Эълон: Озмун Барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ

Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барои ишғоли мансабҳои зерини холии маъмурии хизмати давалтӣ озмун эълон менамояд:

 Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 14 ҷой

– Муовини сардори раёсати коргузорӣ ва назорат – маоши вазифавӣ 2256,80 с.

– Мудири бахши омор ва ҷамъбасти амалияи судӣ; маоши вазифавӣ 1519 с.

– Сармутахассиси раёсати таъмини ташкили кори судҳо ва баррасии муроҷиатҳо; маоши вазифавӣ 1240 с.

– Сармутахассиси шуъбаи муносибатҳои байналмиллалӣ ва мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ; маоши вазифавӣ 1380 с.

– Мутахассиси пешбари бахши кадрҳо ва корҳои махсус; маоши вазифавӣ  1124,70 с.

– Мутахассиси пешбари раёсати коргузорӣ ва назоратӣ; маоши вазифавӣ 1124,70 с.

– Мутахассиси пешбари раёсати таъмини ташкили кори судҳо ва баррасии муроҷиатҳо; маоши вазифавӣ – 1124,70 с.

-Мутахассиси пешбари бахши омор ва ҷамъбасти амалияи судӣ-маоши вазифавӣ 1124,70 с.

– Котиби марҳилаи кассатсионӣ; маоши вазифавӣ  924,60 с.

– Котиби маҷлиси судӣ – 5 нафар. маоши вазифавӣ  924,60 с.

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе – 1 ҷой

– Котиби маҷлиси судии. маоши вазифавӣ  800,40 с.

Суди иқтисодии вилояти Хатлон –2 ҷой

– Сардори шуъбаи коргузорӣ ва назорат.  маоши вазифавӣ 1593,40 с.

– Котиби маҷлиси судӣ. маоши вазифавӣ 800,40 с.

Суди иқтисодии вилояти Суғд –  3 ҷой

– Котиби маҷлиси судӣ – 3 нафар.  маоши вазифавӣ 800,40 с.

Суди иқтисодии ВМКБ – 2 ҷой

– Котиби маҷлиси судӣ – 2 нафар.  маоши вазифавӣ  800,40 с.

Талаботҳои тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, донистани як забони хориҷӣ афзалият дода мешавад;

– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

– кор карда тавонистан бо компютер, ҳадди ақал бо барномаи word ва кор карда тавонистан бо барномаи Excel афзалият дода мешавад;

– дигар талаботҳои тахассусӣ бо назардошти хусусиятҳои соҳа дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ҳатмӣ мебошанд.

АЗ ДОВТАЛАБОН ҲУҶҶАТҲОИ ЗЕРИН ТАЛАБ КАРДА МЕШАВАД.

 – ариза ба номи Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 адад акси 4х6 (маълумоти шахсӣ ва фаъолияти меҳнатӣ дақиқ ва фаҳмо нишон дода шавад);

– шарҳи ҳол;

– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

– маълумотномаи дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038 УЕ);

– нусхаи гувоҳиномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

– маълумот дар бораи даромад ва вазъи мол;

– нусхаи шиноснома;

– нусхаи билети ҳарбӣ

– дархост оид ба доғи судӣ надоштан аз Сармаркази иттилооти ВКД ҶТ;

– маълумотнома (объективка) дар шакли хаттӣ ва электронӣ.

Эзоҳ: Ҳуҷҷатҳо аз тарафи комиссияи қабул дар нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ-37 дар ошёнаи якуми бинои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 18 феврали соли 2022 қабул карда мешавад.

Напечатать страницу Напечатать страницу