26- солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – санади муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ ба давраи басо душвори таърихи навини тоҷикон, рост омад. Халқи тоҷик бори нахуст 6 ноябри соли 1994 тариқи райпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд, ки он поягузори истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, таъминкунандаи асосҳои низоми сиёсиву ҳуқуқии кишвар ва муайянкунандаи самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ҷомеа […]