Санаи 28 декабри соли 2021 Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадтақӣ Собирӣ мулоқот анҷом доданд.
Мулоқот дар замимаи ёддошти сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе роҷеъ ба дархости мулоқоти сафири ин кишвар бо Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода М.С баргузор гардида, дар он гуфтугӯ ва табодули назар дар хусуси “Бонки Кафолат” доир гардид.
Дар идома тарафҳо доир ба марҳилаи нави муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Исломии Эрон суҳбат намуда доир ба фарҳанг, забон, таърих ва тамаддуни якхела ин ду кишвар табодули афгор намуданд.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ
Напечатать страницу

