Мизи мудаввар дар мавзӯи “Татбиқи қонунгузории соҳаи чарогоҳ дар амалия: вазъи кунунии мушкилотҳо ва дурнамо” мизи мудаввар баргузор гардид.

Санаи 26 – ноябри соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи Cуди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, судяҳо, ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ, намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Меликзода Г. Ҳ., Нурзода М., Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Холмуродов Э., Кумитаи давлатии идора замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Мирзо Н., КВД КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” Қаҳҳоров А., Кумитаи ҳифзи муҳоти зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: Ҷабборов Ш., Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: Ятимов М., Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Иргашев Т. О. дар мавзӯи “Татбиқи қонунгузории соҳаи чарогоҳ дар амалия: вазъи кунунии мушкилотҳо ва дурнамо” мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар қайд гардид, ки ба таври самаранок истифода бурдани чарогоҳҳо барои амалигардонидани ҳадафи давлатӣ, таъмини амнияти орзуқаворӣ мусоидат менамояд, дар ин самт барномаҳои рушди чарогоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 -2020 қабул ва мавриди татбиқ қарор гирифтанд.

Аз лаҳзаи ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Новобаста аз ин, дар раванди ҷудо кардани заминҳои чарогоҳ ва ҷиҳати истифодаи самараноки он як қатор мушкилӣ ба назар мерасанд.

Мушкилиҳо дар самти истифодаи чарогоҳ бо иштироки мутахассисони соҳа мавриди таҳлил ва муҳокима қарор дода шуда, дар натиҷа пешниҳодҳои муфид коркард ва барои ташаккули қонунгузории соҳа хулосаҳои муҳим бароварда шуданд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу