Хариду фурӯши одамон яке аз масъалаҳои мубрам ва доғи рӯзи ҷомеъаи имрӯза на танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон балки дар тамоми манотиқи дунё боқи мондааст. Тибқи моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошад.Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Яке, аз масъалаи муҳим, ки ба таъмини риояи ҳуқуқи инсон равона гакрдидааст, пешгири ва муқовимат бо савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон ба шумор меравад. Сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат бо савдои одамон бо назардошти вазъияти дохилӣ ва берунии муқовимат ба савдои одамон, ҳолати воқеӣ, тамоюл ва пешгириии афзоиши ин намуди ҷинояткорӣ, инчунин ҳолати расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки ба мубориза бар зидди ҷинояткории муташакилонаи трансмиллӣ, савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одам равона шудаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои муқовимат ва пешгири намудан ба муқобили чунин ҷиноятҳо бо якчанд Конвесияҳо ва протоколҳо ва созмонҳои байналхалқӣ то имрӯз ҳамкорӣ дорад. Аз ҷумла;
Бо Конвенсияи байналмилалӣ оид ба мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон ва истифодаи онҳо барои фоҳишагӣ аз тарафи шахсони сеюм соли 1949, Протоколи иловагӣ ба конвенсия оид ба ҳуқуқи кудак, ки ба хариду фурӯши кудакон фоҳишагии кудакон ва шаҳвонияти кудакона аз соли 2000, Конвенсияи СММ зидди ҷинояткории муташакилонаи трансмиллӣ аз соли 2000, Протокол оид ба пешгири ва рафъи хариду фурӯши одамон хусусан занон ва кудакон ва ҷазо барои онҳо аз соли 2000, Протокол оид ба зидди воридкунии муҳоҷирон тавасути хушкӣ, баҳри ва ҳавоӣ аз соли 2000 ва ба созмони байналхалқии полиси ҷаҳонӣ – Интерпол ва ғайраҳо
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар навбати худ дар дохили ҷумҳури оид ба мубориза бурдан ва пешгири намудани чунин намуди ҷиноятҳои хавфноки вафои аср як зумра нақша чорабиниҳо, сохторҳои алоҳида, маводҳои хониш ва тағйиротҳои назаррас дар кодекс ва қонунҳои ҷумҳурӣ қабул ва таъсис дода шудааст, ки бевосита дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳи дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтор ва шӯъбаҳои махсус оид ба муқобилият ба хариду фурӯши одамон таъсис дода шуда, аз ҳайати шӯъба ва сохторҳои мазкур гуруҳои кори тайёр намуда, барои ба ватан баргардонидани қурбониёни хариду фурӯши одамон сафар карда мешаванд.
Ҳамчунин ба кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи августи соли 2003 тағйироти нав ворид намудани моддаи 130 (1) хариду фурӯши одамон, ҳамчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба хариду фурӯши одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одам” аз 26 июли соли 2014 таҳти 1096 ки аз 48 модда иборат мебошад ва ҳамчунин илова бар он аз соли 2015 маводи дарси барои Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбии ҷумҳурии тавсия дода шудааст, ки зимни мутолиа ва азхуднамоии қонун ва маводи мазкур шахс худро аз қурбонии чунин ҷиноятҳо эмин нигоҳ медорад. Ҳамчунин аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарор “Дар бораи Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018” қабул карда шудааст, ки “Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018” тасдиқ карда шуда, вазорату идораҳои дахлдор иҷрои саривақтии бандҳои Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018-ро дар муҳлатҳои муқарраргардида таъмин карда, аз рафти иҷрои он ҳар нимсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор пешниҳод намоянд. Бадан нақшаи мазкур иловатан барои солҳои 2019-2021 қабул карда шудааст.
Боз қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи номгӯи ҷиноятҳои бо савдои одамон алоқаманд
Ба ҷиноятҳои бо савдои одамон алоқаманд ҷиноятҳои дар моддаҳои зерини Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда дохил мегарданд:
– одамрабоӣ (бандҳои “б” ва “в” қисми 3 моддаи 130);
- савдои одамон (моддаи 130(1));
- ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ (банди “б” қисми 3 моддаи 131);
- савдои кӯдакон (моддаи 167);
- истифодаи ноболиғ бо мақсади истеҳсол намудани мавод ё предметҳои порнографӣ (моддаи 241(2));
- ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми 3 моддаи 335);
- ташкили воридшавии ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ташкили гузариши транзитии ғайриқонунӣ ба воситаи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми 3 моддаи 335(1));
- ташкили муҳоҷирати ғайриқонунй (моддаи 335(2));
- тасарруф ё вайрон кардани ҳуҷҷат, штамп, муҳр (қисми 3 моддаи 339;
- соҳтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани хуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ (қисми 3 моддаи 340).
Бештар қурбониёни чунин ҷиноятҳо шаҳрвандони давлатҳои тараққи накарда ва камбизоат аз ҳисоби соҳаҳои молиявӣ, иқтисодӣ фарҳангӣ ва тандурустӣ ба ҳисоб мераванд, ки мардон ва занони он минтақаҳоро бо роҳи фиреб ё суистифода аз бовари ба давлатҳои тарақиёфтаи дунё бурда бо мақсадҳои гуногун истифода мебаранд. Тибқи нишондодҳои коршиносони ин соҳа ҷинояткорони ҳамин соҳа бо мақсадҳои зерин ҳамин кирдоро содир менамоянд, ки мақсади асосии онҳо ба даст овардани даромади муфт мебошад.
1). Бо мақсади амалҳои шаҳвонӣ (Занон)
2). Бо мақсади гирифтани ягон узв ва ё бофтаҳои бадан (кудаон)
3). Бо мақсади ҷалб намудан ба меҳнати маҷбурӣ (мардон)
Тибқи нишондодҳои Созмони амнияти ҳамкорӣ дар Аврупо ҳамасола қурбониёни чунин ҷиноят ба ҳудуди мамлакатҳои Аврупо аз 200 то 500 ҳазор, Федератсияи Россия 40 ҳазор ва тибқи нишондодҳои Департаменти ИМА ба мамлакатҳои ИМА зиёда аз 700 ҳазор ворид мегарданд. Ҳамчунин айни замон дар дунё зиёда аз 27 миллион шаҳрвандон ҳамчун ғулом истифода бурда мешаванд, ки дар маҷмӯъ ҳамасола 4 миллион шаҳрвандон қурбонии савдои одамон мегарданд.
То имрӯз аз тарафи аксарияти давлатҳои дунё барои мубориза бурдан, пешгири намудан ва решакан намудани чунин намуди ҷиноятҳо як қатор созмонҳо, конвесияҳо, протоколҳо ва шартномаҳо таъсис ва қабул карда шудаанд ки саҳми назараси худро гузошта истодаанд.
Инчунин ҳамасола дар тамоми дунё рӯзи 30-юми июл ҳамчун рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди савдои одамон ҷашн гирифта мешавад.
Котиби маҷлисӣ суди : Раҳмонова Р.Ҳ.