ФЕМИДА – РАМЗИ АДОЛАТ, БАРОБАРӢ ВА ҚОНУНИЯТ

Агар ба саҳифаҳои таърих назар афканем фалсафаи Юнони қадим дар қатори дастовардҳои бузурги илмӣ дар соҳаҳои гуногун дар шинохти ҳуқуқи инсон хизмати бесобиқа кардааст. Умуман дар ин кишвари бостонӣ мутафаккирон ва файласуфони бузург умр ба сар бурдаанд, ки дар ҷодаи ҳифзи ҳуқуқи инсон суханҳои пурарзиш баён намудаанд. Метавон, файласуфони зеринро ба монанди Афлотун (солҳои 427-347 […]