Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандон бахшида ба рӯзи 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид.
Ҷамъомадро Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода М.С. оғоз намуда доир ба таърих ва муҳимияти таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханрони намуданд.
Қаландарзода М.С. қайд намуданд, ки Қуввахои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолияти давлатӣ буда, ҳимоятгари воқеии истиқлоли Ватан, амнияти кишвар ва сулҳу суботи мамлакат мебошанд. Ҳукумати Тоҷикистон барои боз хам баланд бардоштани қудрати мудофиавии кишвар тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 бо талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити мушкил таъсис ёфта, марҳилаҳои ниҳоят вазнинро тай кард ва имрӯз ба сипари боэътимоди Ватан ва таъминкунандаи амнияти мамлакат мубаддал гаштааст
“Дар Паёми имсолаӣ хеш ба Маҷлиси Олӣ Пешвои муаззами миллат махсус таъқид карданд, бо дарназардошти торафт мураккаб гардидани вазъияти минтақа ва ҷаҳон, инчунин, бо мақсади ба таври боэътимод таъмин кардани амнияти давлат ва ҷомеа ба Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки ба масъалаҳои мунтазам беҳтар кардани шароити хизмат ва зиндагии афсарону сарбозон, аз лиҳози техникиву таҷҳизот навсозӣ кардани Қувваҳои Мусаллаҳ ва махсусан, Қӯшунҳои сарҳадӣ, ташкили дурусти ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, бо лавозимоту таҷҳизот таъмин кардан, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва омодабошии онҳо эътибори аввалиндараҷа диҳанд.”.
Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори муқовимати мусаллаҳонаи дохилӣ ва ҷанги тахмилии шахрвандӣ қарзи фарзандии худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон содиқона иҷро карда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, яъне қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмини сулҳу субот ва мубориза бар зидди гуруҳҳои экстремистиву террористӣ саҳми басо арзишманд гузоштанд.
Дар анҷоми мизи мудаввар хайати кормандони судро бахшиба ба ин рӯз табрику таҳният намуданд.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ

