Спитамен: аёдати тарбиятгирандагони интернати назди муассисаи таълимии ноҳия дар арафаи иди фирт

Санаи 30 апрели соли 2022 дар идомаи ғамхориҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаққи  ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманад ва дастгирии онҳо,  Раиси Суди олии иқтисодии Ҷумхурии  Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда бо ҳамроҳии Раиси ноҳияи Спитамен Нӯмонзода Темурҷон ба аёдати тарбиятгирандагони интернати назди муассисаи таълимии ноҳияро ташриф оварда ба онҳо туҳфаҳои идова на маҳсулоти хурока […]


Кумак ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва шахсони ниёзманад дар арафаи иди фитр

Ғамхорӣ дар ҳаққи  ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманад ва дастгирии онҳо дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҷумлаи самтҳои муҳим буда, дар тамоми қаламрави мамлакат гурӯҳои зикршудаи аҳолӣ аз ҳар як  иқдому ибтикори хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баҳраманд мегарданд. Ҳамчунин дасти кумак дароз намудан […]


Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ва ифтитоҳи марҳилаҳои 3 ва 4-уми Маҷмааи нассоҷии ҶСП “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил”

28 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ташриф оварданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва роҳбарияти ноҳияи Данғара самимона истиқбол гирифтанд. Дар ноҳияи Данғара Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст марҳилаҳои 3 ва 4-уми Маҷмааи нассоҷии […]


Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

26 апрел таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар кори маҷлис нахуст Дар бораи ҳисоботи раиси Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ, дар бораи вазъи таҳсили […]


Суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором

Муҳтарам ҷаноби Раис, Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш аз ҳама мехоҳам ба Ҳукумати Ҷопон барои ташкили ин Ҳамоиш самимона изҳори сипос намоям. Боиси қаноатмандист, ки Ҳамоиши имрӯза мавзӯи “Об барои рушди устувор: Таҷрибаи пешқадам ва насли оянда” – ро ҳадафи худ қарор додааст. Соли  2007 дар шаҳри зебои Беппу дар Саммити нахустини оби Осиё ва Уқёнуси […]


Нақши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ” дар рушди фазои сармоягузорӣ

Асоси рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти ҳар як давлат ва ҷомеа аз ҷалби сармоя вобастагӣ дорад. Маҳз истифода ва ҷалби сармоя боиси бунёди инфрасохтори зарурӣ, аз қабили мактабу беморхонаҳо, корхонаҳои саноатию энергетикӣ, роҳҳою нақбҳо буда, метавонад дар муҳайё намудани шароити арзандаю созгор барои аҳолии кишвар мусоидат намояд. Аз ин ҷост, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, […]


Хизмат ба Ватан нишони волои ҷавонмардист – Самадзода Бахтиёр

Имрӯзҳо давраи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар пойтахт ва ҳама гӯшаву канори ҷумҳурӣ бо як рӯҳияи баланд ва дар асоси арзишҳои милливу анъанаҳои пешқадам бо баргузории чорабиниҳои зиёд, аз қабили “Рӯзи даъватшаванда”, “Муҳофизи Ватан” бо ба роҳ монондани мафҳилҳои ҷолиби ҳарбию варзишӣ, фарҳангию маърифатӣ ҷараён дорад ва тадбирҳои мазкур натиҷаҳои дилхоҳ дода истодааст. Бешубҳа, […]


Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва ба истифода додани корхонаи маъдантозакунии ҶСП “ТАЛКО Голд” дар ноҳияи Айнӣ

14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун, боздид аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Айнӣ […]


Спитамен: Натиҷагирӣ аз натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар семоҳаи якум

Имрӯз дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен оид маҷлис доир гардид. Дар чамъомад, ки таҳти раёсати раиси ноҳия Темурҷон Нӯмонзода бо ҳузури намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, Раиси Суди олии иқтисодӣ муҳтарам Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Ахмедов Шарифҷон сурат гирифт, […]


Спитамен: таваҷҷӯҳ ба таъмини рушди кишоварзӣ

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Спитамен ин навбат намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодӣ муҳтарам Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ бо сокинон ва кишоварзони Ҷамоатҳои деҳоти Тағояк ва Куруш вохӯрӣ намуданд. Ин ташаббус ҷиҳати тарғиби корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва сазовор таҷлил намудани 35 – солагии истиқлоли давлатӣ роҳандозӣ шуд. Дар доираи мулоқот як қатор […]