25 сентябр Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда бо мақсади шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои иловагии ҷашнӣ ба ноҳияи Спитамен сафар намуда бо ҳамроҳии раиси ноҳия Темурҷон Нуъмонзода нахуст аз корхонаи коркарди шири хушк дар ноҳия дидан намуданд.
Корхонаи коркарди шири қоқ, ки дар ноҳия сохта мешавад аввалин коргоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, дар баробари коркард ва истеҳсоли маҳсулоти шири, шири коқ истеҳсол менамояд.
Ҳамчунин, аз ҷараёни сохтмони фабрикаи ресандагии 25-солагии истиқлолият дидан намуданд. Дар корхонаи мазкур ҳоло насби таҷҳизотҳои ресандагии замонави идома дорад. Коргоҳи мазкур баъд аз ба истифода додан метавонад 300 нафар занону бонувони ноҳияро ба ҷои кори доими таъмин намояд
Қаландарзода Мавлуда зимни сафари хизматӣ бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-52 аз 30 марти соли ҷорӣ аз ҷараёхи таъмир ва навсозии Муассисаи давлатии таълимии литсеи касбӣ – техникии ноҳияи Спитамен дидан намуданд.
Чи тавре, ки қаблан иттилоъ дода бдем, бинои асосӣ таълимгоҳи мазкур соли 1930 сохта шуда аз 17 синфхона бо таҷҳизотҳояш барои касб омухтан фаъолият менамуд. Ғайр аз ин, аз бинои маъмурият, ошхона, амборҳо ва зали варзишии таълимгоҳ бозбини карда шуд.
Дар омӯзишгоҳи мазкур касбҳои тракторист бо донистани ронандагӣ, ронанда, ошпаз-қаннод, барномасоз, барқчӣ, дузанда ва кафшергар омӯзонида мешавад.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ
Напечатать страницу



