот додани давлати тоҷикон ва аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани миллати тоҷик дастоварди бузургтарини таърихи мо дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки ба он маҳз ба шарофати дастгириву пуштибонии самимонаи мардуми шарифи Тоҷикистон муваффақ гардидем».

Ҳамзамон, Паёми навбатӣ аз ҷиҳати вақт ва муҳлату замон фарогир буд. Пешниҳоди Пешвои миллат дар бораи эълони солҳои 2022-2026 солҳои рушди саноат, зарурати қабули «Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», таҳияи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023-2030» далели ин гуфтаҳост.

Қайд кардан зарур аст, ки таҷрибаи давлатдорӣ собит намудааст, ки барои ташаккули давлат ва самаранок давлатдорӣ намудан паёмҳои роҳбарон дорои аҳамияти муҳим мебошанд. Имрӯз дар ҷаҳон роҳбарони давлатҳо ҳамасола паёмҳои худро ироа менамоянд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамасола Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ҳуҷҷати муҳими дорои аҳамияти стратегӣ ба таъмини рушди устувори кишвар мусоидат менамояд.

Гузашта аз ин, паёмҳои Роҳбари давлати мо дар ҳалли масоили печидаи ҷаҳони муосир нақши созанда ва саҳми шоиста гузошта, ба афзудани обрӯ ва нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат менамоянд. Паёмҳо гувоҳи онанд, ки дастуру супоришҳо ва талошҳои Сарвари давлат, пеш аз ҳама ба хотири ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳимояи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои ҷумҳурӣ равона гардида, чун таҳкимбахши иқтидори сиёсӣ-иқтисодии кишвар, барои таъмини шароити боз ҳам беҳтари зиндагӣ ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани обрӯи Ватани маҳбубамон нақши басо муҳим мебозанд.

Дар ин замина, ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки тамоми қувваю ғайрати хешро ба амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳое, ки аз паёмҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, равона сохта, барои ободию шукуфоии Тоҷикистон, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ талош намояд.

 

Неъматзода Муҳаммадшариф Саидхуҷа,

Сармутахассиси Раёсати таъмини ташкили кори судҳо ва баррасии муроҷиатҳои Суди Олии иқтисодии ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу