Санаи 28-уми сентябри соли 2021 сардори раёсати коргузорӣ ва назорат Ҳусейнзода Ф.А., раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Абдуллозода Зебо, судяҳои суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода Зумрад ва Саидзода Зулфия дар мизи мудаввар дар мавзӯи “Иттиҳоди зан-судяҳо: таҳияи нақшаи амалҳо ва чорабиниҳо ҷиҳати тақвияти иқтидори кории он”, ки дар А меҳмонхонаи “Хаят” баргузор гардид, иштирок намуданд.
Мизи мудаввари мазкур идомаи чорабинии соли 2020 буда, дар доираи барномаи “Пешбарии нақши занон дар ҳаёти сиёси ва ҷамъиятӣ”-и САҲА дар Душанбе гузаронида гардид.
Ҳамоиши мазкур аз ҷониби Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) гузаронида шуда, мақсади асосӣ таъсис додани Ассотсиатсияи зан-судяҳо мебошад.
Дар чорабинии мазкур 23 нафар, аз ҷумла 17 нафар судя-зан, Сардори департаменти захираҳои инсонӣ Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), мушовири миллӣ оид ба масъалаҳои баробарии гендерӣ ва демократикунонии Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) иштирок намуда, масъалаи ташкил намудани Ассотсиатсияи зан-судяҳо, таҳияи нақшаи амалҳо ва чорабиниҳо ҷиҳати тақвияти иқтидори кори Ассотсиатсия муҳокимаронӣ карда шуда, аз натиҷаи муҳокимаронӣ ташкил намудани Ассотсиатсияи зан-судяҳо ба мақсад мувофиқ дониста шуд.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ