Таърихи куҳан ва сарвати бебаҳои илмиву фарҳангӣ ва адабии миллати бостонии мо бар пояи забони тоҷикй, ки дар даврони Рӯдакиву Фирдавсӣ бо номи забони форсии дарӣ ёд мешуд, бунёд ёфта ва дар, тӯли ҳазорсолаҳо наслҳои гуногуни халки моро ба ҳам пайвастааст. Гузашта аз ин, маҳз ба ҳамин забон осори аҷдодони бузурги мо – Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Берунӣ, Хайёму Саъдӣ, Ҷалолиддини Балхиву Ҳофиз, Низомиву Бедил, Ҷомиву Ҳилолб ва даҳҳо мутафаккирони дигар дар ганҷинаи фарҳанги тамаддуни башарӣ сабт гардида ва ба ҷаҳониён муаррифӣ шудааст.
Забои ҳамчун ҷузъи фарханги миллӣ сайру таърихи тӯлонӣ дорад. Таърих собит намудааст, ки гузаштагонамон ҳазорҳо сол пеш аз ин дороӣ як забои – забони ориёӣ будаанд. Бо мурури замон ва гузашти садсолаҳо аз шохаҳои забони ориёӣ дигар забонҳо вобаста ба давру замон ва макону маҳалҳо ба вуҷуд омаданд. Бо вуҷуди ҳамагуна тохтутозҳои бераҳмонаву ғораттарона, сухтору қатлу куштор, шикасту парокандагӣ ва хусумату таассубҳо соҳибзабонон тавонистанд бақою асолати забони тоҷикиро нигоҳ доранд ва онро аз таъсири дигар забонҳо наҷот диҳанд.
Аз таърих огахӣ дорем, ки дар тули садсолахо забони давлатдорӣ ва коргузории давлатҳои турктабори ғазнавиёну салҷуқиён, қарахониёну хоразмшоҳиён, империяҳои бузурги муғулии чағатоиёну темуриён ва туркони усмонӣ, шайбониёну аштархониҳо ва манғитиҳо забони форсӣ- тоҷикӣ буд. Сарварии ҳамаи марказҳои илмиву адабии аксари қитъаҳои Осиёву Ҳиндустон ва кисмате аз мамлакатҳои Аврупои Шарқиро то сарҳадоти Муғулистон ва қисмате аз Чину то сарҳадоти ҷанубии Россияро тоҷикон – форсзабонони соҳибфазлу соҳибмактаб сарварӣ ва раҳнамоӣ мекарданд. Пас, беибо хулосаи таърихй ин аст, ки забони тоҷикӣ дар тули ин солҳо дар баробари забони давлатдориву коргузорӣ, вазифаи васлгарии халқияту миллатҳои гуногунро низ ба ҷо овардааст.
Забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, тайи садсолаҳо бо вуҷуди мушкилиҳои зиёди пешомада зина ба зина ташаккул ва такомул ёфтааст. Давраи нави таърихи забони тоҷикй аз асрҳои VIII-IX мелодӣ оғоз ёфта, дар рушди меъёрҳои адабии ин забон нақши муҳим дорад. Дар оғози давраи мазкур забони тоҷикӣ (форсӣ ва ё форсии дарӣ) дар ахди Сомониён дар мақоми забони давлатӣ қарор гирифта, аз он давра ба баъд ин забон дар ҳама сабкҳои адабӣ рушд ёфтааст. Забони тоҷикии форсӣ бештар аз хазор сол яке аз бузургтарин забонҳои илмию байналмилалӣ ба шумор мерафт.
Махз бузургии забони дар тули ҳазорсолаҳо бо вуҷуди ҳамагуна душвориву мушкилиҳо то ба имрӯз ба ҷовидон мондаамон аст, ки имрӯз моро ба таъриху фарҳанги бостонамон пайвастааст. Мероси гаронбаҳои аз даврахои қадим, махсусан дар ахди Ҳахоманишиниёну Сосониён ва Сомониён махз тавассути забон ба ёдгор монда, нишонаи кадимию ҷовидонии он аст.
Осори бою гаронбаҳо ва пурарзиши адибону олимони фарзона, ҳамчун Рӯдакии Панчрӯдиву Фирдавсии Тӯсй, Абӯалй ибни Синои Бухороиву Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Абӯрайҳони Беруниву Бедил, Саъдиву Ҳофизи Шерозу Абдураҳмони Ҷомӣ, Шоҳини Хатлониву Аҳмади Дониш ва садҳои дигар тайи зиёда аз ҳазору сад сол ҷаҳони ботини инсониятро шахомати маънавй бахишда, дар масъалаи ба арши аъло расонидани забони тоҷикй саҳми муносиб гузоштаанд.
Боиси хушнудй аст, ки аз оғози даврони соҳибистиқлолии миллӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Сарвари Давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди забони давлатӣ, мақом ва истифодаи ҳамаҷонибаи он тадбирҳои муассир андешида шуданд. Таърих собит намудааст, ки устуворӣ ва пойдории хар миллату давлат пеш аз хама забони миллӣ аст. Миллату давлатҳое, ки дар давоми мавҷудияти таърихии худ бо тамаддун ва осори гаронбахо ба иллати аз даст додани рӯҳи миллии хеш, яъне забони модарӣ аз саҳифаи таърих дур шудаанд, кам нестанд.
Маҳви забои махви миллат ва миллатҳои соҳибзабон аст. Дар замони хатарҳои ҷаҳонишавй (глобализатеия) барои миллатҳо ва халқиятҳои хурду бузурги сайёра аз байн рафтани забони миллии халқу миллатҳои бузург, ба сифати забони давлатӣ ва коргузорй қабул намудани забонҳои ғайр бояд ба ҳар миллату миллатҳои соҳибзабон сабақи ҷовидонии таърихӣ бошад. Таъсиру нуфузи забонҳои муқтадир, майли беандоза ба забонҳои ғайр, таваҷҷуҳи аз меъёр зиёд ба технологиям пешрафтаи муосир метавонад омили эҷоди хатарҳои ҷаҳонишавӣ бошад.
Дар замони соҳибистиқлолии миллим кишварамон забони тоҷикй дар мақоми забони давлатӣ дар корҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ мақому мартабаи олӣ дорад. Ҳамчунин, забони давлатӣ омили муҳими иттиҳод ва ҳамбастагии миллатҳо ва халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.
Имрӯз бар дӯши забони тоҷикӣ вазифаи хеле пурмасъулият, яъне масъулияти забони давлатӣ вогузор шудааст. Он рамзи симо ва пайкари миллати мо мебошад, аз ин рӯ ин симо бояд зебо ва ин пайкар бояд тавоно бошад.