Санаи 30 -юми сентябри соли ҷорӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар самти адолати судӣ ва ташаккули интегратсияи иқтисодӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнусия Форуми XI байналмилалии ҳуқуқии минтақаи Осиё ва Уқёнусия доир гардид. Дар он муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода З., судя Саид С. ва роҳбари дастгоҳи суд Қаҳҳорзода Ҷ. иштирок намуданд.
Форуми болозикр дар шакли онлайн баргузор гардида, дар он намояндаҳои мақомоти судӣ, арбитражӣ ва институтҳои дигари татбиқкунандагони адолати судӣ дар самти иқтисодии 16 давлати минтақаи Осиё ва Уқёнусия фаъолона иштирок намуда, дар он мавзӯҳои рӯзмарраи байналмиллалӣ дар сатми ҳамкорӣ риштаи ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ матраҳ карда шуданд.
Форуми XI байналмилалии ҳуқуқии минтақаи Осиё ва Уқёнусия бо сухани ифтитоҳии Раиси Суди Олии Федератсияи Россия Вячеслав Михайлович Лебедев оғоз гардида, муҳокимаи мавзӯҳо дар рӯҳияи сатҳи баланди касбият ва ҳамкорӣ идома ёфт. Дар он ба мавзуъҳои тарз ва воситаҳои мурофиавии ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнусия, ҳифзи судии ҳуқуқҳои муаллифӣ дар заминаи интегратсияи иқтисодӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуда, иштирокчиён бо маърӯза доир ба таҷриба онҳо вобаста ба мавзуҳои форум ва нуқтаҳои афзалиятноки қонунгузории миллии онҳо бо маърӯза баромад намуданд.
Ҳамчунин ба медиатсия – ҳамчун воситаи самараноки ҳалли тосудии баҳсҳои иқтисодӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, қайд карданд, ки он барои баланд бардоштани сатҳи самаранокии ҳамкории байналмиллалӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар анҷоми Форуми XI байналмилалии ҳуқуқии минтақаи Осиё ва Уқёнусия иштирокчиён изҳор доштанд, ки чорабинии мазкур ба натиҷаи дилхоҳ ноил гардид. Вусъат ва инкишофи ҳамкории байналмиллалӣ бо назардошти омилҳои гуногуни инкишофи иқтисодӣ дар сатҳи баланд сурат хоҳад гирифт.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ
Напечатать страницу