8 сентябр дар толори Кохи Борбад ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Тантанаи бошукӯҳи идона бо ворид шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба толор ва садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз шуд. Дар ҷамъомади тантанавӣ аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони идораҳои […]