26 октябри соли 2021 дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Суди Олии иқтисодӣ, муовинони Раиси Суди Олии иқтисодӣ, судяҳо ва кормандони судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида Рӯзи кормандони мақомоти судӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкурро Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қаландарзода Мавлуда оғоз намуда кормандонро ба муносибати таҷлили иди […]
Рӯзи кормандони мақомоти судӣ муборак
Роҳбарияти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо беҳтарин орзуву ниятҳо судяҳо ва тамоми кормандони судҳои иқтисодии ҷумҳуриро бо иди касбӣ – Рӯзи кормандони мақомоти судӣ табрику таҳният менамояд. Амалӣ намудани адолати судӣ вазифаи пурифтихор, бошараф ва масъулиятнок мебошад, ки ба зиммаи мо судяҳо вогузор карда шудааст. Бобати дар сатҳи баланди касбӣ амалӣ кардани ин рисолат […]
Идомаи сабзу хуррамгардонии гирду атрофи суд дар шанбегҳо
Имруз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади идома додани сабзу хуррамгардонии гирду атрофи суд шанбегӣ баргузор гардид. Дар шанбеги роҳбарият ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок варзида баҳри сабзу хуррмагардонии гирду атрофи бинои суд дар майдони назди бино корҳои нармкунии дар зери гулу даррахтон гузарониданд.
Иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
15 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври маҷозӣ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко баргузор гардид. Дар кори ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон […]
Паёми шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни бостонии Меҳргон, ки мероси гаронбаҳои маънавии ниёгонамон мебошад, самимона табрик мегӯям. Ҷашни Меҳргон дар таърихи тамаддуни мардумони ориёитабор аз ҷумлаи ойинҳои бисёр арзишманде мебошад, ки ба туфайли заминаву фазилатҳои муҳимми табиӣ, иҷтимоӣ ва маънавии худ то ба рӯзҳои мо расидааст. Меҳргон ҷашни тирамоҳии сол ба шумор рафта, гузаштагони […]
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО
14 октябр дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО иштирок ва суханронӣ карданд. Дар ин чорабинӣ, ки ба 75 – умин солгарди таъсисёбии ЮНЕСКО рост омад, Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле ва шумораи зиёди намояндагони […]
Спитамен: Нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нуӯҳмоҳаи якуми соли 2021
Санаи 14 октябри соли 2021 дар ноҳияи Спитамен маҷлиси ҷамъбастии фаъолон оид ба рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нӯҳмоҳаи якуми соли 2021 баргузор гардид. Дар маҷлис намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Саидимомхӯҷа Акбаров иштирок намуданд. Ҳамчунин, дар кори […]
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхонаи Гимей Ҷумҳурии Фаронса
13 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эманнуэл Макрон дар маросими ифтитоҳи Намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхонаи Гимейи Ҷумҳурии Фаронса иштирок карданд. Ин тадбир дар доираи таҳкими муносибатҳои ҳамкории ду кишвар дар бахши фарҳанг роҳандозӣ гардида, саҳми […]
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти патдори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Органик Ян” -ро ифтитоҳ намуданд.
8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти патдори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Органик Ян” -ро ифтитоҳ намуданд. Корхонаи “Органик Ян” соли 2018 аз тарафи соҳибкори ватанӣ Давронҷон Аҳмедов дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд таъсис дода шуда, самти фаъолияташ ба […]
Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии “Саидмурод Саркор” дар ноҳияи Спитамен
8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Спитамен аз хоҷагии деҳқонии “Саидмурод Саркор” дидан намуданд. Хоҷагии мазкур дорои 320 гектар, аз ҷумла 84 гектар замини корами обӣ буда, саҳмдорон кишту парвариши ҳама намуди зироатро ба роҳ мемонанд. Сохтори кишти хоҷагиро дар соли равон 6 гектар […]