ҶАШНИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК БОД! – Шарипов Дилшод, корманди дастгоҳ

Забони давлатии Тоҷикистон нишони тамаддунофарии тоҷикони ҷаҳон, ҳастии миллати тоҷик ва яке аз пояҳои пешрафти илму тараққиёти Ватани азиз аст. Забони тоҷикӣ, ки сарнавишти беш аз чандинҳазорсола дорад, дар масири таърих борҳо ба шикасту хиёнатҳо дучор гаштааст, вале хушбахтона бо паси сар намудани тамоми имтиҳону озмоишҳои таърих тозагӣ ва беолоишии худро нигоҳ доштааст. Ба якояки мо маълум аст, ки бо мақсади такмил додани қонунгузорӣ 5-уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шудааст. Ин рӯз дар феҳрасти ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид карда шуда, ҳамасола дар қаламрави ҷумҳурӣ ид карда мешавад.

Мувофиқи меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад, Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода, ҳимоя ва рушди забони давлатиро таъмин менамояд, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, вазифадоранд барои омӯхтани забони давлатӣ ва такмили забондонии кормандон шароит фароҳам оранд, забони давлатӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад ва ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ҳатмӣ мебошад.

Воқеан бе мавҷуд будани забони мукаммали давлатӣ будани давлат ва рушду нумӯи онро тасаввур намудан ғайриимкон аст, чунки забон рукни асосии давлатдории ҳар миллат буда, мақому манзалат ва таъсири он дар ҷомеа ба ақлу хирад ва маърифати мардуми соҳибзабон вобаста аст.

Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои ширину форамшунав миёни дигар забонҳо ба шумор меравад. Фаромӯш набояд кард, ки маҳз дар замони истиқлоли давлатӣ ва бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ рушд намуда, сатҳҳои он мукаммал гардонида шудааст.

Имрӯз забони давлатӣ дар кишвари азизамон ба рамзи ҳамбастагӣ ва иттиҳоди воқеии тамоми сокинони Тоҷикистон мубаддал гардидааст. Инкишофи рушди забон нишондиҳандаи пешрафти миллат ва давлат аст. Ба ин мазмун дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доираи забони давлатӣ дар корҳои давлатдорӣ ва дар арсаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ вусъати бесобиқа ёфтааст.

Забон муҳимтарин унсури муайянкунандаи ҳастии миллат аст. Бинобар ин, саъю талош барои эҳёву рушд ва корбасти забони миллӣ ба ҳайси забони давлатӣ ва ҳатмӣ гардонидани риояи он дар тамоми ташкилоти муассисаҳои кишвари азизамон як амри комилан қонунӣ ва ниҳоят муҳим ба ҳисоб меравад.

Забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои қадимӣ ва пурқудрат аст, ки ҳастии тоҷиконро чун миллати сарбаланду мутамаддин тақвият медиҳад. Барои миллат ё мардум бо ҳама шукуҳу шаҳомат, расму анъана, маърифату фарҳанг ва ахлоқ дар забони зиндаи худ аксандозӣ мекунад. Дар баробари ин, забони халқро надониста, ӯро шинохтан мушкил аст.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Забон хишти аввалини кохи миллат аст. Таърих гувоҳ аст, ки агар забони миллӣ аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад”.

Аз ин рӯ, вазифаҳои ҳар фарди бонангу номус ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ аст. Зеро бузургтарин вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандӯст, ки ба фарҳангу забони худ эҳтиром мегузорад, поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани ин забони зебову шоирона мебошад.

 

Корманди дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов Д.А.

Напечатать страницу Напечатать страницу