Баргузории машғулияти семинарӣ бо судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ

26 июни соли 2026 дар толори Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти навбатии семинарии судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори семинар роҳбарият, судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳои Суди иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе иштирок намуда, масъалаҳои мутобиқи нақша пешбинишударо мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор доданд. […]


Иштироки Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми XIV байналмилалии ҳуқуқӣ.

Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода Зебонисо Файзулло рӯзҳои 24–26 июни соли 2026 дар кори Форуми XIV байналмилалии ҳуқуқии Петербург, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуданд. Иштироки ҳайати судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар форуми мазкур ба рушди ҳамкориҳои байналмилалии ҳокимияти судӣ, мубодилаи таҷрибаи пешқадами судӣ, баррасии масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ, […]


АРҶГУЗОРИ ХИЗМАТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Анқариб 30-сол мешавад, ки мардуми Тоҷикистон дар фазои сулҳомез кору зиндагонӣ доранд, ки ин бо туфайли ҷонфидоиву азму талошҳои  пайгиронаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқӯъ пайвастааст. Воқеияти маҳз аст, ки Пешвои миллат чун кафили  сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ эътироф гаштанд. Таҷрибаи сулҳофаринии ин сиёсатмадори […]


ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТ ВА КАФИЛИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

Бо эҳсоси ифтихор ва масъулияти баланд ҳамаи Шуморо ба муносибати яке аз муҳимтарин ҷашнҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик мегӯям. Имсол аз рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 29 сол сипарӣ мегардад. Ин сана дар саҳифаҳои таърихи навини Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди тақдирсоз ва оғози марҳилаи нави […]


Ваҳдати миллӣ – кафили сулҳу субот

Ваҳдати миллӣ сарчашмаи асосии бунёдкориву сарҷамъӣ ва пешбурди сиёсати давлат буда, дар таърихи мо тоҷикон, барои ба ҳам омадани миллат, муҳофизат кардани истиқлолияти комили давлат, таҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат, илму маориф ва дигар ҷанбаҳо нақши беназир дорад. Барои мо мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол 27-уми […]


Ваҳдати миллӣ ва саҳми судҳои иқтисодӣ дар таҳкими давлатдорӣ

Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин арзишҳои ҷомеаи муосир буда, омили асосии сулҳу субот, рушди иқтисодӣ ва пешрафти давлат маҳсуб меёбад. Барои мардуми Тоҷикистон Ваҳдати миллӣ на танҳо як санаи таърихӣ, балки дастоварди бузургест, ки барои бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд заминаи устувор фароҳам овардааст. Бо шарофати Ваҳдати миллӣ дар кишвар фазои орому осуда ба […]


ВАҲДАТИ  МИЛЛӢ – ОМИЛИ  РУШДИ  УСТУВОР

Барои мардуми шарафманди тоҷик чунин воқеаи фараҳбахши таърихӣ – Рӯзи Ваҳдати миллӣ мебошад, ки 29 сол муқаддам ба сарзамини аҷдодии мо сулҳу суботро ба армуғон овард. Имрӯз агар, тамоми дастовардҳои замони истиқлоли давлатиро ба ин неъмати бузург нисбат диҳем, хато намешавад, зеро маҳз баъд аз таъмини сулҳу салоҳ чархи иқтисоди кишвар ҳам ба гардиш даромада, […]


ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — РОҲ БА СӮИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКИСТОН

Ваҳдати миллӣ барои ҳифз ва рушди арзишҳои фарҳангии миллат аҳамияти бузург дорад. Маҳз дар фазои оромиву субот мардум имконият меёбанд, ки фарҳанг, забон, анъанаҳо ва суннатҳои миллии худро ҳифз намуда, онҳоро ба наслҳои оянда мерос гузоранд. Ваҳдат ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори миллиро тақвият бахшида, ҷомеаро ба сӯи созандагӣ раҳнамоӣ мекунад. Дар саҳифаҳои таърихи ҳар […]


ТАҶЛИЛИ 29-СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

19 июни соли 2026 дар бинои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни чорабинӣ муовини якуми Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Сайдалӣ Сабзалӣ баромад намуда иброз намуданд, ки Ваҳдати миллӣ яке аз бузургтарин дастовардҳои даврони […]


16 июн дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор шуд.

16 июн дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор шуд. Тибқи рӯзнома дар ҷаласа 47 масъала баррасӣ гардид. Аъзои Шӯрои Маҷлиси миллӣ бо тартиби муқарраргардида Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид […]