Паёми Президенти мамлакат, Пешвои муҳтарами миллат Эмомалӣ Раҳмон мисли ҳамеша аз ҳар ҷиҳат фарогиру пурмуҳтаво мебошад.
Яке аз ҷиҳатҳое, ки дар Паём баён гардид ин рушди илму маориф ва беҳтар намудани шароит барои толибилмон, омӯзгорон, нависандагон, шоирон, олимон ва аҳли зиё мебошад. Ҳамаи мо хуб медонем, ки сардори давлатамон дар сиёсати худ пеш аз ҳама маорифро гузоштаанд ва дар Паём низ қайд карданд, ки “Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”.
Воқеан, ҷои хушнудист, ки Пешвои фарҳангсарвари кишварамон ҳамеша барои эҳё ва тарғиби фарҳанги миллӣ, хусусан мероси адабии гузаштагон ва арзишҳои ахлоқии миллӣ ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд ва ҳар иқдоми дар ин самт пешгирифтаро амалан пуштибонӣ менамоянд. Паёми навбатӣ низ баёнгари ҳамин андеша буд.
Тавре ки дар Паёми навбатӣ зикр шудааст ва дар дигар суханрониҳои Пешвои миллат низ ҳамеша таъкид мешавад, тамоми ин тадбирҳову талошҳои шаборӯзӣ ҷиҳати эҳёи суннату анъанаҳои миллӣ ва тавсеаи маънавиёт ба хотири он аст, ки насли наврасу ҷавон дар оинаи таъриху фарҳанги деринсоли худ симояшонро бубинанду худро шиносанд, аз аслу насаби худ огоҳ бошанд ва фаромӯш накунанд, ки ин фарҳангу тамаддуни ҷаҳонафрӯз дар домани худ басо бузургону нобиғагонро парварида ва ба олам эхдо кардааст.
Тадбирҳои амалӣ ҷиҳати интишори ин маъниву матлаб имкон медиҳанд, ки ҷавонон дар бораи чӣ тавр ба шоистагӣ идома додани корномаи илмиву адабиву фарҳангии гузаштагон андеша кунанд ва дар ин масир собитқадам бошанд. Нуктаи дигари марбут ба фарҳангу адаб дар Паём ёдоварӣ аз озмунҳои илмиву маърифатии ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» буд.
Тавре ки мушоҳида мегардад, ҳоло дар ҷомеаи мо насли нави соҳибистеъдод, илму донишдӯст ва фарҳангпарвару забондон ба камол расида истодааст ва мо бояд онҳоро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ намоем». Тавре ки пайдост, ин нуқта ҳам ба асолатмеҳварии Паём ишора мекунад ва дар он «тақвият бахшидани- ҳувияти миллӣ», «ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон» аз ҳадафҳои муҳимтарини озмунҳои мазкур дониста мешавад. Хамчунин, то чӣ андоза таваҷҷуҳ доштани Сарвари давлатро, ки худ мубтакири ин озмунҳо ҳастанд, ба маънавиёту завқи зебоипарастӣ равшан мекунад.
Воқеан, озмунҳои мазкур, хусусан озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз соли аввали баргузорияш дар байни ҷомеа чунон ғулғулае афканд, ки ҳатто касони қаблан ба китобу адабиёт алоқа надошта бо шавқу рағбат рӯй ба он оварданд ва «аниси кунҷи танҳоии» худ донистанд.
Пешвои муҳтарами миллат зарурати ин озмунҳоро хуб дарёфта, хеле ба маврид онҳоро роҳандозӣ намуданд ва бори дигар дар Паёми навбатӣ ҳадафҳои озмунҳоро гӯшзад кардан ба ин маъност, ки мардум, хусусан ҷавонон, аҳамият ва моҳияташонро дурусттар дарк кунанду китобро ба ҳамдами умрбоди худ табдил диҳанд Дар маҷмӯъ, агар Паёмро нукта ба нукта бодиққат мурур кунем, хулосае ба миён меояд, ки ҳадафи меҳварии он равшаниву ободии хонаи мардум, сарсабзу шукуфонтар шудани кишвар, осудаҳолтару хотирҷамътар шудани пирон, ҳушмандтару худшиностар шудани ҷавонон ва саодатманд шудани тамоми мардуми тоҷик мебошад. Ин ҳадафҳо бо ҳадафҳое, ки адабиёти асил дорад, ҳаммаънову ҳаммаром буда, адибонро ҳам барои талошу такопӯи бештар савқ мебахшанд.
Вализода Фаррух – сармутахассиси шуъбаи муносибатҳои байналмилал ва мураттабсозии санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ
