Форуми XI байналмилалии ҳуқуқии минтақаи Осиё ва Уқёнусия ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар самти адолати судӣ ва ташаккули интегратсияи иқтисодӣ

Санаи 30 -юми сентябри соли ҷорӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар самти адолати судӣ ва ташаккули интегратсияи иқтисодӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнусия Форуми XI байналмилалии ҳуқуқии минтақаи Осиё ва Уқёнусия доир гардид. Дар он муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода З., судя Саид С. ва роҳбари дастгоҳи суд Қаҳҳорзода Ҷ.  иштирок намуданд. Форуми […]


мизи мудаввар дар мавзӯи “Иттиҳоди зан-судяҳо: таҳияи нақшаи амалҳо ва чорабиниҳо ҷиҳати тақвияти иқтидори кории он”

Санаи 28-уми сентябри соли 2021 сардори раёсати коргузорӣ ва назорат Ҳусейнзода Ф.А., раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Абдуллозода Зебо, судяҳои суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода Зумрад ва Саидзода Зулфия дар мизи мудаввар дар мавзӯи “Иттиҳоди зан-судяҳо: таҳияи нақшаи амалҳо ва чорабиниҳо ҷиҳати тақвияти иқтидори кории он”, ки дар А меҳмонхонаи “Хаят” баргузор гардид, иштирок намуданд. […]


Спитамен: Боздид аз ҷараёни корҳои ободони ва созандагӣ

25 сентябр Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда  бо мақсади шиносоӣ бо корҳои  сохтмонӣ  дар  иншоотҳои иловагии ҷашнӣ ба  ноҳияи Спитамен сафар намуда бо ҳамроҳии раиси ноҳия Темурҷон Нуъмонзода нахуст аз  корхонаи коркарди шири хушк дар ноҳия  дидан намуданд. Корхонаи коркарди шири қоқ, ки дар ноҳия сохта мешавад аввалин коргоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, […]


Суханронии Пешвои миллат дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид

Муҳтарам ҷаноби Раис, Муҳтарам ҷаноби Дабири кулл, Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш аз ҳама, мехоҳам Раиси иҷлоси навбатии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Абдулло Шоҳидро ба муносибати интихоб шуданашон ба ин маснад табрику таҳният намоям. Ҳамкорони гиромӣ, 9 сентябри соли ҷорӣ мардуми шарифи Тоҷикистон рӯйдоди басо таърихӣ ва хотирмон – 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии кишварро […]


Эълон: Ба таваҷӯҳи шахсони иштирокунандаи парвандаҳои иқтисодӣ

Ба маълумоти даъвогарон, ҷавобгарон, шахсони сеюм, шахсони манфиатдор, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ мерасонем, ки бо мақсади таъмини баррасии саривақтии парвандаҳои иқтисодӣ ва риояи дақиқи муқаррароти моддаҳои 124, 134 ва 135 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоҳиш менамоем, ки ҳангоми муроҷиат ба судҳои иқтисодӣ дар ариза, аризаҳои даъвогӣ, шикоятҳо ва дархостҳо СУРОҒАИ ПОЧТАИ ЭЛЕКТРОНӢ  ба […]


Мулоқоти сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар мавзуъи Афғонистон

Баъди анҷоми кори ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар толори Зарандуди Кохи Наврӯз дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СААД ва СҲШ мулоқоти сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар мавзуъи Афғонистон баргузор гардид. Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад карда, таваҷҷуҳи сарони давлатҳо ва ҷомеаи […]


Иштироки Пешвои миллат дар Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД)

16 сентябр дар Қасри миллат Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба кори худ оғоз кард. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни ҷаласа, сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро самимона истиқбол гирифтанд. Дар кори ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмон […]


Суханронии Пешвои Миллат ба ифтихори 30-солагии истиқлоли давлатӣ дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиро ба ифтихори сиюмин солгарди истиқлоли давлатӣ – ҷашни бузургтарину муқаддастарини миллии мардуми шарафманди Тоҷикистон самимона табрик мегӯям. Бо ифтихору хушҳолии зиёд иброз медорам, ки ин ҷашни сарнавиштсозро тамоми сокинони мамлакат чанд рӯз инҷониб дар фазои сулҳу субот, бо рӯҳияи баланди ватандорӣ ва қаноатмандиву шукргузорӣ аз дастовардҳои […]


Иштироки Пешвои миллат дар тантанаҳои идонаи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар “Наврӯзгоҳ” – и пойтахт

9 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар тантанаҳои бошукуҳи идонаи ҷашни 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ки дар “Наврӯзгоҳ” – и пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд. Дар чорабинии идона […]


Спитамен: Истиқбол аз истиқлол, Барномаи фарҳангии театрикунонидашуда дар варзишгоҳи марказии ноҳия

Намояндагони касбу кори гуногуни ноҳияи Спитамен аз 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутантан таҷлил доранд. Ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтан аз 30 соли истиқлол бо ташаббуси мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия силсилаи ташаббусҳои зарурӣ идома дорад. Дар доираи ин ибтикорот шоми гузашта дар варзишгоҳи марказии ноҳия барномаи фарҳангии театрикунонидашуда ба намоиш гузошта шуд, ки […]