МИЗИ МУДАВВАР: дар мавзӯи «Зарурат, ҳадафҳои асосӣ ва аҳамияти таърихии ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қонунгузории дигар».

Дар доираи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои солҳои ‎‎2009-2019, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009, №253 тасдиқ шудааст, ҷиҳати таъмини иҷрои бандҳои 15 ва 41 Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2017, таҳти № 7 бо мақсади вусъат бахшидан ба пешбурди корҳои фаҳмонидадиҳӣ доир ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қонунгузории дигар, санаи 08 сентябри соли 2017 соати 09-00 дақиқа дар бинои КВДК «Кохи матбуот»-и вилояти Суғд, дар мавзӯи «Зарурат, ҳадафҳои асосӣ ва аҳамияти таърихии ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қонунгузории дигар, мизи мудаввар баргузор гардид.

Мизи мудаввар дар иштироки Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қаландарзода Мавлюда Сатторӣ, Роҳбари дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қаҳҳорзода Ҷамшед, роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Суғд баргузор гардида, дар кори он иҷрочиёни суди иқтисодии Раёсати адлияи вилояти Суғд, донишҷуёни факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, донишҷуён аз филиали Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд  ва донишкадаи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд фаъолона иштирок намуданд.

Дар оғози кори мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳӣ и.в.Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Раҷабзода М. баромад намуда, роҳбарияти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамаи иштироккунандагони мизи мудавварро бо ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташриф ва баргузор намудани чунин чорабинии муфид ва аҳамиятнок изҳори сипос намуд.

Сипас, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қаландарзода М.С. баромад намуда, мақсади баргузории мизи мудавварро фаҳмонида додани муқаррароти асосӣ ва рукнҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва тағйиру иловаҳо ба он, зарурат ва аҳамияти тағйиру иловаҳои дахлдор ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ арзёбӣ намуда, ба доираи васеи аҳолии кишвар фаҳмонида додани муҳимияти Қонунҳоро, тарғиби сару либоси миллӣ ва пешгирӣ намудани пӯшидани либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, махсусан аз ҷониби фарзандон ва оилаҳои шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ ва ғайраро ҳадафи асосии мулоқот ҳисобиданд.

Дар баромади пурмазмуни худ Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд, ки то  қабули қонун вазъи гузаронидани маросимҳои мардумӣ бисёр ташвишовар буд. Бо сабаби густариш ёфтани зоҳирпарастӣ ва паст гардидани сатҳи маърифати динии шаҳрвандон бисёр ҷашну маъракаҳои миллӣ ва маросимҳои динӣ, ки бояд дар доираи хонавода ва наздикон сурат гиранд, ба маъракаҳои пурдабдабаву серхароҷот, бо исрофкорию тақлидкориҳо ба сарчашма ва омилҳое табдил меёфт, ки ба афзоиши камбизоатӣ мусоидат намуда, ба манфиатҳои иқтисодию иҷтимоии мардум зарари ҷиддӣ ворид менамуданд.

Ҳамчунин дар мизи мудаввар вобаста ба тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба дар ҳолати мастӣ идора кардани воситаҳои нақлиёт, инчунин оиди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» марбут ба манъ будани ҳозиршавии муҳассилин ба муассисаи таълимӣ бо воситаҳои нақлиёти механикӣ, суханронӣ намуданд.

Дар интиҳо Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қаландарзода М.С. иштирокдорони мизи мудавварро бо ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар табрик намуданд.

Ғайр аз ин дар рафти мизи мудаввар судяи суди иқтисодии вилояти Суғд -Носирӣ Ҷ. дар мавзуи «Истиқлолият таҳкимбахши мустақилияти судҳо», судяи суди иқтисодии вилояти Суғд -Ниёззода  М. доир ба  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, баромадҳо намуданд.

Дар саволу ҷавобҳои доиргашта донишчуён ва дигар иштирокчиён фаъолона иштирок намуданд.

Маркази матбуоти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Напечатать страницу Напечатать страницу