
Санаи 30 декабри соли 2021 роҳбари дастгоҳи Суди олии иқтисодии Ҷумхурии Тоҷикистон Каҳҳорзода Ҷамшед бо ҳамроҳии Раиси ноҳияи Спитамен Нӯмонзода Темурҷон, иҷрокунандаи вазифаи раиси суди иқтисодии вилояти Суғд Исмоилзода Раҳмоналӣ ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Исомаддинзода Саидамин тарбиятгирандагони интернати назди муассисаи таълимии ноҳияро аёдат намуданд.
Иқдоми мазкур дар партави ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба дастгирии ниёзмандон ва шахсони бепарстор дар иду ҷашнҳо аз ҷониби Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Соли нави мелодӣ роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз он дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбат ба насли наврас маҳсуб меёбад.
Масъулин тарбиятгирандагонро бо Соли нав табрик намуда, таъкид доштанд, ки ятимон ҳамеша дар меҳвари таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷиҳати дастгирии онҳо пайваста тадбирҳои судманд амалӣ мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки дар интернати назди муассисаи таълимии ноҳия 26 нафар наврасони ятиму бепарастор умр ба сар мебаранд, ки пайваста таҳти ғамхориҳои роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ қарор дошта дар арафаи иду ҷашнҳо кумакҳо расонида мешаванд.
Ба тарбиятгирандагон туҳфаҳои солинавӣ ва либосҳои варзиши тақдим гардид.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ
Напечатать страницу



