Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30 июн таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар кори маҷлис нахуст ҳисоботи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон Сафармаҳмад Раҳимзода “Оид ба рафти иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва […]


Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

Имрӯз дар Қасри миллат музокироти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин, ки бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф оварданд, баргузор гардид. Зимни мулоқот сарони ду давлат вазъи кунунӣ ва дурнамои тамоми маҷмӯи шарикии стратегӣ ва муносибатҳои  ҳампаймонии Тоҷикистону Русияро мавриди баррасӣ […]


Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ

Ҳамватанони азиз! Дар таърихи ҳар як халқу миллат воқеаҳое рӯй медиҳанд, ки ҳамчун маҳсули ақлу хиради ҳамон миллат барои пойдории давлат аҳаммияти бузурги ҳаётӣ дошта, ба наслҳои минбаъда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунанд. Барқарор гардидани сулҳу субот ва расидан ба ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик аз ҷумлаи ҳамин гуна рӯйдодҳои таърихӣ мебошад, ки имрӯзҳо 25-солагии […]


ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – Ҷаборов Ҳикматулло

Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дар ёд доранд, ки давлати тозаистиқлололамон дар солҳои 1992 – 1997-уми асри гузашта ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шуда, тамоми соҳаҳои иқтисодии мамлакат фалаҷ гардид ва давлатро бӯҳрони амиқи сиёсӣ фаро гирифт. Чунин вазъи пурфоҷиа  хатари аз байн рафтани  давлат ва парокандагии миллатро пеш оварда буд. Сабабҳои ба амал омадани ин […]


Ваҳдати миллӣ – ваҳдати тамоми мардуми Тоҷикистон аст

Имсол ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон бисту панҷ сол сипарӣ мешавад ва мардуми шарафманди бузӯрги миллати тоҷик ин Рӯзро мутобиқи қонун дар сатҳи давлату Ҳукумати мамлакат аз хурд то бузӯрг ҷашн мегиранд. Қобили қайд аст, ки ба шарофати ба имзо расидани ин Созишномаи тақдирсоз миллати тоҷик бо сарварии Пешвои муаззами […]


ИНКИШОФИ ҚОНУНГУЗОРИИ САРМОЯГУЗОРӢ ДАР ТОҶИКИСТОНИ МУОСИР:МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО – Асрорзода З

Дар низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ пурра ислоҳоти ҳуқуқӣ гузаронида шуд. Дар баробари пешрафти соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ вазъи ҷомеа низ таѓйир ёфта, барои ба танзим даровардани муносибатҳои муҳимми ҷамъиятӣ зарурати қабули санадҳои нав ва ё ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда пеш меояд. […]


Машварати кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон

18 июн дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон машварати корӣ доир карданд. Дар машварати корӣ, ҳамчунин, муовинони Сарвазир, роҳбарони вазорату идораҳо ва муассисаву ташкилотҳои давлатӣ, Прокурори генералӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва […]


Гармии нури Ваҳдат таскинбахши қалбҳои мо – Атои Бахтиёр

Баъди чанд рӯз мардуми Тоҷикистон яке аз санаҳои таърихӣ – Иди Ваҳдати миллиро ҷашн мегиранд. Ваҳдат ба тоҷикон оромию осоиштагӣ ва муҳимтар аз ҳама, дар қалби онҳо умед ба ояндаи некро ба вуҷуд овард. Маҳз бо шарофати дастфишорӣ ва дасти ҳам гирифтани ҷонибҳои мухолиф имконият пайдо шуд, ки вазъи ҷомеа муътадил шавад. Ин ҳолат ба […]


Оғози сафари кории Прешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон ва ифтитоҳи Парчам ва Нишони давлатӣ дар ноҳияи Ҷайҳун

Субҳи рӯзи 16 июн Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷом додани сафари корӣ ба як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Ҷайҳун ташриф оварданд. Дар маркази ноҳияи Ҷайҳун Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд. Президенти Ҷумҳурии […]


Маросими гусели корманди дастгоҳи СОИ ҶТ Исмоилов Амирҳамза, ки ихтиёран ба хизмати ҳарби сафарбар гардид

Дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими гусели корманди дастгоҳи суд Исмоилов Амирҳамза ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид. Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ, Исмоилов Амирҳамзаро барои шуҷоату мардонагӣ табрику таҳният гуфта, сипосмандии роҳбарияти судро ба волидони Исмоилов Амирҳамза барои тарбияи чунин писари бо нангу номус, расонид. Мавсуф қайд намуд, […]