Машғулияти семинарӣ бо судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  машғулияти семинарии навбатии судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар семинари машғулияти, ки бо иштироки роҳбарият ва судяҳо баргузор гардид, дар мавзуъҳои “Супориши судӣ ва тартиби иҷрои он тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилаӣ ва конунгузории миллӣ” – судяи Суди Олии иқтисодӣ Қаландарзода М  ва  […]


«ИСТИҚЛОЛ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ҚОНУНГУЗОРӢ». Ҳамоиш дар Суди Олии иқтисодӣ

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ бо иштироки судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ дар мавзӯи «Истиқлол ва рушди забони давлатӣ дар қонунгузорӣ» ҳамоиши илмию амалӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш Раиси суди олии иқтисодӣ Рустам Мирзозода забони тоҷикиро аз қадимтарин ва пурмаҳсултарин забонҳои ҷаҳон дониста, иброз намуд, ки масъалаи […]


Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

29 сентябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат нахуст “Оид ба рафти иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва […]


Маҷлиси Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии Раиси Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам Пираҳмад, маҷлиси Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлис шикоятҳои назоратии ҷамъиятҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, бонк, кумита ва эътирози Раиси Суди Олии иқтисодӣ доир ба парвандаҳои иқтисодӣ барраси карда шуд. Аз он ҷумла шикояти назоратии […]


ИСТИҚЛОЛИЯТ – РОҲИ ИМРӮЗУ ОЯНДАИ ПЕШРАФТИ МИЛЛАТ

Аз рӯзҳои нахустини бунёди давлати соҳибистиқлолии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, таъкид менамуданд, ки мо ҷонибдори бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳастем. Воқеъан, ҳамин ягона роҳе ҳаст, ки метавонад ниёзҳои қишрҳои гуногуни ҷомеаи моро амалӣ созад. Илова бар ин, Пешвои муаззами миллат дар самти эҳёи арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба […]


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Самарқанд дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ иштирок карданд

16 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок карданд. Дар чорабинӣ, ки дар доираи раёсати Узбекистон дар Созмони ҳамкории Шанхай дар ҳайати маҳдуд ва доираи васеъ баргузор шуд, сарони давлат ва ҳукуматҳои кишварҳои […]


Шукри истиқлол мегўем мо – Мадина Қурбонова, ёрдамчии судя

Бо зуҳури Истиқлол, чун неъмати бебаҳо ва гаронмоя миллати азиятдидаву ранҷкашидаи тоҷик соҳибистиқлол гардид. Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки дар асри 20-ум ба даст омадааст. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву сафоро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони […]


Спитамен: Иштироки Раиси Суди Олии иқтисодӣ дар чорабинии тантанавӣ ва барномаи фарҳангӣ бахшида ба 31 – умин солгарди Истиқлоли давлатӣ

Дар ноҳияи Спитамен аз 31 – умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳомати баланд таҷлил карданд. Дар доираи ин ибтикорот чорабинии тантанавӣ ва барномаи фарҳангӣ ба намоиш гузошта шуд, ки ҷиҳати тамошои он сокинони ватандӯсту худшиноси ноҳия ба ҳам омаданд. Дар чорабинӣ Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам, муовини Раиси вилояти Суғд […]


Ифтитоҳи Майдони “Истиқлол” ва Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол” дар шаҳри Душанбе

8 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт ба ифтихори 31-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ Майдони “Истиқлол” ва Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол”-ро ифтитоҳ карда, дар барномаи бошукуҳи фарҳангӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Нахуст […]


Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 31-солагии истиқлоли давлатӣ

Ҳамватанони азиз! Истиқлоли давлатии Тоҷикистон – рӯйдоди таърихие, ки дар ҳаёти миллати куҳанбунёди тоҷик гардиши кулливу сарнавиштсозро ба вуҷуд овард ва мардуми мо ба шарофати ин падидаи зиндагисоз тақдири ояндаи давлату миллати худро ба дасти хеш гирифтанд, 31-сола шуд. Ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузург тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро сидқан […]