Санаи 7 январи соли 2022 дар ноҳияи Спитамен маҷлиси ҷамъбастии фаъолон оид ба рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар соли 2021 баргузор гардид. Дар маҷлис роҳбари дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Ҷамшед ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иштирок намуданд.
Ҳамчунин, дар кори маҷлис Раиси ноҳия, муовинони Раисис ноҳия роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту идораҳо, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҷавонон, занон ва дигар масъулин иштирок намуданд.
Дар доираи кори маҷлис оид ба нишондихандаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар соли 2021 ҳисобот ироа гардид.
Дар рафти маҷлис аз масъулини соҳаҳо пурсиш ба амал оварда шуда, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар соли 2021 ва вазифаҳои барои соли 2022 дода шуд.
Масъулин муваззаф шуданд, ки камбудиҳои ҷориро саривақт бартараф намуда, ҷиҳати таъмини пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ тадбирҳои судманд амалӣ намоянд.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ
Напечатать страницу


