Паём: Баланд бардоштани нақш ва мақоми занон дар ҷомеа

Омӯзиш аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баланд бардоштани нақш ва мақоми занон дар ҷомеа

Тавре маълум аст, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 21-уми декабри соли 2021 ироа гашт, ки дар он дар қатори ҳамаи дастоварду комёбиҳои соли гузашта ҳамчунин оид ба баланд бардоштани нақш ва мақоми занон дар ҷомеа гуфта гузаштанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми солонаи худ ба парлумони кишвар иброз намуданд, ки Ҳукумати кишвар ба занону бонувон эҳтироми хосса зоҳир менамояд ва дар якчанд барномаҳои давлатӣ, стратегӣ ва консепсияҳо дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳоро дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила баланд арзёби намуда, онҳоро ҳамчун чароғи оила, нерӯи созандаи ҷомеа ва ҳимоятгару идомабахши беҳтарин анъанаҳои миллӣ ҳисобида  дастгирӣ намудани онҳо  ва дар сохтору мақомоти давлатӣ бештар намудани сафи онҳоро иқдоми нек ҳисобиданд.

Зан – модар мавҷуди муқаддас мебошад, ки ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла, Пайғамбари ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд.

Воқеан, мақоми зан -модар дар ислом бисёр баланд мебошад ва беҳуда нест, ки дар Қуръони карим сураи чаҳорум бо номи «Нисо» (занон) нозил шудааст.

Нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад.

Тибқи маълумоти оморӣ занон 49,3 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд.

Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд.

Ҳоло қариб 68 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм ва зиёда аз 23 фоизи онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувон мебошанд.

Занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат мекашанд.

Маҳз ба ҳамин хотир, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда, ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Бо дарназардошти ин ва бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бояд ҷиҳати то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд, дар муҳлати се моҳ «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023 -2030» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.

Бинобар ин, ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарону занон ва бонувону духтарон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон вазифаи ҷонии мо мебошад.

Дар замони истиқлолият 11 500 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд.

Дар ин давра 222 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм намуда, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар ин муассисаҳо таҳсил менамоянд.

Аз 42 ҳазор нафар донишҷӯёни мо, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ таҳсил доранд, зиёда аз 8 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд.

Бо вуҷуди дастгирӣ аз ҳуқуқу манфиатҳои занону ҷавонон дар ин самт мушкилоти ҳалталаб ҳанӯз зиёданд. Аз ҷумла, масъалаи пош хӯрдани оилаҳои ҷавон, ки шумораи онҳо сол ба сол зиёд мегардад, ташвишовар мебошад. Мувофиқи маълумоти оморӣ аз 95 500 ақди никоҳи ба қайд гирифташуда 9 ҳазори он бекор шудааст, Сабаби ин ҳолат, пеш аз ҳама, омода набудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона мебошад.

Ҳамчунин, таъкид шуд, ки дар миёни ҷавонон ҳолати никоҳи хешовандони наздик низ зиёд шуда, боиси таваллуди кӯдакони маъюб гардида истодааст. Имрӯз, дар қаламрави кишвар қариб 17 ҳазор нафар кӯдакону наврасони маъюби то 18 -сола аз ҷониби давлат нигоҳубин мешаванд, ки бештари онҳо маъюби модарзод буда, аз никоҳи хешовандӣ, инчунин аз волидайни гирифтори нашъамандӣ ба дунё омадаанд.

Сабаби дигари пош хӯрдани оилаҳо дар он аст, ки бисёре аз падару модарон фарзандонро бе муоинаи пешакии тиббӣ хонадор карда, вазъи саломатии онҳоро ба эътибор намегиранд.

Тибқи моддаи 15 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муоинаи тиббии шахсони никоҳшаванда, инчунин додани машварат доир ба масъалаҳои тиббиву генетикӣ ва масъалаҳои солимгардонии оила аз ҷониби муассисаҳои давлатии нигаҳдории тандурустии маҳалли истиқоматии онҳо ба таври ройгон ва танҳо бо ризоияти шахсони никоҳшаванда анҷом дода мешавад. Вале онҳо аз ин ҳуқуқи муқаррарнамудаи қонун истифода намекунанд.

Аз ин рӯ Сарвари давлат вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, адлия, кумитаҳои кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллиро вазифадор кард, ки масъалаи муоинаи ҳатмии пешакии тиббии издивоҷкунандагон ва пешгирӣ намудани никоҳи байни хешовандони наздикро якҷо бо мардум ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳаматарафа омӯхта, ба Ҳукумат таклиф пешниҳод намоянд, зеро ин масъала барои хушбахтии оилаҳои ҷавон бисёр муҳим аст. Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи мушкилиҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад. Бо назардошти аҳамияти масъала, мувофиқи мақсад аст, ки дар синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумӣ курсҳои махсуси таълими маърифат ва одоби оиладорӣ ба роҳ монда шаванд.

Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати кишвар вобаста ба баланд бардоштани нақш ва мақоми занон дар ҷомеа, як қатор нақшаю чорабиниҳо, барномаҳо, стратегияҳо барои солхои муайян қабул ва иҷро карда шуданд, ки ин бевосита ғамхории Сарвари давлат ва Ҳукумати кишварро нисбат ба зан -модар нишон медиҳад.

Бевосита, аввалин санаде, ки мақоми зан модарро дар ҷомеа баланд бардошту ҳуқуқҳои онҳоро дар идоракунии кишвар муайян намуд, ин қонуни асосии кишварамон-Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” аз 20-уми марти соли 2005 мебошад, ки ҳамчун ҳуҷҷатҳои сарнавиштсоз ҳуқуқҳои занонро дар соҳаи идоракунии давлат боло бурда, ба онҳо ҳуқуқ додааст, ки дар баробари мардон дар корҳои сиёсӣ ва идоракунии кишвар саҳми назаррасӣ худро гузоранд.

Мо бояд ба Ҳукумат кишвар ва роҳбари мушфиқу ғамхори худ, Пешвои миллатамон арз гузорем, ки нисбат ба занон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда барои баланд бардоштани нақш ва мақоми занон дар ҷомеа, бахусус дар корҳои сиёсӣ ва идоракунии давлат пайваста саъю кӯшиш менамоянд. Роҳбари кишвар барои дар амал татбиқ намудани тадбирҳои хирадмандонаашон ҳама гуна барномаҳо, консепсияҳо, стратегияҳо ва нақша -чорабиниҳоро қабул намуда, тавонистанд дар муддати кӯтоҳи таърихӣ нақш ва мақоми занонро баланд бардоранд.

Толибзода Дилошуб-мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳои СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу