Аёдати кӯдакони ятиму фарзандони оилаҳои камбизоат дар арафаи Соли нави мелодӣ

Дар арафаи соли нави мелодӣ Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода М.С. ба интернати наздимактабии ноҳияи Спитемен, ки дар он кӯдакони ятиму фарзандони оилаҳои камбизоат тарбия мегиранд, ташриф оварда ба онҳо туҳфаҳои солинавӣ аз ҷумла, як адад компютери замонавӣ бо тамоми таҷҳизотҳояш ва таҷҳизоти аудидои барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, инчунин туҳфаҳои солинавӣ тақдим […]


Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30 декабр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори маҷлис нахуст Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2021 баррасӣ карда шуд. Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон […]


Баҳодиҳии фаъолияти корманди дастгоҳи суд

Санаи 29 декабри соли 2020 дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қоидаҳои гузаронидани баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 19  июли соли 2019, №1287 тасдиқ карда шудааст, баҳодиҳии фаъолияти ҳар як корманди дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳури Тоҷикистон баргузор гардид. Баҳодиҳии кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ бо мақсади […]


Ба таваҷӯҳи шахсони иштирокчии парвандаҳои иқтисодӣ

Ба маълумоти даъвогарон, ҷавобгарон, шахсони сеюм, шахсони манфиатдор, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ мерасонем, ки дар сомонаи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон почтаи электронии ҳар як судя фаъолият дорад. Шахсони иштирокчии парвандаҳои иқтисодӣ метавонанд бо ҳар як судя бо тариқи почтаи электронӣ корбарӣ намоянд. Аз ин рӯ, бо мақсади таъмини баррасии саривақтии парвандаҳои иқтисодӣ ва […]


Ба кор даровардани ҶДММ «Комбинати орди Душанбе»

16-уми декабри соли 2020 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Комбинати орди Душанбе» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. «Комбинати орди Душанбе», ки зиёда аз 30 […]


ДАСТОВАРДҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Тоҷикон аз қадимулайём миллати озодпарасту озодихоҳ буданд. Солҳои сол дар дил орзуи озодиро мепарвариданд. Бо амри тақдир ва бар асари таҳаввулоти фарогирии сиёсиву иҷтимоии ибтидои солҳои 90- уми асри гузашта халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳё ва эъмори давлати миллии худ ноил гардид. Истиқлолият дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик ин воқеаи хеле […]


Мӯъмин Қаноат

Мӯъмин Қаноат – шоир, ходими давлатӣ, Шоири халқии Тоҷикистон. Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1991), Дорандаи Ҷоизаи давлатии ИҶШС (1977), Дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1980). Устод Мӯъмин Қаноат 2 майи соли 1932 дар деҳаи Курговад дар Дарвоз дар хонаводаи кишоварз ба дунё омадааст. Таҳсилоташро дар мактаби рустояш фаро гирифта, сипас дар […]


Муҳаммад Осимӣ

Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ (1920—1996) – файласуф, доктори илмҳои фалсафа (1971), академики Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1965), Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1978). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1965—1988). Муҳаммад Осимӣ Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм кардааст (1941). Солҳои 1941—1946 дар сафҳои Армияи Шӯравӣ хизмат ва дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок кардааст. Солҳои 1946—1952 мудири кафедраи физика […]


Бадахшон макони сайёҳист

Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муарификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Пайдоиши сайёҳӣ дар дунё аз ҳисоби муносибатҳои тиҷоратӣ дар байни давлатҳо ба миён омадааст. Сайёҳӣ барои васеъ гардидани ҷаҳонбинӣ, шинохти фарҳанги миллату […]


Тасдиқи рамзи 20 – солагии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи 20 – солагии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхайро тасдиқ намуданд. Рамзи мазкур дар намуди адади «20» дар шакли мудаввар кашида шуда, дар қисми болоии он парчамҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, дар қисми поёнӣ – атлас, ҳамчун нишонаи фарҳанги мардуми тоҷикон ва […]