Конститутсия – сарчашмаи кафили ҳифзи судии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд

Баъди ба Истиқлолияти давлатӣ расидани Тоҷикистон, санаи 6-уми ноябри соли 1994 Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсияи худро дар райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Дар ин рӯз, халқи Тоҷикистон, бо вуҷуди вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва нобасомониву мушкилоти солҳои аввали истиқлолият, бо камоли масъулияти шаҳрвандӣ, дарки қарзи ватандорӣ ва такя ба арзишу муқаддасоти таърихиву фарҳангии худ аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро кабул карда, бо чунин икдоми таърихӣ орзую ормонхои чандинасраи ниёгони хешро амалӣ намуд. Дар таърихи бисёрасраи давлатдории тоҷикон аввалин маротиба дар Конститутсия эълон карда шуд, ки халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи хокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Коститутсияи худ давлати иҷтимоӣ эълон гардида, уҳдадор шудааст, ки барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Дар тамоми кишварҳои мутараққӣ ва ҷомеаи мутамаддин инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ҷавҳари асосии сиёсати давлатро ташкил медиҳад.

Мардуми Тоҷикистон ҳангоми қабули аввалин Конститутсияи худ ба ҳайси халқи соҳибихтиёр, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон намуда, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин низоми мақомоти салоҳиятдорро дар ин самт муайян ва муқаррар намуданд.

Конститутсия – қонуни олии давлат аст, ки ба ҳар як шахрванди Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои васеъро кафолат дода, ҳуқуқу ухдадорихои ҳар як шахсро муайян мекунад ва дар ин асос ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судиро амалӣ менамояд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои асосии ҷамъиятиву давлатиро дар бар мегирад. Чунончӣ, асосҳои сохтори конститутсионӣ, рамзҳои давлатӣ, забони давлаттӣ ва пойтахти давлат, кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои ташкилии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, салоҳият ва муносибатҳои мутақобилаи онҳо, сохтори марзию маъмурии давлат ташкил медиҳанд.

Маҳз, боби дуюми Конститутсия ба масъалаҳои ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст, ки аз ҳисси баланди инсондустии мардуми тоҷик шаҳодат медиҳад. Кафили ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд будани Конститутсия ин пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки Конститутсия эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Волоияти ҳуқуқии он чунин маъно дорад, ки қонунҳо ва дигар асноди меъёрии ҳуқуқӣ набояд ба Конститутсия ихтилоф дошта бошанд. Тавре дар моддаи 10-уми Конститутсия омадааст: “Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд”.

Инчунин, аз моддаи 5-уми Конститутсия бармеояд, ки “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд.

Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд”.

Меъёри зикршуда чунин маъно дорад, ки давлат эътирофкунанда, риоя ва ҳифзкунандаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон буда, ба тариқи расмӣ бо санади аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумхалқӣ қабулшуда, уҳдадорӣ гирифтааст.

Ҳокимияти давлатӣ амалишавии худро дар таҷзия ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ муқаррар намуда, ба ҳар як шохаи ҳокимият дар доираи ваколатҳои пешбинӣ намудаи Конститутсия вазифаҳоро оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд вогузор намудааст. Нишонаи олии ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ин аз ҷониби мақоми ҳокимияти судӣ ҳифз намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Зеро, дар моддаи 19-и Конститутсия омадааст: “Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд.

Ҳеҷ касро бе асоси қонунӣ дастгир, ҳабс кардан мумкин нест. Ҳар шахс аз лаҳзаи дастгир шудан метавонад аз ёрии адвокат истифода кунад”.

Конститутсия ва қонунҳои конститутсионии ҷумҳурӣ шакли ташкил, фаъолият ва вазифаҳои асосии ҳокимияти судиро муайян ва ба танзим даровардааст. Ҳамзамон, аз Конститутсия бармеояд, ки ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассиса ва қонунияту адолатро ҳифз мекунад.

Адолати судиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ менамоянд.

Амалӣ намудани адолати судӣ бо баррасӣ намудани парвандаҳои ҷиноятиву маъмурӣ ва аризаҳои шаҳрвандон дар мурофиаҳои суди конститутсионӣ, гражданӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ ва оилавӣ ба миён меоянд.

Мақомоти судии кишвар ягона мақомоти махсускунонидашудаи давлатиест, ки вобаста ба салоҳият ва ваколатҳои муайяннамудаи Конститутсия ва қонунҳо пайваста ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту корхона ва қонунияту адолатро, ки кафолат додааст, ҳифз менамояд.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумори бузургтарин дастовардхои Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад, ки халқи моро ба сӯи бунёди ҷомеаи навин ҳидоят менамояд.

Муовини сардори раёсати коргузорӣ ва назорати Суди Олии иқтисодӣ Насруллозод Суҳроб Нурулло

Напечатать страницу Напечатать страницу