
Шоми имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои бошукуҳи идона ба ифтихори 26 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд иттиллоъ дод Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон.
Президенти мамлакат тамоми мардуми шарифи кишвар, сокинони пойтахт ва кулли ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати ҷашни мубораку муқаддаси умумимиллӣ – бистушашсолагии истиқлолияти давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар фарди худогоҳу худшиноси мамлакат бахту саодат ва дастовардҳои рӯзафзун орзу карданд.
Сарвари давлат зикр доштанд, ки истиқлолият ва озодӣ оғози марҳалаи сифатан нави таърихӣ гардид ва мо дар зарфи бисту шаш сол бо шарофати заҳмати софдилонаи халқ дар роҳи таъмини рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ба натиҷаҳои намоён ноил гаштем.
Баъд аз суханронии пешвои муаззами миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барномаи муҳташами фарҳангии ҳунармандону ҳаваскорон ва донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ баргузор гардид.
Барномаи театркунонидашудаи ҷашнӣ иборат аз суруду таронаҳо ва саҳнаҳои ҷолиби тараннумкунандаи арзишҳои волои миллӣ дар замони 26 соли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзури ҳозирин карда шуд, ки хеле ҷолибу диданӣ буд.
Мушакандозии бардавом анҷомбахши барномаи рангини консертӣ буд, ки хушу хотирмон сурат гирифт.
Дар ин тантанаҳои идона дар варзишгоҳи марказӣ роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳои суди иқтисодии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Напечатать страницу