Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ марҳилаи нави давлатдориро соҳиб гашт, ки раванди рушди он аз Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Қабул шудани истиқлолияти давлатӣ дар мамлакат шароит муҳайё намуд, то ки низоми идоракунии сезинагии шохаи ҳокимияти давлатӣ ташкил карда шуда, гуногунандешии сиёсӣ кафолат дода шавад. Суд дар низоми мақомоти давлатӣ шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ унвон карда шуд, ки он аз ҷониби суд ва аз номи давлат бароварда шуда, адолати судиро аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ ва баҳсҳо вобаста ба мутобиқати меъёрҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебароранд.
Албатта дар низоми идоракунии давлатӣ ҳеҷ як давлат бе ниҳоди судӣ арзи вуҷуд карда наметавонад, ба он чун воситаи таъмини адолату ҳақиқат ниёз дорад ва аз ин рӯ дар ин ё он шакл низоми судии худро ҳамчун сохтори муҳим ва таркибии худ ба роҳ мемонад. Суд шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ буда, мувозинати шохаҳоро бо истифодаи принсипи мувозинат ва боздорӣ таъмин намуда, намегузорад, ки ҳеҷ як шохаи дигар ваколати ҳокимияти худро сӯистифода намояд.
Ҳокимияти судӣ – низоми мақомоти махсуси ҳокимияти давлатӣ ва амаликунандаи адолат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, яке аз шаклҳои асосии фаъолияти давлат ҷиҳати баамалбарории адолати судӣ мебошад. Адолати судӣ, пеш аз ҳама, сохти ҷамъиятӣ, давлатӣ, тамоми шаклҳои моликият, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳуқуқҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, дигар ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсии шаҳрвандон, корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳои дорои шаклҳои гуногуни моликиятро аз ҳама гуна сӯйиқад муҳофизат менамояд. Вобаста ба ин адолати судиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон судҳои муташаккил ба амал мебароранд.
Мутобиқи моддаи 84 Конститутсия ва моддаи 3 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 26 июли соли 2014 таҳти №1084 низоми ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе ташкил медиҳанд.
Низоми ягонаи мақомоти судиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон судҳои салоҳияташон умумӣ ва махсус ташкил медиҳанд. Низоми судҳои умумиро Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ намуда, аз Суди Олӣ, судҳои вилоятӣ, судҳои шаҳру ноҳияҳо иборат мебошад. Дар баробари онҳо судҳои салоҳияташон махсус, аз қабили: Суди конститутсионӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои иқтисодии вилоятҳо ташкил карда мешаванд. Аз ин ҷо бармеояд, ки Суди Олии иқтисодӣ ба низоми судҳои салоҳияташон махсус шомил буда, он баҳсҳое, ки мазмуни молумулкӣ ва характери иқтисодӣ доранд, мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
Дар аксарияти давлатҳои пешрафтаи ҷаҳони мутамаддин бештари баҳсҳо дар мақомоти суд ҳал карда мешаванд. Бо ривоҷ ёфтани шаклҳои гуногуни моликият ва рушди соҳаи иқтисодӣ дар ин давлатҳо аз он ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам баҳсҳое пайдо мешаванд, ки мазмуни молумулкӣ ва иқтисодиро дошта, ба муносибатҳои пуливу молӣ, қарз, соҳибкорӣ ва тиҷорат вобастагӣ доранд. Баҳри саривақт ҳал намудани чунин гуна баҳсҳо судҳои иқтисодӣ таъсис дода шуданд, ки аҳамияти хоссаро ҳамчунин дар низоми судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон касб намуда, мавқеи муайянро ишғол менамоянд.
Саҳифаҳои таърихро назар афканем, то қабули Конститутсияи соли 1994 баҳсҳои хоҷагии корхонаву ташкилотҳоро мақоми махсус – суди арбитражӣ ҳал мекард. Ҳоло бошад, хушбахтона дар низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин навъи суд – суди иқтисодӣ амал мекунад, ки ба ҳалли масъалаҳои соҳаи иқтисодӣ машғул мебошанд. Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми судӣ мақоми олии судӣ доир ба ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ ва парвандаҳои дигаре, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ алоқаманданд, инчунин парвандаҳои дигари аз ҷониби судҳои иқтисодӣ баррасигардида ба ҳисоб рафта, назорати судиро аз болои фаъолияти Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе оид ба парвандаҳои иқтисодии дар тобеияти онҳо буда амалӣ менамоянд.
Дар давраи Истиқлолият дар тамоми соҳаҳои иқтисодии кишвар гардиши куллӣ ва дигаргуниҳои назаррас ба вуқӯъ пайваста дар баробари дигар соҳаҳо соҳаи иқтисод низ рушду нумӯъ намуд. Иқтисодиёти кишвар давоми солҳои истиқлолият дар доираи се ҳадафи стратегӣ, яъне истиқлолияти энергетикии давлат, баромадан аз бунбасти комуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории мардум бо маром рушд ёфта, дар мамлакат садҳо иншоотҳои аҳамияти иқтисодию иҷтимоӣ дошта бунёд гардиданд, ки имрӯзҳо самараи худро дода истодаанд. Ҳамзамон ислоҳоти иқтисодӣ ва ислоҳоти ҳуқуқӣ идома ёфтанд, ки ба рушди бемайлони ин ду соҳаи муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ мусоидат намуданд.
Дар натиҷаи дигаргун шудани сохти давлатдорӣ ва гузаштан ба иқтисодиёти бозоргонӣ ҷои нақшаро шартнома гирифт, ки омили асосии пешбурди иқтисоди бозоргонӣ ба ҳисоб мерафт. Бо мурури замон муносибатҳои иқтисодии ҷамъият низ куллан тағйир ёфтанд. Ҳукумати Тоҷикистон бо дарки аниқи қонуниятҳои иқтисоди бозоргонӣ таъсис ва рушди системаи судии иқтисодиро ба миён гузошт.
Имрӯзҳо тибқи қонуни констиутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи судии кассатсионӣ ва назоратӣ амал мекунад. Таъмин намудани қонуният ва адолат аз ҷониби ҳокимияти судҳои иқтисодӣ шарти муҳимтарини пешрафти иқтисодии мамлакат ҳисобида шудааст.
Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз раис, муовини якум, муовинони раис ва судяҳо иборат аст. Шумораи судяҳои ин судро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад. Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон зинаи олии судӣ буда, дар ҳайати Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум, муовини ӯ, котиби Пленум ва судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад. Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои муҳимтарини фаъолияти судҳои иқтисодиро ҳал мекунад.
Давоми солҳои охир Кодекси мурофиавии иқтисодии мамлакат мунтазам такмил дода шуда дар таъмини адолати судӣ ва рушди муносибатҳои иқтисодии ҷамъиятӣ ва ба ин васила барои боло рафтани мақоми судҳои иқтисодӣ дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар мусоидат карда шуданд. Фаъолияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои Истиқлолият маҳз бо мақсади баланд бардоштани сифати адолати судӣ ва таъмин намудани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар соҳаи иқтисодиёт равона карда шудаанд, ки дар раванди рушди нишондиҳандаи иқтисодӣ нақши муҳим дорад.
Судҳои иқтисодии мамлакат ҳамчун дастоварди даврони истиқлолият дар оянда низ баҳри боз ҳам устувору мустаҳкам гардонидани ҳаёти иқтисодии кишвар, таъмини волоияти қонун дар соҳаи соҳибкорӣ, ҳамчун бахши муҳими иқтисод ва ба ин васила баҳри рушди иқтисодии Тоҷикистон ва истиқлолияти давлатӣ фаъолият мебаранд.
Котиби маҷлиси судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирова Нодира Иномҷоновна
Напечатать страницу