Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

31 март таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори маҷлис “Дар бораи Барномаи аз худ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ барои солҳои 2016-2020” ва тадбирҳои анҷомдодашуда дар самти сарфаҷӯии нерӯи […]


Таҷлили Наврӯз дар ноҳияи Спитамен

Имрӯз дар Қасри фарҳанги Куруши ноҳияи Спитамен ба муносибати  ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ   чорабинии тантанавӣ доир шуд. Дар чорабинӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ, раиси ноҳия Нӯмонзода Темурҷон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Бахтиёр Ҳикматулло ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Фаррух Мақсудзода […]


Дастгирӣ ва аёдати оилаҳои ниёзманд дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз

Дар арафаи ҷашнгири иди Наврӯзи оламафрӯз Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари гурӯҳи кории ҳукуматӣ дар ноҳияи Спитамен ҷиҳати тачлили бошукуҳӣ 30 – солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қаландарзода Мавлуда бо мақсади иҷрои барқияи ҳукуматӣ  вобаста ба таҷлили иди байналмилалии Наврӯз ба ноҳияи Спитемен сафар намуданд. Имрӯз Қаландарзода М.С. бо ҳамроҳии намояндагони мақомоти […]


Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Наврӯз

Ҳамватанони азиз! Хурду бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик мегӯям. Наврӯз ҳамчун бузургтарин ойини мардумӣ ҳанӯз аз оғози пайдоиши он то ба имрӯз, ки таърихи беш аз шаш ҳазор солро дар бар мегирад, ҳамчун рамзи сари сол, яъне айёми баробаршавии шабу рӯз, эҳёи табиат, оғози мавсими […]


Иштироки Пешвои миллат дар чорабинии сатҳи баланд – “Татбиқи ҳадафу вазифаҳои Рӯзномаи 2030 роҷеъ ба масъалаҳои об”

18 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд – “Татбиқи ҳадафу вазифаҳои Рӯзномаи 2030 роҷеъ ба масъалаҳои об”, ки дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк ба таври маҷозӣ баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карданд. Мавриди зикр аст, ки чорабинии мазкур дар асоси […]


ҶАШНИ НАВРӮЗ – Котиби маҷлиси судӣ: Ҷаборов Ҳикматулло

Наврӯз ҷашнест созандаву сулҳовар, муттаҳидкунандаи инсонҳо ва таблиғкунандаи дӯстию рафоқат, баробарӣ, адолату додгустарӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсон. Ин ҷиҳати масъаларо ба эътибор гирифта, Созмони Милали Муттаҳид санаи 23-юми феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-уми Асамблеяи генералӣ қароре ба тасвиб расонд, ки тибқи он рӯзи 21-уми мартро “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” эълон намуданд. Мувофиқи он акнун Наврӯз ҳамасола дар […]


Натиҷаи озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давалтӣ ҷамъбаст гардид

Рӯзҳои 17-18 марти соли 2021 дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври дуюми озмун барои довталабоне, ки дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ ҳуҷҷат супорида буданд, баргузор гардид Тибқи Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ барои муайян кардани сатҳи дониш ва омодагии касбии […]


Наврӯз ва адолат – корманди дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ Эмомализода Н.Э.

Ҷашни Наврӯз яке аз ҷашнҳои муҳташами бостонии мардуми тамаддунофари тоҷик аст, ки гузаштагони мо тули асрҳо онро бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирифтанд ва то ҳол қадру манзалати худро нигоҳ дошта ба сатҳи байналмиллалӣ расидааст. Илова ба он ки Наврӯз ҷашни оғози сол, бедории табиат ва оғози кишту кор ба шумор меравад, инчунин ҷашнест, ки […]


Наврӯзи оламафрӯз хонаву кошонаи мардуми моро нуру зиё мебахшад

Ҷашни Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарини бостонии мардуми тоҷик аст, ки гузаштагони мо тули асрҳо онро бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирифтанд ва то ҳол қадру манзалати худро нигоҳ дошта ба сатҳи байналмиллалӣ расидааст. Илова ба он ки Наврӯз ҷашни оғози сол, бедории табиат ва оғози кишту кор ба шумор меравад, инчунин ҷашнест, ки дар […]


Рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои соли 2021 тасдиқ гардид

Дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардид. Рамзи якум арчамонанд буда, аз ҳафт табақ иборат мебошад. Ҳамаи табақҳо аз давраҳо иборат буда, мазмуни гардиши фалак ва коинотро ифода менамояд. Ҳар давра бо нақшу […]