Ахборот оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати ба амал баровардани адолати судӣ дар соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2022 (Бознашр аз санаи 21,01-2022))

Судҳои иқтисодӣ низ дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат нисбат ба ҳокимияти судиро гиромӣ дошта, ҷиҳати иҷрои муқаррароти Конститутсия, Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дастуру ҳидоятҳое, ки аз Паёмҳои Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, фаъолияти худро роҳандозӣ карда, баҳри иҷрои рисолати конститутсионии баамалбарории адолати судӣ бо ҳисси масъулият соли 2021-ро бо нишондиҳандаҳои зерин ҷамъбаст намуданд.

Натиҷаи омўзиш ва таҳлили омори фаъолияти судӣ дар самти ба амалбарории адолати судӣ собит месозад, ки ба судҳои иқтисодӣ 3 824 адад аризаҳои даъвогӣ (аризаҳо) ва шикояту дархостҳо ворид гардида, аз он 2 673 баррасӣ карда шудааст. Аз ҷумла, бо баровардани ҳалнома 1 718 парванда, истеҳсолот доир ба 130 парванда қатъ карда шуда, қабули 11 ариза рад, 181 аризаҳо бебаррасӣ мононда, 2 адад парванда аз рўи тобеият ва бо 1140 адад дигар қарорҳои судӣ қабул карда шудааст. Аз ҷониби суди марҳилаи кассатсионӣ 345 ва дар суди марҳилаи назоратӣ 297 парванда баррасӣ карда шудааст.

Шумораи бештари баҳсҳоро муносибатҳои қарзӣ ташкил медиҳад, яъне 460 парвандаро дарбар мегирад. 387 аризаву шикоятҳо нисбат ба мавриди баҳс қарор додани санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳо, амал (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ дигар мақомотҳо ва шахсони мансабдор, аз он 306 ададаш ба муносибатҳои замин дахлдор мебошад. 108 адад аризаҳо оид ба фаъолияти соҳибкорӣ, 157 даъвоҳо баҳсҳои байни саҳмдорони ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, аз нав ташкилдиҳӣ, ба қайдгириву барҳамдиҳии онҳо, 377 адад парвандаҳо доир ба иҷрои санадҳои судӣ рост меояд.

Давраи ҳисоботӣ зимни муроҷиат бо аризаҳои даъвогӣ (аризаҳо) ба судҳои иқтисодӣ шахсони воқеиву ҳуқуқӣ 2 507 846,34 сомонӣ ба буҷети давлат боҷи давлатӣ пардохт кардаанд.

Доир ба рўёнидани маблағҳои зарар ва қарзҳои бонкӣ дар ҳамин давра ба маблағи 254 264 720,31 сомонӣ талабот арз гардида, аз он 179 087625,79 сомонӣ талаби даъво қонеъ гардидааст.

Дар натиҷаи ҳамкорӣ бо Хадамоти иҷро ва дигар муассисаву ташкилотҳо тибқи маълумоти дастрасгардида дар давраи ҳисоботӣ иҷрои санадҳои судӣ ба андозаи 93 430 451,04 сомонӣ (бо дар назар доштани иҷрои санадҳои судии солҳои 2018-2021) воқеан ҳамчун маблағҳои боҷи давлатӣ ва маблағҳои зарару қарзҳои кредитӣ таъмин карда шудааст.

Риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» таҳти назорати қатъӣ қарор дошта, ба дастгоҳи судҳои иқтисодӣ дар соли 2021 – аз 580) муроҷиатҳои воридгардида, нисбат ба амалу рафтори судяҳо 74 адад муроҷиатҳо дахл дошта, нисбат ба амали 4 нафар судяҳо тадбирҷўи шудааст.

Қабули шахсони воқеиву ҳуқуқӣ дар рўзҳои шанбе ба таври доимӣ роҳандозӣ гардида, давраи ҳисоботӣ аз ҷониби роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ ва раисони судҳои поёнӣ 762 нафар анҷом дода шуда, арзу муроҷиатҳо шунида, ҳаллу фасл гардидаанд.

Вобаста ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» дар ин давра 5 мавод мавриди омўзиш қарор гирифта, аз натиҷаи онҳо ҷавоб ирсол гардидааст.

Доир ба иҷрои Барномаи давлатӣ оид ба таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон судҳои иқтисодӣ низ масъул буда, соли сипарӣ 301 парвандаҳоро дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ намуда, зимни муҳокимаи парвандаҳо дар 278 ҳолат вайронкунии қонун ошкор карда шуда, ҷиҳати бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба вайронкунии қонун оварда расонидааст, бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор таъинотҳои хусусӣ бароварда, барои чораҷўӣ ирсол карда шудааст.

Ҳамзамон, тариқи телевизион ва радиои марказию маҳаллӣ, дар вохўриву мулоқот бо аҳолӣ 966 маротиба баромадҳо, дар матбуот 125 ва дар сомонаҳо 213 мақолаҳои илмиву оммавӣ ба чоп расонидаанд.

Дар ин давра 20 ҷамъбасти амалияи судии баррасии парвандаҳо гузаронида шуда, барои бартараф намудани сабабу омилҳои ҳуқуқвайронкуниҳо, пешгирӣ ва ислоҳи камбудиҳои роҳ додашуда 16 пешниҳод ба мақомоти дахлдор ирсол гардидааст.

Баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ба аҳолӣ фаҳмонидани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда ва пешгирии қонунвайронкуниҳо 6 мурофиаҳои таълимии судӣ оид ба баррасии парвандаҳо тавассути телевизиони Тоҷикистон дар барномаи «Мурофиа» ба намоиш гузошта шудааст.

Бобати иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз шартномаҳои байналмилалӣ бармеоянд, соли 2021 ба судҳои иқтисодӣ ҳамагӣ 17 супориши судӣ ворид гардида, аз ин шумора 15 супориши судӣ ба иҷро расонида шуда, 2 супориши судӣ мавриди баррасӣ қарор доранд.

Ғайр аз ин, дар давраи мазкур ба судҳои иқтисодӣ 9 дархост дар бораи эътироф кардан ва ба иҷро расонидани ҳалномаҳои судҳои хориҷӣ ва арбитражи хориҷӣ (арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ ва судҳои ҳакамӣ) вориду баррасӣ гардидааст.

Сайқал додани сатҳи донишу малакаи касбии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо самти муҳими фаъолияти Суди Олии иқтисодӣ маҳсуб меёбад. Ҷиҳати ноил гардидан ба ин ҳадафҳо  мусоидат дар беҳтар гардидани сифати баррасии парвандаҳо, ҷорӣ намудани татбиқи дурусти меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ ва мурофиавӣ охири ҳар моҳ машғулиятҳои семинарӣ дар баробари омузиши мавзуъҳои гуногуни ҳуқуқӣ, ҳамзамон сабабҳои тағйирёбӣ ва бекоршавии санадҳои судӣ мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор гирифта,  давраи ҳисоботӣ 17 нафар судяҳои судҳои иқтисодӣ ва 13 нафар кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ ба бозомўзӣ ва 6 нафар корманди дастгоҳи суд дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2 нафар дар Маркази такмили ихтисоси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба такмили ихтисос фаро гирифта шуданд.

Доир ба риояи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба забони давлатӣ ба табъ расонида, барои истифодаи хизматӣ ба судяҳои судҳои иқтисодӣ дастрас карда шуданд.

Соли сипарӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо” қабул ва мавриди амал қарор гирифт.

Сомонаҳои судҳои иқтисодӣ бо мақсади саривақт ба ҷомеа расонидани иттилоот аз кори судҳо, инчунин таъмини шаффофияти кори судҳо дар шабакаҳои интернетӣ фаъол ҳастанд. Ҳамарӯза иттилооту навигариҳо оид ба фаъолияти судҳо, инчунин рўзи баррасии парвандаҳои иқтисодӣ, вохўрӣ бо аҳолӣ, дигар чорабиниҳои судҳои иқтисодӣ мунтазам дар сомона интишор карда мешаванд.

Почтаи электронии роҳбарият, судяҳо ва сардорони воҳидҳои сохтории Суди Олии иқтисодӣ дар сомонаи суд www.soi.tj ҷойгир карда шуда, судҳои иқтисодӣ баҳри роҳандозӣ намудани корбарии электронӣ бо шахсони иштирокчии парванда, дигар шахсони воқеӣ ва намояндагони шахси ҳуқуқӣ фаъолона корбарӣ менамоянд.

Инчунин, ҷиҳати фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ баҳри роҳандозӣ намудани низоми коргузории электронӣ дар судҳои иқтисодӣ лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба таъмини дастрасии иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, ҷорӣ намудани низоми коргузории электронӣ рабт доранд, омода гардида барои мувофиқа ба Вазорату идораҳои дахлдор ирсол карда шудааст.

Дар даромадгоҳи бинои Суди Олии иқтисодӣ монитор насб гардида, дар он оид ба вақти баррасии парвандаҳо, нақшаи қабули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҷониби роҳбарият ва судяҳо, инчунин эълонҳо ҷой дода шуда, система ба тариқи худкор иттилоотро иваз намуда, ба ин васила маълумотҳои болозикр дастраси шахсони воқеӣ ва намояндагони шахси ҳуқуқӣ гардонида мешаванд.

Давраи ҳисоботӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ дар мавзўҳои “Танзими ҳуқуқии баҳсҳои муфлисшавӣ ва барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ: назария ва амалия”, “Баррасии баҳсҳо оид ба масоили об дар судҳои иқдисодӣ”, “Судҳои иқтисодӣ дар меҳвари истиқлолият: Ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, ба амалбарории адолати судӣ дар асоси баробарҳуқуқии тарафҳо ва мубоҳиса” ва “Татбиқи қонунгузории соҳаи чарогоҳ дар амалия: вазъи кунунии мушкилотҳо ва дурнамо” баргузор ва натиҷагирӣ карда шуд.

Баробари дастовардҳои ёдрасгардида, дар фаъолияти баъзе аз судҳои иқтисодӣ камбудиҳо, аз ҷумла, бекоршавии санадҳои судӣ, дар муҳлатҳои бо қонун муқарраргардида таъмин накардани баррасӣ парвандаҳо, саривақт таҳия ва дастрас накардани санадҳои судӣ, протоколҳои маҷлиси судӣ, аз ҷониби судяҳои алоҳида риоя нагардидани талаботи қонунгузории амалкунанда ҳангоми баррасии парвандаҳо, ба иҷро нарасидани санадҳои судӣ ҷой доранд.

Ҳолатҳои зикргардида, аз судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ тақозо менамояд, ки бобати бартараф намудани норасогиҳо, беҳтару хубтар ташкил намудани кор дар судҳои иқтисодӣ, таъмини волоияти қонун ва баҳри ба амал баровардани адолати судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ, қонунияту адолат, таъмини мустақилияти судяҳо фаъолияти худро тақвият бахшем.

Аз ин рў вазифагузорӣ карда шуд, ки рисолати худро бо масъулияти баланди касбӣ иҷро карда, баррасии саривақтӣ, ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи парвандаҳои судиро ба роҳ монда, қарорҳои қонуниву асоснок қабул намоянд ва ба ин васила ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ташкилоту муассисаҳо, иҷрои саривақтии дурнамоҳо, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025), Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 ва ғайраро таъмин созем.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу