Ҳимояи бомуваффақи рисолаи номзадӣ муборак!

Санаи 7 майи соли равон, муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Зебонисо Файзулло рисолаи номзадии худро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи ихтисоси 12.00.03 – Ҳуқуқи гражданӣ; ҳуқуқи соҳибкорӣ; ҳуқуқи оилавӣ; ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ дар шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-O18 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бомуваффақият ҳимоя намуд. Муҳаққиқ дар таҳқиқоти худ […]


15 май-Рӯзи байналмилалии оила. Оила сарчашмаи хушбахтии инсон аст.

Оила ҳамчун ҷузъи таркибии ҷомеа аз воҳидҳои гуногун таркиб ёфтааст ва алоқаи табии байни онҳо ҳамчун занҷири байни наслҳо ҳамеша дар инкишоф ва мустаҳкамӣ нигоҳ дошта мешавад. Таҳкурсии ҳар як фарди солим ва нерӯманд ба ҳамдигарфаҳмӣ, самимияту меҳрубонӣ, муҳаббати инсонии оилаҳо вобастагии қавӣ дорад. Оила  гурӯҳи хурди ҷамъиятӣ, офаранда ва бахшандаи ҳаёт, бақои ҷомеа аст. […]


Боздид аз Китобхонаи миллӣ

15 майи соли 2024, кормандони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд. Китоб сарчашмаи дониш аст, моро бо гузаштаи дуру наздик мепайвандад, бо ҳаёти имрӯз, бо фарҳанги мардумони гуногун ошно месозад. Китоб моро дарси мардонагӣ, дарси одамият меомӯзад. Аз ин рӯ, китоб дӯсти беҳтарини инсон ва роҳнамои зиндагист.


Оила-унсури асосии ҷомеа!

Рӯзи байналмилалии оила бо қарори Ассамблеяи генералии СММ соли 1993 эълон гардида, ҳамасола дар тамоми дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистони азизамон 15 май таҷлил мегардад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015-ро Соли оила эълон намуда буданд, зеро оила дар ҳама давру замон ҳамчун арзиши олии ҷомеа ҳисобида мешавад. Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик […]