Таваҷҷуҳ ба соҳаи кишоварзӣ

Дар идомаи сафари корӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам аз ҷараёни ҷамъоварии ҳосили картошка дар хоҷагиҳои деҳқонии “Фотима” ва Баландқӯрғон”-и Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби Саидқӯрғон дидан намуд.   Номбурда зимни боздид ба масъулин ҷиҳати таҳкими фаъолияти кишоварзӣ супоришҳо дода, баҳри беталаф ва сифатнок анҷом додани ҷамъоварии ҳосили кишт маслиҳат дод.   манбаъ:(https://www.facebook.com/profile.php?id=61556915157912)


Дар доираи сафари кории намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти насосҳои обкашӣ дар Ҷамоати деҳоти Сарбанди ноҳияи Спитамен боздид намуданд

Боздид аз фаъолияти насосҳои обкашӣ Дар доираи сафари кории намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Рустам аз фаъолияти насосҳои обкашӣ дар Ҷамоати деҳоти Сарбанд боздид сурат гирифт. Аз ҷумла, масъулин аз насосҳои обкашии “Новая” ва “Нов-1” дидан намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки аз ҳисоби маблағи буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд […]


Сафари кории намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Рустам ба ноҳияи Спитамен

Боздид аз иншоотҳои ҷашнӣ Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Рустам ба ноҳияи Спитамен дар доираи сафари корӣ аз як қатор муассиса ва иншоотҳо дидан намуд. Аз ҷумла, дар доираи ин ташаббус мавсуф ҳамроҳ бо Раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯмонзода ва масъулини сохторҳои дахлдор аз фаъолияти мактаб -интернати назди шуъбаи маориф боздид […]


Вохӯрии судманд бо кормандони Ҷамъияти саҳомии кушодаи НБО “Роғун” дар ҳошияи Соли маърифати ҳуқуқӣ

Дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи НБО “Роғун” бо мақсади дар амал татбиқ намудани Соли маърифати ҳуқуқӣ вохӯрии муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода З.Т. ва судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинӣ Н.Б. бо кормандони Ҷамъияти саҳомии кушодаи НБО “Роғун” баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода З.Т. […]